Главная / Илм / ЗАҲРИ ЗАНБӯР

ЗАҲРИ ЗАНБӯР

zahri-zanburЗАҲРИ ЗАНБӯР, апитоксин, маҳсули ғадуди неши занбӯри асали коргар. Аз сафедаи фаъоли биологӣ (мелиттон), ферментҳо (гиалуронидаза ва фасфолипазаи А), кислотаҳои органикӣ, систамин ва диг. моддаҳо иборат аст. З. з. хосияти ангезишоварӣ, рафъи илтиҳоб ва холинолизӣ дошта, лахтабандӣ ва холестерини хунро кам, гемоглобинро зиёд мекунад. З. з. барои муолиҷаи бемориҳои тарбодӣ, миозит, радикулит, невралгия, ҳангоми баъзе бемориҳои аллергӣ, эндартериити фарогир, тромбофлебит кор фармуда мешавад.
Ҳангоми зиёд кардани воя ё ҳассосияти баланд доштан нисбати З. з. сардард, дилбеҳузурӣ, қай, саглес, дарди мавзеи дил, дилзанӣ, дарди камар ва банду буғум, табларза, беҳушӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Истифодаи доруҳои З. з. дар мавриди бемориҳои сироятӣ, ҷигар, хун, гурда, ғадуди зери меъда, диабети қандӣ, амрози римнок, бемориҳои силсилаи дилу рагҳо, рӯҳӣ ва ғ. ҷоиз нест. Занҳо (хусусан дар давраи ҳайз ва ҳомилагӣ), кӯдакон ва пиронсолон ба таъсири З. з. ҳассосияти баланд доранд.
Ба доруҳои нисбатан маъмули З. з. апизартрон, виранин, апифор мансубанд.
Апизартрон (Apisarthronum) дар шакли хока истеҳсол карда мешавад. Онро дар шишачаҳо (0,001 г) ба фурӯш мебароранд. Маҳлулро ба тарзи extempore омода карда, ба пӯст мефиристанд. Марҳами апизартронро ба пӯст мемоланд. Дар саночакҳо (20 г) гирифта шудааст, ғайр аз З. з. ҳамчунин метилсалитсилати 10% ва равғани эфири хардали 1%-а дорад. Дар ҷои торик нигоҳ медоранд. Ба рӯйихати доруҳои Б мансуб аст.
Вирапин (Virapin) дар шакли марҳам истеҳсол мешавад. Ҳар 1 грамми он аз 0,15 мг З. з. иборат аст. Рӯзе 1 – 2 маротиба ба пӯст молида мешавад.
Қурси «Апифор» (Tabulettae «Apiphorum») аз 0,001 г З. з. иборат аст. Барои электрофорез кор фармуда мешавад. Бевосита пеш аз истифода қурсҳоро дар оби тақтирӣ (дистилятсиявӣ) ҳал мекунанд (1 қурс дар 20 мл об). Дар ҷои торик нигоҳ медоранд. Ба доруҳои рӯйхати Б мансубанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …