Хабарҳои охирин

ЗАРДАҶӯШ

zardachush

ЗАРДАҶӯШ (Pyrosis), ҳисси туршӣ ва сӯзишест, ки бештар дар қисми поёнии сурхрӯда дар натиҷаи ба он гузаштани шираи меъда ба вуҷуд меояд. Сабаби З. аз ҳад зиёд ангезиш ёфтани луобпардаи сурхрӯда, ихтилоли кори меъда ва ғ. мебошад. З. бештар ҳангоми барзиёдии туршии шираи меъда рӯй медиҳад, аммо дар аснои норасоӣ …

Муфассал »

ЗАРДИСПАНД

zardpisand

ЗАРДИСПАНД (Adonis turkestanicus), гули зардак, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш бисёр, рости камшохча. Баргҳои қисми поёни поя пулакчавии бӯрранг, баргҳои боло калони пармонанд; гулаш зарди баланд. Июн – июл гул карда, июл – авг. тухм мебандад. Дар алафзор, арчазорҳо, марғзор ва диг. ҷойҳо (дар баландии …

Муфассал »

ЗАРДОБ

zardob

ЗАРДОБ (Serum), моддаҳоеро гӯянд, ки барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ ё рафъи заҳролудӣ (аз заҳри микробҳо ё ҳайвонот) истифода мебаранд. Хосияти табобатӣ ва муҳофизатии З. ба таъсири пайвастҳои махсус – подтанҳо (ҷисмҳои зидд) вобаста аст; онҳо омилҳои бемориҳоро дарёфт намуда, безарар мегардонанд (ниг. Иммунитет). Подтанҳо дар натиҷаи ба организми …

Муфассал »

ЗАРДОЛУ

zardolu

ЗАРДОЛУ (Armeniaca vulgaris), дарахти меваи маъмул. То 15 м қад мекашад. Гулаш сафед ё гулобӣ. Мевааш гирда, дарозрӯя, сергӯшт, зард ё норанҷӣ. Дар Тоҷикистон бештар навъҳои Исфарак, Хурмоӣ, Тоҷибоӣ, Субҳонӣ, Қандак, Бобоӣ, Маҳтобӣ, Ҷавонӣ, Мирсанҷарӣ ва ғ. парвариш меёбанд. З. маҳсулоти хуби ғизоӣ ва парҳезӣ аст. Онро тару тоза ва …

Муфассал »

ЗАРДПАРВИН

zardparvin

ЗАРДПАРВИН (Icterus, morbus arcuatus), заъфарма, ярақон, зардча, зард шудани пӯст, сафедии чашм ва луобпардаҳо, ки сабабаш дар бофтаҳо ғун гардидани пигменти билирубин (дар ҷигар ҳосил мешавад) аст. З.-ро вобаста ба сабаб ва тарзи пайдоиш ба се навъ ҷудо мекунанд: З.-и ҷигар (паренхимӣ), З.-и механикӣ ва З.-и гемолизӣ (хунобӣ). З.-и ҷигар …

Муфассал »