КОС

kosКОС (Pelvis), як ҷузъи скелет, ки ба андомҳои поёнӣ тааллуқ дорад. Аз ду устухони кос, чорбанд ва думғоза иборат аст. К. якҷоя бо банди косу рон такягоҳи бадан аст.
К. калон ва хурд мешавад. К.-и калон аз пеш бо девораи пеши шикам, аз қафо бо сутунмӯҳра, аз паҳлӯҳо бо нӯги устухонҳои тиҳигоҳ фаро гирифта шудааст; К.-и хурдро аз пеш устухони зиҳор, аз қафо устухони чорбанду думғоза ва аз паҳлӯ устухонҳои сурин иҳота кардаанд. Дар К.-и калон узвҳои қисми поёни ҷавфи шикам (рӯдаҳои борик ва ғафс), дар К.-и хурд пешобдон, рӯдаи рост ва аъзои таносули дохилӣ ҷой гирифтаанд.
К. аз се устухон – тиҳигоҳ, сурин ва зиҳор иборат аст, ки бо қисмҳои паҳлӯии чорбанд ва байни ҳамдигар пайваст мебошанд. Қисми поёни чорбанд, ки бо думғоза робита дорад, пайванди камҳаракатеро ба вуҷуд меорад (аз пеш ва қафо бо бандакҳо устувор аст). Дар сатҳи қафои устухони сурин ду чок мавҷуд аст, ки бо бандакҳо пӯшида шуда, сӯрохҳои калон ва хурди суринро ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди К. мушакҳои тиҳигоҳу камар, мушакҳои сидодии дарунӣ ва мурудшакл ҷойгиранд. Онҳо аз устухонҳои К. ибтидо гирифта, ба устухони рон пайваст мешаванд.
К. ва узвҳои онро шохаҳои артерияи таҳигоҳии дарунӣ бо хун таъмин мекунанд. Венаҳо, ки артерияҳоро ҳамроҳӣ менамоянд, бофтаи венавӣ ташкил намуда, хун аз онҳо ба венаи тиҳигоҳии дарунӣ, сипас ба венаи холии поёнӣ ва қисман ба венаи даромадгоҳи ҷигар меравад. Мушак ва узвҳои К.-и хурд аз асаббофтҳои камар, чорбанд ва думғоза, инчунин қисми косии силсилаи асабҳои наботӣ (вегетативӣ) бо асаб таъмин карда мешаванд.
Дар К. нуқсу осебҳои гуногун ба мушоҳида мерасанд. Баъзе аз осебҳо модарзодӣ (мас., деформатсияи К.) буда, бархе бинобар амрози илтиҳобӣ, нодуруст сабзидани устухонҳо ва ихтилоли раванди сахт гаштани онҳо ташаккул меёбанд. Дар К. омосҳои ғайрисаратонӣ ва саратонӣ низ пайдо мешаванд.
Коси занҳо. К.-и занҳо аз К.-и мардҳо фарқ дорад. Ин фарқият хусусан дар давраи балоғати ҷинсӣ нағз зоҳир мешавад. Устухони К.-и занҳо тунук ва сабук аст. Он нисбат ба К.-и мардҳо васеъ ва фаррох мебошад. Чорбанди занҳо паҳн буда, мисли чорбанди мардҳо бисёр каҷ нест. Ин ҳангоми таваллуд аҳамияти калон дорад. Масофаи байни дӯнгиҳои сурини К.-и зан нисбат ба К.-и мард зиёд аст. Аз рӯи андоза ва нишондодҳои К.-и калон метавон оид ба андозаи К.-и хурд хулоса баровард. То 2 см хурд шудани яке аз андозаҳои К.-и калон далели танг будани К.-и хурд мебошад. Дар амалияи акушерӣ чор сатҳи К.-и хурдро ҷудо мекунанд: сатҳи вуруд ба К.-и хурд; сатҳи қисми васеи ҷавфи К.-и хурд; сатҳи қисми борики ҷавфи К.-и хурд; сатҳи хориҷ аз К.-и хурд. Хати пайванди маркази ҳама андозаҳои рости К. меҳвари К. ном дорад.
КЛ
Расми 1. Коси мард (А) ва зан (Б). Хатҳои андозаҳои коси калон ва вуруд ба коси хурд нишон дода шудаанд. 1 – distántia cristárum (масофаи байни теғаҳои тиҳигоҳ); 2 – диаметри кӯндаланг; 3 – distántia spinárum (масофаи байни теғаҳои болоии пеши тиҳигоҳ); 4 – қутр (конъюгата)-и ҳақиқӣ (гинекологӣ); 5 – диаметри каҷ.
Расми 2. Андозаи коси зан. 1 – қутр (конъюгата)-и анатомӣ; 2 – конъюгатаи ҳақиқи (гинекологӣ); 3 – андозаи рост (баромад аз кос); 4 – конъюгатаи диагоналӣ; 60° – кунҷи хамии кос.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …