Главная / Илм / ЗАҲРОВӣ

ЗАҲРОВӣ

zahroviЗАҲРОВӣ (Abulcasis), Абулаббос Халаф ибни Аббоси Заҳровии Қуртубии Андалусӣ (936 – 1036), табиб, яке аз ҷарроҳони бузурги исломии араб. Дар шаҳри Қуртубаи Андалус (Испанияи исломӣ) ба дунё омада, дар аҳди Абдурраҳмони севвум зиндагӣ ва фаъолият кардааст. З. аз таҳкимбахшандагони асосҳои илми ҷарроҳӣ буда, зиёда аз 200 афзори ҷарроҳӣ ихтироъ кардааст, ки сурату шаклҳои онҳо то замони мо омада расидаанд. Олати хурд кардани санги масона ва берун овардани он аз кашфиёти ӯст. Яке аз ибтикороти муҳими З. аз бун баркандани гӯшти зиёдатии дар дохили бинӣ рӯида мебошад. Ба ҳамин монанд даҳҳо амалиёти хурди ҷарроҳии дигар ба ӯ нисбат доранд. Аз таълифоти муҳими З. дар тиб ва дорушиносӣ китоби «Ат-Тасриф ли ман аҷаза ани-т-таълиф» буда, мақолаи сиюм ва ахири он дар бораи ҷарроҳист.
Ад.: Аҳмад Шавкат, «Таърику-т-тиб ва одобуҳу ва аъломуҳу», Димишқ, 1982; Риёз Рамазон, «Ад-Даво мин фаҷри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …