Главная / Илм / КОСМЕТИКА

КОСМЕТИКА

kosmetikaКОСМЕТИКА (аз юн. kosmetice – санъати ороиш), пардозгарӣ, оростагӣ, машшотагӣ, таълимотест оид ба воситаву тарзҳои беҳ кардани намуди зоҳирии одам. Аз давраҳои қадим халқҳои гуногун ба васоити К. ва истифодаи онҳо диққати калон медоданд. Дар Миср 2000 сол пеш аз м. барои К. равғанҳои гуногун, моддаҳои хушбӯй, мушк, ҳанут ва ғ.-ро кор мефармуданд. Дар Ошур (500 сол пеш аз м.) занҳо ба бадан, мардҳо ба мӯй моддаҳои хушбӯй мемолиданд.
Дар бобати К. олими машҳури тоҷик Абӯалии Сино низ фикрҳои ҷолиб баён намудааст. Дар «Ал-Қонун фи-т-тиб» – и ӯ фанни махсусе ба оростагӣ бахшида шудааст, ки аз чаҳор мақола иборат аст: андар баёни ҳолатҳои мӯй ва сабӯсаи сар (аз 29 фасл иборат аст); андар баёни ҳолатҳои пӯст аз ҷиҳати ранг (14 фаслро дарбар мегирад); андар баёни он чи ки пӯстро, на ранги пӯстро, ориз бигардад (аз 32 фасл таркиб ёфтааст); андар баёни ҳолатҳое, ки ба тан ва андомҳои атрофӣ алоқаманданд (аз 17 фасл иборат мебошад).
Дар а-ҳои 16 – 18 сурхӣ, грим, упо, сафедӣ ва ғ. маъмул гашт. К. тадриҷан нафақат санъати ороиш, балки ба як бахши тиб низ табдил ёфт. К. усули нигоҳубини пӯст, мӯй, нохун, инчунин масъалаҳои табобати нуқси зоҳирии бадан (нуқси модарзод ё дар натиҷаи бемориҳои ғайриирсӣ пайдошуда)-ро дарбар мегирад. К. шартан ба се қисм – гигиенӣ, тиббӣ ва ороишӣ ҷудо мешавад.
Дар натиҷаи тараққии К.-и тиббӣ илми косметология ташаккул ёфт. Он сабаб ва усулҳои пешгирию табобати нуқси пайдоишаш гуногунро меомӯзад. Косметология бо диг. илмҳои тиб – дерматология, эндокринология, илми ҷарроҳӣ ва ғ., инчунин бо саноати атторӣ зич алоқаманд аст. Зеро он омӯзиш ва таҳияи (ҳамроҳи химикҳо, фармакологҳо) васоити ороишии босамару безарарро дарбар мегирад.
К.-и гигиенӣ ба масоили нигаҳдории зебоии табиии одам машғул аст. Одам дар ҳар синну сол ҷозиб ва зебо буда метавонад. Баҳри ҳаёти солим зисту зиндагонии оқилона, тартиби дурусти меҳнат, истироҳат ва тағзия, ҳаёти фаъол, машғул шудан ба варзиш, пешгирӣ ва саривақт табобат кардани бемориҳо мусоидат мекунанд. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, афзун гардондани муқобилати организм ба бемориҳои гуногун (ниг. Обутоби организм), қабули ваннаҳои ҳавоӣ ва нури офтоб аҳамияти калон дорад.
Одам бояд доимо тозаву озода бошад, ба нигоҳ доштани хушандомӣ ва қаду қомати дуруст кӯшиш кунад. Инсон дар ҷавонӣ, одатан хушандом аст, махсусан агар ба варзиш ва спорт машғул бошад. Сол аз сол дар натиҷаи суст шудани мубодилаи моддаҳо ва нокифоя будани фаъолияти ҷисмонӣ (ниг. Гиподинамия) одам фарбеҳ мешавад. Аз ин сабаб мунтазам вазни худро назорат кардан хеле муҳим аст. Дар сурати аз меъёр (мувофиқи синну сол) 10% зиёд шудани вазн (ниг. Вазни одам) барои маслиҳат бояд ба духтур муроҷиат кард. Бо мақсади хароб шудан, худсарона парҳез намудан ва аз ҳад зиёд машқи ҷисмонӣ кардан норавост. Баҳри зуд зиёд ё кам кардани вазни бадан низ кӯшиш намудан ҷоиз нест; ин кор бояд тадриҷан анҷом пазирад. Зуд хароб шудан боиси халта задани пӯсти рухсораҳо, манаҳ, гардан, шикам, ғадудҳои шир мегардад. Фарбеҳии беандоза одамро зуд пир мекунад. Қаду қомати мавзун – тахтапушти рост, сари боло, шиками ҳамвор – нафақат зебо, балки муфид низ мебошад, зеро ин барои гардиши хун, нафаскашӣ ва мубодилаи моддаҳо шароити мусоид фароҳам меорад. Тани одам бояд серҳаракат ва қаиш бошад. Ҳаракати мавзун зеби ҳар инсон аст.
Одати сахт даст афшонда роҳ рафтан, «алвонҷ додани рон», васеъ гузоштани пой ва даст ба миён монда истодан намуди зоҳирии одам (махсусан зан)-ро вайрон мекунад. Дар вақти нишаст тан ва сарро рост дошта, зонуҳоро ҷафс кардан лозим; ба онҳое, ки ҳамеша нишаста ё рост истода кор мекунанд, ҳар рӯз якчанд дақиқа бо гимнастикаи коргоҳӣ машғул шудан зарур аст. Ҳар пагоҳӣ гузаронидани машқҳои гимнастикӣ низ муфид мебошад.
Тозагӣ ва покизакорӣ ҳамсафари зебоианд, малакаҳои нигоҳубини гигиениро аз хурдсолӣ парваридан лозим аст. Нигоҳ дошта тавонистани таровати рӯй, ғафсию зебоии мӯй, сафедии дандон ва ғ. басо муҳиманд. Лосйонҳои гуногун, собуни ироқӣ, шампун, хамираҳои дандошӯӣ, элексир, креми ришгирӣ, кремҳои муҳофизатӣ, ғизоӣ ва ғ., ки саноати атторӣ истеҳсол мекунад, чун воситаи нигоҳубини бадан истифода мешаванд. Ниг. низ. Пардозгарии тиббӣ, Дандон, Мӯй, Нохун, Пӯст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …