Главная / Илм / ҒАДУДҲОИ ЧАРБ

ҒАДУДҲОИ ЧАРБ

gadudhoi-charbҒАДУДҲОИ ЧАРБ (Glandulae sebaceae), ғадудҳои пӯст, ки маҳсули онҳо мӯй ва сатҳи пӯстро равғанин мекунад. Ғ. ч. дар тамоми сатҳи пӯсти бадан ҷой доранд; адади онҳо хусусан дар пӯсти рӯй, сина ва тахтапушт бисёр аст. Қариб ҳамаи Ғ. ч. дар фолликулаҳои мӯй боз мешаванд. Дар сари олоти таносул, ғалафа, лабҳои хурди фарҷ, пистонаки ғадуди сина, дар пӯсти лаб ва канори даҳон онҳо бевосита дар сатҳи пӯст (эпидермис) кушода мешаванд. Ғ. ч. мансуби ғадудҳои муқаррарии шохарондаи алвеолавӣ буда, аз қисми усоравӣ ва маҷрои кӯтоҳи ихроҷӣ иборат мебошанд. Усораи Ғ. ч. (чарби пӯст) бухори об ва ихроҷи маҳсули дар об ҳалшавандаи мубодилаи моддаҳоро аз организм танзим намуда, барои ба пӯст роҳ ёфтани моддаҳои гуногуни муҳити берун монеъ мешавад, таъсири зидди бактериявӣ ва зидди занбӯруғӣ мерасонад.
Бемориҳои Ғ. ч. ба ихтилоли танзим ҳангоми амрози силсилаи асабҳои наботӣ, канорӣ ва марказӣ, касалиҳои сироятии пайдоишашон гуногун ва ғ. вобастагӣ доранд. Тасвир дар мақолаи Ғадудҳои арақ.
Ниг. низ Пӯст, Себорея, Рихинак.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …