Главная / Илм (страница 33)

Илм

МЕТГЕМОГЛОБИНУРИЯ

metgemoglobinuriia

МЕТГЕМОГЛОБИНУРИЯ, дар таркиби пешоб вуҷуд доштани метгемоглобин. Пешоб бояд орӣ аз метгемоглобин бошад. Дар сурати пайдо шудани он пешоб ранги сурхи ба хун монанд мегирад. М. бисёр вақт ҳангоми гемолизи шадиди дохилирагӣ, баъзе шаклҳои камхунии гемолизӣ, заҳролудӣ аз доруҳо (фенасетин, кодеин) ва моддаҳои химиявӣ (анилин, нитробензол) ба назар мерасад. Пешомади …

Муфассал »

МЕТЕОРИЗМ

meteorizm

МЕТЕОРИЗМ (Meteorism; юн. meteorismos – дамидан, бардоштан), боди шикам, дамиши шикам, тимпания, бо сабаби дар роҳи гувориш ҷамъ шудани газҳо дамиш кардани шикам. Дар роҳи ҳозимаи одами солим ба ҳисоби миёна 900 см3 газ мавҷуд аст, ки барои дар як сатҳ боздоштани тонус ва перисталтикаи рӯдаҳо аҳамияти калон дорад. М. …

Муфассал »

МЕТИОНИН

metionin

МЕТИОНИН (Methioninum), як навъ дору. Барои рушду инкишофи организм зарур аст. М. таъсири липотропӣ дорад, яъне равғани барзиёди ҷигарро дур месозад, дар кори ҳосилшавии адреналин, креатин ва диг. пайвастҳои фаъоли биологӣ иштирок мекунад, таъсири ферментҳо, гормонҳо ва витаминҳоро меафзояд, моддаҳои заҳрнокро безарар мегардонад. М.-ро ҳангоми бемориҳо ва заҳролудии ҷигар, майзадагии …

Муфассал »

МЕТРЕЙРИЗ

metreyriz

МЕТРЕЙРИЗ (Metreurysis; юн. metra – бачадон ва euryno – васеъ кардан), яке аз усулҳои ҷарроҳии акушерӣ. Дар мавриди М. ба ҷавфи бачадони бордор баллони резинӣ (метрейринтер) ворид сохта, онро бо маҳлули изотонии хлориди натрий пур мекунанд. Ба бачадон ворид сохтани метрейринтер ба боз гаштани гарданаи бачадон мусоидат намуда, фаъолияти зоданро …

Муфассал »

МЕТРОСАЛПИНГОГРАФИЯ

metrosalpingografiia

МЕТРОСАЛПИНГОГРАФИЯ (Metrosalphungographia; юн. metra – бачадон, salpinx, salpingos – найча ва grapho – навиштан), гистеросалпингография, яке аз усулҳои тадқиқи рентгенологии бачадон ва нутфароҳа; қабл аз М. бачадон ва нутфароҳа аз гарданаи бачадон бо моддаи контрастӣ карда мешавад. Ҳамзамон бо ин агар ба ҷавфи шикам газ равона созанд, пас ин амалро …

Муфассал »

МЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ

metrotromboflebit

МЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ (Metrothrombophlebitis; аз metra – бачадон ва тромбофлебит), илтиҳоб ва тромбози венаҳои бачадон. М. одатан, оризаи эндометрити баъди зодан аст. Ангезандаи сироят стафилококкҳо, стрептококкҳо, қаламчамикроби рӯда мебошанд. Онҳо ба венаи бачадон роҳ ёфта ба девораи вена ва бофтаҳои атрофи онҳо осеб мерасонанд, боиси дар венаҳо пайдо шудани судда (тромб) мегарданд. …

Муфассал »

МЕТРОЭНДОМЕТРИТ

metroendometrit

МЕТРОЭНДОМЕТРИТ (Metroendometritis; юн metra – бачадон ва эндометрит), газаки мушакпардаю луобпардаи бачадон. Дар сурати ба бачадон ворид шудани микробҳои бемориангез (стрептококк, стафилококк, чӯбчамикроби сил, гонококкҳо ва ғ.) ба вуҷуд меояд. Ба пайдоиши он аксар вақт исқот (хусусан исқоти берун аз бемористон), бемориҳои илтиҳобии узвҳои таносул, риоя накардани гигиенаи муҷомаат, инчунин …

Муфассал »

МЕҲМОНЙӯЛӣ

mehmonyuli

МЕҲМОНЙӯЛӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Мурғоб. Дар соҳ. чапи д. Оқсу, 2 км ҷанубу ғарбтар аз деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Дебиташ 0,2 л/сон., минералнокиаш 4,8 г/л; ҳарор. обаш +240С. Дар таркиби оби чашма натрий (903 мг/л), калий (93,0 мг/л), калсий (93,0 мг/л), магний (16,0 мг/л), гидрокарбонатҳо (2466 мг/л), сулфатҳо (203 …

Муфассал »

МЕҲНАТ

mehnat

МЕҲНАТ, фаъолияти мақсадноки инсон, ки ба табиат таъсир расонда, онро тағйир медиҳад ва сарвати барои зиндагӣ зарурро ба вуҷуд меорад. М. категорияи иҷтимоӣ буда, бо ҷамъияти инсонӣ зич алоқаманд аст. Тамоми неъмате, ки инсоният соҳиб аст, бо М. муҳайё карда мешавад. М. аввалин ва асоситарин омили мавҷудияти инсон аст. Аз …

Муфассал »

МЕЧНИКОВ Иля Илич

mechnikov

МЕЧНИКОВ Иля Илич (15. 05. 1845, деҳаи Ивановка, ҳозира ноҳ. Купянски вил. Харков – 15. 07. 1916, Париж), биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи муқоисавӣ, микробиология ва эмбриологияи эволютсионӣ. Аъзои фахрии АФ Петербург (1902). Ун-ти Харковро (1864) хатм кардааст. С-ҳои 1870 – 82 проф. Ун-ти Новороссийск дар Одесса (ҳоло Ун-ти …

Муфассал »