Хабарҳои охирин

ЗАХМ

zakhm

ЗАХМ (Vulnus), ҷароҳат, осеб дидани бофтаҳост, ки аз он пӯст, луобпарда, мушак ва ғ. иллат меёбанд. Аз яраи чуқур нафақат пӯсту ғози таҳти он, балки мушакҳо, устухонҳо, асабҳо, пай, бандакҳо, баъзан рагҳои калони хун низ зиён мебинанд. Агар захм чуқур ва ба ягон ҷавф (шикам, косаи сар ва ғ.) сар …

Муфассал »

ЗАҲР

zahr

ЗАҲР (Toxinum), саммҳо, токсинҳо, моддаҳои химиявӣ ва маводи гуногуни табиӣ, ки ҳангоми ба организм роҳ ёфтан, боиси заҳролудӣ ва ҳатто марг мешаванд. Вобаста ба пайдоиш ду навъи З.-ҳоро фарқ мекунанд: табиӣ (З.-и наботот, ҳайвонот, микробҳо, минералҳо) ва сунъӣ ё химиявӣ. Мувофиқи сохти химиявӣ З.-ҳо оддӣ (кислотаи синил, пайвастҳои симоб ва …

Муфассал »

ЗАҲРИ ЗАНБӯР

zahri-zanbur

ЗАҲРИ ЗАНБӯР, апитоксин, маҳсули ғадуди неши занбӯри асали коргар. Аз сафедаи фаъоли биологӣ (мелиттон), ферментҳо (гиалуронидаза ва фасфолипазаи А), кислотаҳои органикӣ, систамин ва диг. моддаҳо иборат аст. З. з. хосияти ангезишоварӣ, рафъи илтиҳоб ва холинолизӣ дошта, лахтабандӣ ва холестерини хунро кам, гемоглобинро зиёд мекунад. З. з. барои муолиҷаи бемориҳои тарбодӣ, …

Муфассал »

ЗАҲРИ МОР

zahri-mor

ЗАҲРИ МОР дар тиб, як навъ дору; бо мақсади рафъи дард ва илтиҳоб ҳангоми невралгия, артралгия, миалгия, радикулит, артрит, миозит ва периартрит кор мефармоянд. Доруҳои З. м. барои истифодаи парентералӣ (ғайри роҳи ҳозима; випералгин, випраксин, наяксин) ва ба пӯст молидан (випратокс, марҳамҳои «Випросел», «Випросал В») пешбинӣ шудаанд. Барои таҳияи ин …

Муфассал »

ЗАҲРОВӣ

zahrovi

ЗАҲРОВӣ (Abulcasis), Абулаббос Халаф ибни Аббоси Заҳровии Қуртубии Андалусӣ (936 – 1036), табиб, яке аз ҷарроҳони бузурги исломии араб. Дар шаҳри Қуртубаи Андалус (Испанияи исломӣ) ба дунё омада, дар аҳди Абдурраҳмони севвум зиндагӣ ва фаъолият кардааст. З. аз таҳкимбахшандагони асосҳои илми ҷарроҳӣ буда, зиёда аз 200 афзори ҷарроҳӣ ихтироъ кардааст, …

Муфассал »