Хабарҳои охирин

КИСЛОТАҲОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН)

kislotai-rybonukleat

КИСЛОТАҲОИ РИБОНУКЛЕАТ (КРН), навъи кислотаҳои нуклеат, ки дар табиати зинда васеъ паҳн шудаанд. Аз асосҳои пуринӣ (аденин, гуанин) ва пирамидинӣ (урасил, ситозин), қанди рибоза ва боқимондаи кислотаи фосфат таркиб ёфтаанд. Бештар дар ситоплазмаи ҳуҷайра мавҷуданд. К. р. дар организм асосан дар намуди рибонуклеопротеидҳо (РНП) вомехӯранд. Роҳи биологии КРН аз интиқоли …

Муфассал »

КИСТА

kista

КИСТА (Cysta; юн. kystis – ҳубоб), иллатест дар бофта ё узв, ки сатҳи дохили онро эпителия ё эндотелия пӯшидааст. К. ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Сатҳи дохилии К.-и дурӯғин пӯшиши эпителӣ ё эндотелӣ надорад. К.-ҳо вобаста ба пайдоиш гуногун мешаванд, мас., бандомада, модарзодӣ, омосӣ, осебӣ, иллатӣ, ангалӣ (паразитӣ). К.-и бандомада дар …

Муфассал »

КИСТАИ ДАНДОН

kistai-dandon

КИСТАИ ДАНДОН, ташкилаи омосмонанде, ки дар бофтаи устухони ҷоғ бинобар беморӣ ё нуқси инкишофи дандонҳо ба вуҷуд меояд. Аз ҷилди сахти фиброзӣ иборат буда, аз дарун бо эпителия фаро гирифта шудааст; фазои К. д. бо моеъи зардобӣ (холестерини бисёр дорад) пур мебошад. К. д. ду навъ – наздрешаӣ ва наздғилофакӣ …

Муфассал »

КИСТАИ ТУХМДОН

kistai-tuhvdon

КИСТАИ ТУХМДОН, ташкилаест, ки дар тухмдони занҳо падид меояд. Шаклҳои гуногун дорад, мас., фолликулавӣ, кистаи ҷисми зард, кистаи зоидҳои тухмдон ва ғ. Кистаи фолликулавӣ бештар дар занҳои гирифтори хунравии бачадон, миома, аднексит ба мушоҳида мерасад. Қутри К. т., одатан, аз 8 см калон намешавад. Кистаҳои қутрашон то 4 см бидуни …

Муфассал »

«КИТОБ МО АЛ-ФАРҚ»

fusul-fit-tib

«КИТОБ МО АЛ-ФАРҚ» («Китоби фарқ чист?»), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925 м.) дар баёни чигунагии фарқи миёни бемориҳо. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Номи китоб дар сарчашмаҳо ба шаклҳои «Мо ал-фарқ», «Мо ал-фуруқ» ва «Калом фӣ-л-фуруқ байна-л-амроз» низ ёд мешавад. «К.» аз муқаддима, панҷ мақола, ҳар …

Муфассал »