Главная / Илм / МЕТЕОРИЗМ

МЕТЕОРИЗМ

meteorizmМЕТЕОРИЗМ (Meteorism; юн. meteorismos – дамидан, бардоштан), боди шикам, дамиши шикам, тимпания, бо сабаби дар роҳи гувориш ҷамъ шудани газҳо дамиш кардани шикам. Дар роҳи ҳозимаи одами солим ба ҳисоби миёна 900 см3 газ мавҷуд аст, ки барои дар як сатҳ боздоштани тонус ва перисталтикаи рӯдаҳо аҳамияти калон дорад. М. дар натиҷаи барзиёд ҳосил шудани газҳо, ки аз истеъмоли баъзе хӯрокворӣ (картошка, шир, лӯбиё, нахӯд, нони сиёҳ, сабзавот) рух менамояд, дуру дароз дар рӯда нигоҳ дошта шудан ва дуруст ҷаббиш наёфтани онҳо (бинобар атония ё илтиҳоби рӯда) ва ғ. сар мезанад. М. ҳамчунин имкон дорад, ки дар мавриди аз ҳад зиёд фурӯ бурдани ҳаво (ниг. Аэрофагия) ба вуҷуд ояд.
М. аломати асосии панкреатити музмин ва шадид, колити музмин, дисбактериози рӯда, перитонит, ногузарогии рӯда ва нимфилати меъда мебошад. М. зери таъсири рефлексии ягон узви иллатӣ (мас., шикампарда) низ ба вуҷуд меояд. М. метавонад умумӣ ва ҷузъӣ шавад; М.-и ҷузъӣ ғун шудани газ дар меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта ё ягон бахши рӯдаи ғафс аст.
Ҳангоми М. вазнинӣ ва дамиши шикам, оруғ, ҳикак, дарди қабзкунанда (баъди баромадани газ нест мешавад), бӯи бади даҳон, хуруҷи стенокардия ва ғ. эҳсос мешавад.
Қабл аз муолиҷа сабаби М.-ро муқаррар кардан лозим аст. Истифодаи ҳуқна, доруҳои мусҳил ва гармкунак то аниқ шудани беморӣ ҷоиз нест. Агар сабаби пайдоиши М. ғизо ё ягон беморӣ бошад, пас парҳез мефармоянд; истеъмоли сабзавоти тару тоза, нони сиёҳ, мева ва ширро ҳатталимкон кам кардан лозим аст. Барои паст кардани дамиши шикам доруҳои гуногун мавҷуданд, ки онҳоро бо тавсияи духтур метавон истифода бурд. Табобати бемории асосӣ низ муҳим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …