Главная / Илм / ҒАРМАШ

ҒАРМАШ

alcea-nudifloraҒАРМАШ (Alcea nudiflora), гулхайрии сафед, гиёҳест бисёрсола. Пояаш рост; аз 30 см то 2 м қад мекашад. Баргаш калон (дарозии думчааш то 20 см, бари паҳнакаш 3 – 18 см), мудаввар. Гулаш сафед, қифшакл. Тухмаш гурдашакли сиёҳтоб. Моҳҳои май – сент. гул карда, тухм мебандад.
Ғ. дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон мерӯяд. Бештар дар ҷангалзори паҳнбарг ва гармсер (шибляк), шибоғзори дашт, марғзори субалпӣ, нишебиҳои санглохи кӯҳ, боғ, киштзор, канори роҳ ва ғ. (800 – 3000 м аз с. б.) месабзад.
Теофраст, Дисқуридус, Плиний ва диг. Ғ. – ро доруи хуби сулфа ҳисобидаанд. Ба ақидаи табибони халқӣ Ғ. реш ва пучакҳоро мепазонад, варамҳоро таҳлил медиҳад. Барги тарашро кӯфта ба сар банданд, варами майна ва пардаи онро шифо мебахшад, барои бардамида шудани пилки чашм давои хуб аст. Онро кӯфта ба захмҳо гузошта банданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда шифо мебахшад. Агар ягон узв шикаста бошад, ба он кӯфта гузошта банданд, устухонро ба ҳамдигар пайваст мекунад. Агар Ғ.-ро дар об ҷӯшида, он обро ба сар бирезанд ё сарро бо он шӯянд, мӯи сарро нарм мекунад. Ва агар дар он об то ноф даромада шинанд, варами мақъадро таҳлил медиҳад. Тухми хушкашро кӯфта, бехта, бо оби ширгарм биошоманд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Кӯфтаи тухми Ғ.-ро дар об тар карда, он луобро бо шакар даромехта, нимгарм бихӯранд, сурфаи гарм ва хун қай карданро нафъ дорад. Пӯсти решаи Ғ. бисёр қавӣ аст. Агар онро дар об ҷӯшонида бинӯшанд, исҳолро мебандад. Иллати қулинҷ (колит)-ро шифо мебахшад. Решаи Ғ.-ро дар об ҷӯшонида дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандҳои шахшударо мулоим мекунад. Решаи хушки онро кӯфта, ордаки онро бо орди боқило даромехта, бо равғани хук сиришта, бар буғумҳо гузошта банданд, шах шудан ва варамҳои сахтро ислоҳ мекунад.
Бехи Ғ.-ро дар тибби бисёр давлатҳои ҷаҳон истифода мебаранд; асосан доруи балғамовар ҳисоб меёбад. Ҳангоми илтиҳоб ва қабзияти узвҳои нафас, роҳи пешоб, газаки меъдаву рӯда ва ғ. низ тавсия медиҳанд. Бехаш то 35% луоб, инчунин қанд, аспаргин ном модда ва ғ. дорад. Бехи Ғ.-ро баҳор ва тирамоҳ ғундошта, дар ҷои соя мехушконанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

botanika_6

Обсабзҳои сабзи якҳуҷайра (хламидомонада ва хлорелла)

Обсабзҳо гурӯҳи калони растаниҳои дараҷаи пастро ташкил мекунанд. Чунки, онҳо реша, поя ва барги ҳақиқӣ …