Главная / Илм / ЗИРКИ СИЁҲ

ЗИРКИ СИЁҲ

zirki-siehЗИРКИ СИЁҲ (Berberis heterobotrus), зилоли сиёҳ, буттаест сершох. То 3 – 3,5 м қад мекашад. Навдаҳояш дорчинӣ (навдаҳои яксолааш дорчинии сурхча). Баргаш ғафс, сабзи зардчатоб (дар нимаи дуюми тобистон сурх мешавад), гулаш зард, мевааш сиёҳи арғувонӣ (баъди пухтан сиёҳ). Моҳи июн гул карда, мевааш моҳи август мепазад. З. с. дар арчазору фаркзорҳо мерӯяд. Дар мавзеъҳои Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ (дар баландии 1000 – 2000 м аз с.б.) паҳн шудааст.
З. с. дар байни мардуми ҷумҳурӣ хеле маъмул аст. Ҷӯшоби пӯстлохи онро ҳангоми бемориҳои ҷигар, гурда, масона, сил, тарбод, ғалаёни хун, исҳоли хунин, захми меъда, зардпарвин, истисқо, бавосир истифода мебаранд. Махсусан қиёми З. с. шӯҳрати зиёд дорад. Чойи пӯстлох ва барги З. с. ҳамчун давои таскинбахш ва зидди исҳоли хунин истифода мешавад. Ҷӯшоби меваю барги онро ҳангоми зангила кор мефармоянд. Ҷӯшоби решаи З. с. барои табобати ниқрис муфид аст.
Дар тибби муосир реша ва пӯстлохи З. с.-ро дар мавриди бемориҳои ҷигар, дарди санги гурда, зардпарвин, илтиҳоби гурда ва масона, хусусан ҳангоми ниқрис, тарбод, сих задани узв тавсия медиҳанд. Қиёми онро дар як истакон об ҳал карда, рӯзе ду маротиба менӯшанд. Меваашро ба таом меандозанд.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …