Хабарҳои охирин

ҒАДУДҲОИ АРАҚ

gadudhoi-arak

ҒАДУДҲОИ АРАҚ (Glandulae sudoriferae), ғадудҳои пӯст, ки арақи баданро ҳосил, ҷамъ ва ихроҷ менамоянд. Ғ. а. баҳри танзими ҳарорати организм аҳамияти калон дошта, ба ҷисм бӯи махсус медиҳанд. Вобаста ба тарашшӯҳ Ғ. а. апокринӣ ва мерокринӣ мешаванд. Ғ. а.-и апокринӣ калон буда, дар пӯсти зери каш (бағал), зери ноф, хоя, …

Муфассал »

ҒАДУДҲОИ БОЛОИ ГУРДА

glandula_suprarenalis

ҒАДУДҲОИ БОЛОИ ГУРДА (Glandula suprarenalis), ғадудҳои ҷуфти тарашшӯҳи дохилӣ, ки дар сари гурдаҳо ҷой гирифтаанд. Ғ. дар одам дар сатҳи мӯҳраи XI сина – мӯҳраи I камар, дар паси сифоқ воқеъ мебошанд. Ғадуди рост шакли секунҷа дошта, ғадуди чап ҳилолшакл аст. Ғ. ҳамроҳи гурдаҳо андаруни ғилофи чарбӣ (capsula adiposa) ҷой …

Муфассал »

ҒАДУДҲОИ НАЗДСИПАРШАКЛ

gadudhoi-nazdsiparshakl

ҒАДУДҲОИ НАЗДСИПАРШАКЛ (Glandulae parathyroideae), ғадудҳои усораи дохилӣ, ки паратгормон ҳосил мекунанд; паратгормон барои танзими мубодилаи фосфору калтсий дар организм аҳамияти калон дорад. Тарашшӯҳи паратгормон ба консентратсияи калтсий дар хун вобаста аст. Афзоиши миқдори калтсий дар хун ба ҳосил шудани паратгормон дар Ғ. н. таъсири манфӣ мерасонад ва баръакс, дар натиҷаи …

Муфассал »

ҒАДУДҲОИ ОБИ ДАҲОН

gadudhoi-obi-dahon

ҒАДУДҲОИ ОБИ ДАҲОН (Glandulae oris), ғадудҳое, ки луоби махсус – оби даҳон хориҷ мекунанд. Ғ. ду навъ мешаванд: калони ҷуфт (ғадудҳои баногӯш, зери ҷоғ, зери забон) ва хурд (ғадудҳои рухсора, лаб, забон, коми нарм ва сахт, дандони калони курсӣ). Вобаста ба усорае, ки ихроҷ мекунанд, Ғ. луобӣ, сафедавӣ ва омехта …

Муфассал »

ҒАДУДҲОИ УСОРАИ БЕРУНӣ

gadudhoi-usorai-beruni

ҒАДУДҲОИ УСОРАИ БЕРУНӣ, ғадудҳои экзокринӣ, ғадудҳое, ки маҳсули онҳо ба сатҳи пӯст ё ҷавфи бадан хориҷ карда мешавад. Ба Ғ. ғадудҳои арақбарор, ғадудҳои чарб, ғадуди зери меъда, ғадудҳои оби даҳон, ғадудҳои рӯдаҳо ва ғ. мансубанд. Вобаста ба сохти қисми ибтидоӣ (усоравӣ) Ғ. найчамонанд, хӯшашакл (ба хӯшаи ангур ё нок монанд …

Муфассал »