Главная / Илм / МЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ

МЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ

metrotromboflebitМЕТРОТРОМБОФЛЕБИТ (Metrothrombophlebitis; аз metra – бачадон ва тромбофлебит), илтиҳоб ва тромбози венаҳои бачадон. М. одатан, оризаи эндометрити баъди зодан аст.
Ангезандаи сироят стафилококкҳо, стрептококкҳо, қаламчамикроби рӯда мебошанд. Онҳо ба венаи бачадон роҳ ёфта ба девораи вена ва бофтаҳои атрофи онҳо осеб мерасонанд, боиси дар венаҳо пайдо шудани судда (тромб) мегарданд. Баъзан тромбҳо зардоб пайдо мекунанд. Сироят мумкин аст бо хун ба венаҳои кос ва диг. мавзеъҳои бадан низ паҳн гардад.
Андаке баланд шудани ҳарорат (ғайр аз мавридҳои фасод пайдо кардани судда, ки ҳарорат ба 40 – 41° мерасад), дарди зери шикам, тез задани набз, дуру дароз аз аъзои таносул омадани обияти хунолуд ва ғ. нишонаҳои М. мебошанд. Баъзан беморӣ венаи пойҳоро низ фаро мегирад.
М. дар шароити беморхона муолиҷа карда мешавад: риояи низоми бистарӣ, доруҳои зиддибактериявӣ, рафъи дард, инчунин парҳез, истифодаи гепарин, баъзан неодикумарин, фенилин ва ғ. Ниг. низ Бемориҳои баъди зодан.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …