Хабарҳои охирин

ЗИРА

zira

ЗИРА (Bunium persicum), зираи форсӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 60 см қад мекашад. Пояи рост, барги пармонанд, гултӯдаи чатршакл, гули майдаи сафед, дони хушбӯй дорад. З. дар доманакӯҳҳо, нишебиҳои кӯҳ, алафзор, буттаю бешазори ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон (дар баландии 600 – 2500 м аз с.б.) мерӯяд. З. гиёҳи доруии қадима …

Муфассал »

ЗИРК

zirk

ЗИРК (Berberis heteropoda), зиришк, зилол, анбарборис, буттаест сершохи хордор. Аз 50 см то 2,5 м қад мекашад. Пӯстлохи шохаҳояш зардча ё ҷигарии сурхтоб. Барги дурушти бемӯяк, гули зард ё норанҷӣ, ғуҷуммеваи сурх, зард ё сиёҳи дарозрӯя дорад. З. дар ҷойҳои санглоху буттазори соҳили дарё, нишебиҳои серсангу шахи кӯҳ, фарку арчазор …

Муфассал »

ЗИРКИ СИЁҲ

zirki-sieh

ЗИРКИ СИЁҲ (Berberis heterobotrus), зилоли сиёҳ, буттаест сершох. То 3 – 3,5 м қад мекашад. Навдаҳояш дорчинӣ (навдаҳои яксолааш дорчинии сурхча). Баргаш ғафс, сабзи зардчатоб (дар нимаи дуюми тобистон сурх мешавад), гулаш зард, мевааш сиёҳи арғувонӣ (баъди пухтан сиёҳ). Моҳи июн гул карда, мевааш моҳи август мепазад. З. с. дар …

Муфассал »

ЗИРКИ СУРХ

zirki-surkh

ЗИРКИ СУРХ (Berberis iliensis), зилоли сурх, буттаест хордор. То 1,5 м қад мекашад. Навдаҳои таракаш дорчинии сурхча, баргаш байзашакли яклухт, гулаш зарди баланд, мевааш сурх, тухмаш дорчинӣ. Моҳи май гул карда, авг. – окт. мева мебандад. З. с. дар арчазорҳо, ҷойҳои кушод, нишебиҳои серсанг, аксар вақт дар тарқиши шахҳо мерӯяд. …

Муфассал »

ЗОДАН

zodan

ЗОДАН (Partus), зоиш, валодат, таваллуд, амали мураккаби физиологиест, ки дар мавриди он давраи ҳомилагӣ анҷом пазируфта, тифл ба дунё меояд. Дар шароити физиологӣ З. баъди 10 моҳи момоии ҳомилагӣ (9 моҳи тақвимӣ, 280 рӯз ё 40 ҳафта) фаро мерасад. Дар ин давра тифл пурра ташаккул ёфта, ба зиндагии берун аз …

Муфассал »