Главная / Илм / ҒАРИЗА

ҒАРИЗА

instinktҒАРИЗА, инстинкт, рафтори модарзоди ҳайвоноту одам, ки барои мутобиқат дар шароити муайяни ҳаёт нигаронида шуда, зери таъсири эҳтиёҷи биологӣ (ғизо, алоқаи ҷинсӣ ва ғ.) рух менамояд. Ғ. аз омезиши ҷузъҳои модарзодӣ ва ғайримодарзодие, ки дар ҷараёни инкишофи фардии организм ҳосил шудаанд, иборат аст. Аз ин сабаб на дар бораи Ғ., балки дар бораи рафтори ғаризавӣ, ки онро ба дараҷаи кофӣ дар маҷмӯи умумии таассури рафтори ҳайвонот ҷудо кардан мумкин аст, сухан ронданро авлотар медонанд. Аз назари биологияи ҳозира Ғ. шакли модарзод ва қатъиян мутобиқкардаи рафтори ҳайвонот мебошад, ки зери таъсири эҳтиёҷи асосии биологӣ ба вуҷуд меояд. Ғ. таҷрибаи муфиди насли гузаштаи ҳамин намуди биологиро, ки дар аксуламали ҳайвонот амалӣ мегардад, инъикос мекунад. Аксуламал ба ҳосил кардани натиҷаи барои ҳамин ҳайвонот (ё умуман намуд) муфид нигаронида шудааст.
Тасаввурот дар бораи Ғ. замонҳои қадим низ ҷой дошт. Файласуфи Юнони қадим Хрисипп онро барои тавсифи рафтори парранда ва дигар ҳайвонот истифода бурдааст. Алоқаи Ғ.-ро бо сохти бадан ва силсилаи асабҳои ҳайвонот, инчунин «хусусияти автоматии» амалиёти онҳо мутафаккир ва духтури фаронсавӣ Ж. Ламетри қайд намудааст. Бо мурури замон тасаввурот нисбат ба Ғ. дигар мешуд. Мас., баъзе олимон Ғ.-ро оқибати редуксияи ақл (яъне суст шудани қобилияти фикрӣ) меҳисобиданд, бо ақидаи олимони дигар он, баръакс, мушобеҳи «ҷанин»-и ақл маҳсуб мешуд. Мувофиқи ақидаи Ч. Дарвин, Ғ. дар натиҷаи чун мерос қабул кардани хислатҳои дар ҷараёни фаъолияти оқилона бадастомада ва интихоби табиии хислатҳои тасодуфие, ки барои ҳамин намуди ҳайвонот муфиданд, ташаккул ёфтааст. И.М. Сеченов ва И.П. Павлов хусусияти рефлексии Ғ.-ро ошкор намуданд.
Қобилияти рафтори ғаризӣ аз насл ба насл мегузарад ва чунонки Дарвин қайд карда буд, хусусиятҳои ин амалиёти қатъиян барномавӣ ба ҳайвоноти намуди муайян мисли хусусиятҳои сохтори баданашон хос аст.
Гуногунӣ ва комилан салоҳ будани шаклҳои рафтори ғаризавие, ки дар табиат ба мушоҳида мерасанд, доимо яке аз ҳодисаҳои пурасрори ҳаёт маҳсуб мешуд. Чаро занбӯри асал орухона месозад ё тортанак тор метанад, инро фақат аз назари таълимоти эволютсионӣ дарк кардан мумкин аст. Ҳамаи мавҷудоти зиндаи сайёраи мо дар муддати миллионҳо сол ба чунин ҳодисаҳои такрорёбандаи табиат, монанди табдили фаслҳои сол ва шабу рӯз, дучор мегарданд; ҳайвон хона месозад, бо душманаш вомехӯрад ё аз он мегурезад, шарики ҳаёт меҷӯяд ва ғ. Зинаи аввали ин ҳодисаҳо аломате мебошад, ки организмро аз фаро расидани зинаи минбаъда огоҳ мекунад ва имкон медиҳад, ки мавҷудоти зинда ба он тайёрӣ бинад. Чунин қобилияти организмҳои зиндаро, ки ҳодисаҳои дар ояндаи наздик ё дур ба амал ояндаро ба назар гирифта, фаъолияти худро ба роҳ мемонанд, П.К. Анохин «инъикоси пешакии воқеият» номид. Таҳти таъсири интихоби табиӣ ҳамон ҳайвоноте ҷудо шуданд, ки қобилияти беҳтарини аз ҷиҳати генетикӣ ба нақша гирифта доштанд, аломатҳои барои ҳамин намуд муҳимми аз муҳити атроф расидаро мешинохтанд ва бо амалиёти зарурӣ ба онҳо ҷавоб мегардонанд. Ҳар гуна инҳироф дар ахборе, ки оид ба амалиёти ғаризавӣ ба мерос мегузарад, дар рафти таҳаввулот дучори санҷиши ҷиддӣ мегашт. Ҳайвоноте, ки ҳомили инҳирофи барои ҳамин намуд зарарнок бошанд, ҳалок мешуданд, вале инҳирофи муфид насиби ҳамаи намуд ва нишонаи хоси он мегардид.
Табиат ва сохтори Ғ. дар ширхӯрони дарранда беҳтар ба мушоҳида мерасад. Рафтори ғаризавӣ худ аз худ ба амал намеояд. Пеш аз ҳама бояд майл (ангеза)-и мувофиқи биологӣ вуҷуд дошта бошад. Мас., ҳангоми пайдоиши ҳисси гуруснагӣ ҳайвон муҳити атрофро фаъолона таҳқиқ мекунад, ба тавассути узвҳои ҳис аломатҳои беруниро, ки барои қонеъ гардондани эҳтиёҷ ёрӣ мерасонанд, кофта меёбад. Он давра ҷустуҷӯ (тайёри)-и амали ғаризавӣ барои ба даст овардани хӯрок ном дорад. Он то ёфт шудани аломати берунае, ки боиси таассури ғаризавии қатъиян мутобиқшуда мегардад, давом мекунад. Мас., намуд ё овози сайд ангезандае мебошад, ки амалиёти пайдарҳами ҷонварони дарранда (номаълум наздик шудан, ҳамла кардан, доштан, куштани сайд ва баъзан ба ҷои дигар бурдани ҷасад)-ро ба вуҷуд меоварад. Амалиёти ғаризавии ба марҳалаи охирин мутобиқ, яъне худи амали хӯрдан, барои тамоми ҳайвоноти ҳамин намуд як хел аст.
Амалиёти ғаризавӣ фақат ҳангоми доимӣ будани шароити муҳити зист матлуб аст; дар мавриди тағйири ногаҳонии шароит онҳо манфиат надоранд. Мас., амалиёти Ғ.-и муҳофизатии хорпушт (ба тӯбчаи хордор табдил ёфтан) ҳангоми дар роҳи калон ногаҳон ба автомобил бархӯрдан ба кор намеояд.
Шаклҳои фаъолияти ғаризавӣ гуногун, баъзан хеле мураккаб мебошанд; мас., фаъолияти ҳашарот, паррандаҳо ва диг. ҳайвонот барои ба даст овардани хӯрок, сохтани лона ва идомаи насл, парвози мавсимии паррандаҳо ва ғ. Бо вуҷуди ин фаъолияти ғаризавӣ доимо аз рӯи нусха иҷро мешавад ва фақат тағйироти тӯлонии шароити зист метавонад боиси дигаргунии он ё ташаккули Ғ.- и нав гардад.
Фаъолияти ғаризавии ҳайвоноти олиташаккул ба таври морфологӣ дар алоқаи модарзодии марказҳои зерқишрӣ бо қишри мағзи сар сурат мегирад. Дар ҳамин асос дар ҳаёти фардӣ робитаҳои нави гуногун ҳосил шуда, таҷрибаи ҳаёт ба вуҷуд меояд, фаъолияти олии асаб ташаккул меёбад. Ҳама гуна шакли таълими одам дар асоси Ғ. арзи ҳастӣ мекунад, сипас он мавқеи худро тадриҷан аз даст медиҳад ва ҳамин тавр, роли асосиро алоқаҳои нави дар ҷараёни ҳаёт пайдошуда мебозанд. Аз ҳамин нуқтаи назар тарбияи одам пеш аз ҳама парваридани қобилият баҳри фурӯ нишонидани фаъолияти ғаризавӣ ва ба роҳи зарурӣ равона кардани он аст. Дар баробари ин бояд ба назар гирифт, ки дар баъзе мавридҳо, вақте ки назорати майна аз болои ташкилаҳои зерқишрии поёнӣ суст мегардад (мас., дар ҳолати хоб, мастӣ, аз таъсири нашъа ва ғ.) фаъолияти ғаризавии одамон дар шакли аён (мас., дар шакли шаҳвати зиёд, таҷовузкорӣ ва ғ.) падид меояд.
Ад.: Маркосян А.А., Физиология, М., 1975; Логинов А.В., Физиология с основами анатомии человека, М., 1983; Основы физиологии функциональных систем, М., 1983.

Н. Б. Бердиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …