Главная / Илм / ЗАҲР

ЗАҲР

zahrЗАҲР (Toxinum), саммҳо, токсинҳо, моддаҳои химиявӣ ва маводи гуногуни табиӣ, ки ҳангоми ба организм роҳ ёфтан, боиси заҳролудӣ ва ҳатто марг мешаванд. Вобаста ба пайдоиш ду навъи З.-ҳоро фарқ мекунанд: табиӣ (З.-и наботот, ҳайвонот, микробҳо, минералҳо) ва сунъӣ ё химиявӣ. Мувофиқи сохти химиявӣ З.-ҳо оддӣ (кислотаи синил, пайвастҳои симоб ва ғ.), мураккаб (З.-и мор, каждум, занбӯр ва ғ.), аз рӯи тарзи таъсир маишӣ (шароб, никотин), ғизоӣ (З.-и бактерияҳо, занбӯруғҳо, моҳиҳо ва ғ.) ва саноатӣ (дар истеҳсолоти металлҳои вазнин) мешаванд. З.-ҳои бактериявӣ бештар омӯхта шудаанд. Онҳо ба экзотоксинҳо (маҳсули сафедаҳое, ки онҳоро бактерияҳо ба муҳит паҳн мекунанд) ва эндотоксинҳо (ҷузъҳои таркибии бактерияҳое, ки асосан карбогидратӣ ё липополисахаридӣ буда, баъди вайрон шудани ҳуҷайраҳои бактерия ба муҳит роҳ меёбанд) ҷудо мешаванд. Экзотоксинҳо хосияти бемориоварии микробҳоро муайян мекунанд. Таъсири экзотоксинҳо ба организм баъди давраи ниҳонии беморӣ зоҳир мешавад. Эндотоксинҳо зудтар таъсир мекунанд, вале заҳрогинии онҳо нисбат ба экзотоксинҳо камтар аст. Бисёр эндотоксинҳо дар ҳарор. 60 – 80° дар давоми 10 – 20 дақ. вайрон мешаванд. Эндотоксинҳо ба гармӣ устувор буда, ба ҳарорати баланд, ҳатто дуру дароз ҷӯшондан, тоб меоваранд. Ях кунонидан, об кардан ва хушк намудан ба фаъолияти З.-ҳо таъсир намерасонад. Таъсири формалин ва гармӣ экзотоксинҳоро аз хосияти заҳрогинӣ маҳрум месозад, вале қобилияти таҳрик додани масуният (иммунитет) нигоҳ дошта мешавад. Дар ин асос истеҳсоли анатоксинҳоро ба роҳ мондаанд, ки онҳо барои пешгирӣ ва табобати баъзе бемориҳои сироятӣ истифода мешаванд.
Ҳангоми ба организм гузарондани экзотоксинҳо ва анатоксинҳо подтанҳо (ниг. Иммунитет) пайдо мешаванд. Ин хосият имкон медиҳад, ки зардобҳои табобатӣ ва профилактикӣ истеҳсол карда, зидди бемориҳое истифода баранд, ки ангезандаи онҳо экзотоксин ҷудо мекунад. Баъзе маҳсулоти ҳайвонот ва наботот аз ҷиҳати хосиятҳои биологӣ ба З.-ҳои бактериявӣ хеле наздиканд, мас., заҳри растаниҳо (ниг. Растаниҳои заҳрдор), заҳри мор, каждум, ғунда ва ғ. (ниг. Ҳайвоноти заҳрдор).Ниг. низ мақолаҳои ҷудогона оид ба Заҳролудӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …