Главная / Илм / ЗИРКИ СУРХ

ЗИРКИ СУРХ

zirki-surkhЗИРКИ СУРХ (Berberis iliensis), зилоли сурх, буттаест хордор. То 1,5 м қад мекашад. Навдаҳои таракаш дорчинии сурхча, баргаш байзашакли яклухт, гулаш зарди баланд, мевааш сурх, тухмаш дорчинӣ. Моҳи май гул карда, авг. – окт. мева мебандад.
З. с. дар арчазорҳо, ҷойҳои кушод, нишебиҳои серсанг, аксар вақт дар тарқиши шахҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ (қ-кӯҳҳи Ғозималик, болотар аз чашмаи Оқбулоқ) дар баландии 1000 – 1800 м аз с. б. вомехӯрад. Аҳолии маҳаллӣ аз меваи З. с. моқут (кисел), мураббо ва шарбат тайёр мекунанд. Меваи З. с. меъдаро сахт ва тарашшӯҳи талхаро зиёд карда, иштиҳо меорад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …