Главная / Илм / МЕТИОНИН

МЕТИОНИН

metioninМЕТИОНИН (Methioninum), як навъ дору. Барои рушду инкишофи организм зарур аст. М. таъсири липотропӣ дорад, яъне равғани барзиёди ҷигарро дур месозад, дар кори ҳосилшавии адреналин, креатин ва диг. пайвастҳои фаъоли биологӣ иштирок мекунад, таъсири ферментҳо, гормонҳо ва витаминҳоро меафзояд, моддаҳои заҳрнокро безарар мегардонад.
М.-ро ҳангоми бемориҳо ва заҳролудии ҷигар, майзадагии музмин ва диабети қандӣ кор мефармоянд. Онро дар якҷоягӣ бо липокаин барои табобати дистрофияи ғизоӣ дар кӯдакону калонсолон истифода мекунанд. М. ҳангоми атеросклероз миқдори холестеринро дар хун кам ва миқдори фосфолипидҳоро зиёд менамояд, вале ин гуна таъсирот доимӣ нест ва ҳамеша зоҳир намешавад.
М.-ро рӯзе 3 – 4 маротиба истеъмол мекунанд. Вояи якбораи он барои калонсолон 0,5 – 1,5 г, барои кӯдакон 0,1 – 0,5 г (вобаста ба синну сол) аст. Онро як соат пеш аз хӯрок истифода мебаранд. Дар шакли хокка ва қурс истеҳсол карда мешавад.

С. Ҷ. Исуфов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …