Главная / Илм / ЗИРК

ЗИРК

zirkЗИРК (Berberis heteropoda), зиришк, зилол, анбарборис, буттаест сершохи хордор. Аз 50 см то 2,5 м қад мекашад. Пӯстлохи шохаҳояш зардча ё ҷигарии сурхтоб. Барги дурушти бемӯяк, гули зард ё норанҷӣ, ғуҷуммеваи сурх, зард ё сиёҳи дарозрӯя дорад. З. дар ҷойҳои санглоху буттазори соҳили дарё, нишебиҳои серсангу шахи кӯҳ, фарку арчазор (дар баландии 1000 – 4300 м аз с.б.) мерӯяд. З. давои қадимист. Бо мақсади табобат асосан пӯстлох, реша ва барги онро истифода мебаранд. Решаи З.-ро баҳорон ё тирамоҳ ҷамъ меоранд. Пӯстлохи З. дар давраи об давондани шохчаҳо (апр. – май) ғундошта мешавад. Барги онро дар давраи гулшукуфт дастӣ мечинанд. Бояд гуфт, ки фақат З.-и мазрӯъ қимати баланди табобатӣ дорад.
З.-ро Абӯали ибни Сино чун доруи зардарон ва хунбанд ба қалам додааст. Мувофиқи маълумоти «Эҳёу-т-тибби Субҳонӣ» ғизое, ки ба он З. андохтаанд, ҳангоми зардпарвин муфид аст. Муҳаммад Ҳусайн дар «Махзану-л-адвия» оварда, ки З. зардаро бартараф сохта, ба кори меъдаю ҷигар ва дил тақвият мебахшад, ғалаёни хунро суст мекунад, барои муолиҷаи бавосир муфид аст.
Дар тибби мардумӣ аз реша, пӯстлоху шохчаи З. қиём тайёр мекунанд ва онро ҳангоми иллати узвҳои дарун, дарди по ё миён ва шикасти устухон, амрози чашм ва гӯш ба кор мебаранд (онро шаб истеъмол мекунанд). Бо қиёми З. ҳамчунин табларза, радикулит, тарбод, хала, бемориҳои меъдаю рӯда дармон бахшида мешаванд. Ҷӯшоби хунуккардаи З.-ро бинӯшанд, тасфи меъда ва ҷигарро таскин медиҳад, фишори баланди хунро ба эътидол меорад, хуншории узвҳои дарунро манъ мекунад, барои бавосир ва рафтани рутубат аз бачадон нофеъ аст. Самари З.-ро кӯфта гузошта банданд, ҷойҳои сахтгаштаи баданро мулоим мекунад, оби меваашро бинӯшанд, қай ва беҳузур шудани дилро манъ месозад, тухмашро маҳин кӯфта бихӯранд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад, исҳолеро, ки аз сустии аъзои шикам ҳодис шуда бошад, бозмедорад.
Аз реша ва чӯби З. қиём тайёр мекунанд. Бо ин мақсад решаи З.-ро бо теша тароша карда, дар дег мегиранд ва аз болояш об рехта, муддате меҷӯшонанд. Сипас онро ба зарфи тоза гирифта хунук мекунанд. Баъди ин ҷӯшобро дубора ба дег андохта, дар оташи паст то қиём шуданаш меҷӯшонанд. Қиёми З.-ро ба андозаи нахӯд ё гандум рӯзе 2 – 3 маротиба барои муолиҷаи устухони шикаста, дарди банду мушакҳо истеъмол мекунанд. Қиёми З. давои хеле маъмул аст. Агар андак қиёми З.-ро дар гулоб ҳал карда, дар чашм кашанд ё чаконанд, рутубати онро хушк менамояд. Қиёми хушки З.-ро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, биноиро тақвият мебахшад. Агар онро дар об ҳал карда он обро дар даҳон гардонанд, бадтарин дарди даҳон ва ҷӯшиши милки дандонҳоро шифо мебахшад.
Дар тибби муосир давоҳои З.-ро чун воситаи талхарон ҳангоми гепатитҳо, гепатохолесистит, бемории санги талхадон кор мефармоянд. Бо нақеъи З. хунравиҳои баъди таваллуд ва вобаста ба илтиҳобро муолиҷа менамоянд (онро 30 чакрагӣ рӯзе 3 маротиба 2 – 3 ҳафта истеъмол мекунанд). Пӯстлохи З. ба таркиби доруи «Холелитин» дохил мешавад, ки давои бемориҳои ҷигар ва талхадон аст. Решаи З. ба таркиби адвиёти Здренко илова карда мешавад (онро барои табобати баъзе омосҳои саратонӣ кор мефармоянд).
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …