Главная / Илм / ҒАРҚ ШУДАН

ҒАРҚ ШУДАН

garki_obҒАРҚ ШУДАН, дар об ва баъзе моеъоти дигар фурӯ рафтани одам. Дар натиҷаи Ғ. ш. фаъолияти узвҳои зарурӣ сахт ихтилол меёбад (мас., системаи асаби марказӣ, узвҳои нафас, системаи хунгард ва ғ.). Аксар вақт одамон ҳангоми дар ҷойҳои кушод оббозӣ кардан ғарқ мешаванд. Мувофиқи маълумоти Федератсияи байналхалқии шиноварӣ ҳар сол дар ҷаҳон 250 – 300 ҳаз. наф. одамон, хоса ҷавонон, дар об ғарқ мегарданд.
Сабаби асосии Ғ. ш. тарс мебошад. Тарс, ки боиси ихтилоли вазнини рӯҳӣ ва диг. функсияҳои организм мегардад, бештар на ба хатари ҳақиқӣ, балки ба хатари хаёлӣ ва нобоварӣ ба худ вобаста аст. Одам ҳангоми омӯхтани шиноварӣ худро дар об метавонад озод нигоҳ дорад, ба тахтапушт, паҳлӯ ва шикам шино кунад.
Ҳарорати об ҳам хеле муҳим аст. Оби сард боиси ташаннуҷи рагҳои пӯст ва шуш, кашиши тӯлонии мушакҳои нафас мегардад. Дар натиҷа нафаскашӣ ва фаъолияти дил сахт халал ёфта, ба мағзи сар хун кам меояд, кас аз ҳуш меравад. Дар одами солим низ ҳангоми якбора ба об даромадан мумкин аст ҳолати шок рӯй диҳад (ин боиси зуд ба об ғӯтидан ва баъзан боиси марг мегардад). Чунин ҳодиса на танҳо дар оби хунук (ҳарораташ аз 16 – 180С паст), балки дар оби ҳарораташ нисбатан гарм (22 – 260С) низ ба амал меояд (агар одам дар офбтобрӯя ё аз кори ҷисмонӣ гарм шуда, баъд ба об даромада бошад).
Сабабҳои дигари Ғ. ш.: шино карда натавонистан, хастагӣ, нотобӣ, ҳангоми ба об андохтани худ зарб ёфтан, инчунин ихтилоли кори дил ҳангоми зери об дар чуқурии беш аз 1,5 – 2 м шино кардан (дар ин асно фишори гидростатикии афзоянда ба узвҳои дарун тазйиқ оварда, онҳоро аз ҷояшон баҷо мекунад). Ҳангоми мастӣ низ оббозӣ кардан хавфи зиёд дорад.
Ҷараёни тези об, гирдоб, тӯфон, бархӯрдан ба ашёи гуногун, наботот ва ҳайвоноти обӣ хатари Ғ. ш.-ро зиёд мекунанд. Обутоби организм ва иродаи қавӣ хавфи Ғ. ш.-ро нафақат дар шароити муқаррарӣ, балки дар шароити фавқуллода низ хеле кам менамояд.
Ғ. ш.-ро шартан ба «ҳақиқӣ», «хушк» (асфиксӣ) ва синкопӣ (иғмоӣ) ҷудо мекунанд. Ҳангоми ғарқшавии «ҳақиқӣ» роҳи нафас ва ҳубобча (алвеолаҳо)-ҳои шуш бо об пур шуда, об ба хун мегузарад ва таносуби намаку оби организм вайрон мешавад. Ба ин ҳолат, одатан, дар оби гарм одамоне, ки рефлекси ҳалқумашон заиф гаштааст, инчунин одамони маст гирифтор мешаванд. Ҳангоми Ғ.-и асфиксӣ дар натиҷаи роҳи нафасро бастани об ва ташаннуҷи устувори ҳалқ норасоии шадиди оксиген рӯй медиҳад. Ба Ғ.-и иғмоӣ ногаҳон аз кор мондани дил сабаб мешавад.
Марг мумкин аст дар ҳама мавридҳо фаро расад, мас., дар аснои ба об ғӯтидан, баъди аз об баровардани одам ё мустақилона баромадани ӯ (дар натиҷаи тағйироти илоҷнопазире, ки дар ҳуҷайраҳои мағзи сар аз сабаби норасоии шадиди оксиген, аз кор мондани дил, варам ва газаки шуш рӯй медиҳад) ва ғ. Барои муайян кардани сабаби марг ва ҳалли баъзе масъалаҳои махсус ҷасади одами ғарқшударо ҳатман аз муоинаи тиббии судӣ мегузаронанд. Аниқ кардани дар кадом вазъият ва чӣ гуна ғарқ шудани одам барои расонидани ёрии аввалин, ки баъзан ҳатто ҳангоми фаро расидани марги клиникӣ ҳам самари хуб медиҳад, хеле муҳим аст.
Барои наҷоти одами ғарқшуда ҳарорати обе, ки ӯ дар он ғарқ шудааст, аҳамияти калон дорад. Дар оби сард ҷисми одами ғарқшуда зуд хунук ва ҷараёни мубодилаи моддаҳо суст шуда, организмро ба норасоии оксиген устувор мегардонад (ин барои реаниматсия шароити мусоид фароҳам меорад).
Шахси ғарқшавандаро аксар шинокунон наҷот додан лозим меояд (ҳангоми набудани воситаҳои наҷотдиҳӣ, дур будан аз бунгоҳи наҷотбахшӣ ва ғ.). Бо ин мақсад наҷотдиҳанда бояд ҳамаи амалиётро зуд ва моҳирона баҷо орад. Аввал қад-қади соҳил то наздикии ҷое, ки одам ғарқ шудааст, давидан лозим аст. Баъд либосҳоро кашида ва зуд ба об даромада, сӯи ғарқшаванда шино бояд кард (ҳангоми шино намудан, қувваи худро низ эҳтиёт кардан лозим аст). Агар ғарқшаванда нопадид шуда бошад, пас ба қаъри об (дар дарё самт ва ҷараёни обро ба назар гирифта) ғӯта задан лозим меояд. Ғарқшавандаро аз даст, зери бағал, ё мӯи сараш дошта, бо ҳаракати пойҳо ё пойҳову як даст рӯи об мебароранд. Агар шахси ғарқшаванда дар рӯи об бошад, пеш аз ҳама ӯро осуда бояд кард. Дар сурати ором нагаштан, беҳтараш, аз қафо шино карда, ба ӯ наздик шудан лозим. Зеро дар чунин лаҳзаҳо ӯ якбора ба шахси наҷотдиҳанда мечаспад (барои наҷот ёфтан, бо ҳамроҳии ӯ каме зери об рафтан лозим, дар ин лаҳза вай аз тарс зуд дастонашро сар медиҳад).
Ба одами ғарқшудае, ки аз об баровардаанд, вобаста ба вазъи ӯ ёрӣ медиҳанд. Агар одам беҳуш нашуда бошад, ӯро таскин дода, либосашро мекашанд, баданашро нағз пок карда, либоси дигар мепӯшонанд; агар аз ҳуш рафта, вале набзаш дар задан бошад ва нафас кашад, ба ӯ спирти навшодирро бӯйонида, сари синаашро луч мекунанд; барои тезонидани нафаскашӣ забони ӯро кам-кам кашидан мумкин аст. Дар сурати кор накардани дил ва нафас накашидани одами ғарқшуда усулҳои оддии реаниматсияро ба кор мебаранд. Пеш аз ҳама зудтар роҳи нафаси ӯро аз об тоза кардан лозим. Барои ин осебдидаро бо шикам ба рӯи зону мехобонанд. Дар ин маврид сари ӯ ба поён овезон шуда, оби роҳи нафас ва меъдааш берун меояд. Баъд даҳони осебдидаро аз рег, лойқа, боқимондаи қай тоза карда, ба ӯ фавран нафаси сунъӣ медиҳанд. Нафасдиҳии «аз даҳон ба даҳон» ва «аз даҳон ба бинӣ» беҳтарин роҳ мебошад. Ҳангоми додани нафаси сунъӣ осебдидаро рӯболо хобонида, сарашро барои ҳар чӣ зиёдтар кушода шудани роҳи нафас ба қафо хам мекунанд. Нафаси сунъиро беҳтараш аз болои дока ё ягон матои нафис бояд дод. Вақти аз даҳон додани нафас, бинӣ ва ҳангоми аз бинӣ додани нафас, даҳони осебдидаро маҳкам карда, манаҳашро пеш мекашанд. Дар аснои додани нафаси сунъӣ дилро масҳ мекунанд, яъне баъди фиристодани ҳар нафас панҷ маротиба сари синаи осебдида зер карда мешавад.
Сарфи назар аз аҳволи одами осебдида бадан, дасту пои ӯро масҳ ва гарм кардан лозим аст.
Ин тадбирҳоро фавран баъди аз об баровардани шахс (дар соҳил, дар заврақ) то омадани духтур ё ба беморхона бурдани ӯ ба ҷо меоранд. Дар беморхона ба осебдида, агар лозим шавад, ба тавассути дастгоҳи махсус нафаси сунъӣ медиҳанд, дилашро масҳ мекунанд, дору мехӯронанд.
Сайёҳон, моҳидорон, хусусан аъзоёни Ҷамъияти аз об наҷотдиҳӣ бояд аз усулҳои ёрии аввалин ба ғарқшудагон огоҳ бошанд.
Барои дар об ғарқ нашудан, ба чунин қоидаҳо риоя кардан лозим аст: бе назорат нагузоштани кӯдакон, аз даруни заврақ, аз болои амад ба об напартофтани худ; дар ҷои мамнӯъ оббозӣ накардан. Дар ҳолати мастӣ, инчунин 1,5 – 2 соат пас аз таом, дар мавриди аз ҳад зиёд хаста ё рӯҳафтода будан оббозӣ кардан ҳаргиз ҷоиз нест. Баъди дар офтобрӯя дуру дароз нишаста гарм шудан, оббозӣ махсусан ба одамони солхӯрда ва гирифтори бемориҳои дилу раг хавфнок аст. Дар ҷои ношинос оббозӣ кардан, хусусан бо сар худро ба об партофтан, хатари калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …