Главная / Илм / ЗИРА

ЗИРА

ziraЗИРА (Bunium persicum), зираи форсӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 60 см қад мекашад. Пояи рост, барги пармонанд, гултӯдаи чатршакл, гули майдаи сафед, дони хушбӯй дорад. З. дар доманакӯҳҳо, нишебиҳои кӯҳ, алафзор, буттаю бешазори ҳама ноҳияҳои Тоҷикистон (дар баландии 600 – 2500 м аз с.б.) мерӯяд.
З. гиёҳи доруии қадима аст. Бино ба ақидаи Абубакри Розӣ З.-ро хоянд, оруғ меорад. Абумансури Муваффақ таъкид кардааст, ки З. рутубатро нест карда, пешобро меронад ва хунравиро бозмедорад, барои зиқи нафаси бар асари рутубат пайдошуда муфид аст. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино З. кори меъдаро тақвият мебахшад, оруғ меорад, ҳиккакро рафъ менамояд, давои пешоброн, бодрон, киҷҷарон аст. Ҳангоми халаи рӯда, ниқрис, ишиас ва миёндард нафъ дорад. Дар «Эҳёу-т-тиб» омада, ки З. барои табобати иллати испурч, зардпарвин ва захми меъда нофеъ аст. Бино ба маълумоти «Маъзану-л-адвия» З. хилтҳоро гарм, хушк, ҳал ва майда мекунад, ба фаъолияти меъдаву рӯдаҳо тақвият мебахшад, иштиҳоро мекушояд, боду пешобро меронад. Марҳами бо равғани зайтун омехтаи он рафъсозандаи варами испурч аст.
Табибони халқӣ З.-ро ҳангоми камиштиҳоӣ, бемориҳои меъдаву рӯда ва дарди санги ҷигар истифода мебаранд. Зираоб (зирачой) давои беҳсозандаи кори узвҳои ҳозима, пешоброн, арақрон ва киҷҷарон мебошад. З.-и бирён барои табобати чакидани пешоб ва фарбеҳӣ истифода мешавад. Ҷӯшоби З. тарашшӯҳи шираи меъдаро меафзояд.
Ҷӯшоб ва чойи З. ихроҷи шираи меъдаро меафзояд. Бинобар ин истеъмоли он барои одамони гирифтори гастрит ва захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта зиён дорад. Дар чунин ашхос ҳатто нӯшидани зирачойи камранг низ боиси дарди меъда мешавад.
Ба ақидаи табибони халқӣ З.-ро як шаб дар сирко тар карда, баъд дар бини чаконанд, хуни биниро мебандад; онро як шаборӯз дар об тар карда, баъд он обро дар чашм чаконанд, пардаи дар он афтодаро пок месозад, реши чашмро шифо мебахшад, нуқтаҳои сурхи даруни чашмро мебардорад. Агар онро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон гардонанд, назлаҳоро мебандад, дарди дандонро таскин медиҳад. Хӯрдани З. ҷигар, меъда, гурда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, иштиҳоро ба ҳаракат меоварад, бодҳои дохилиро таҳлил медиҳад, ҳазм наёфта фуромадани ғизо, дарди рӯдаҳо ва варами сипурзро шифо мебахшад, пешоб ва ҳайзи бандшударо меронад, чакмезакро ба ибро меоварад. З.-ро дар об ҷӯшонида, бо он оби ширгарм хуқна кунанд, бодҳои зарарноки рӯдаҳо, меъда ва гурдаро таҳлил медиҳад. Кӯфтаи З.-ро бо равғани зайтун хамир карда гузошта банданд, варами сипурзро ҳал мекунад, бо орди боқило сиришта гузошта банданд, варами хояҳоро пас мегардонад.
З. барои одамони хунукмизоҷ ва пирон манфиат дорад. Чун онро бо хӯришҳои хушбӯи ғизо, мас., бо шибит ва дорчинӣ ҳангоми пухтани гӯшти бадҳазм дохил намоянд, онҳоро сабукҳазм мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …