Главная / Илм (страница 32)

Илм

МЕНИНГИОМА

meningioma

МЕНИНГИОМА (Meningioma), омосе, ки аз ҳуҷайраҳои маинапардаи сахт – бофтаҳое, ки майнаро фаро гирифтаанд, месабзад. М. бемории маъмул аст. М. метавонад дар ҳама қисматҳои ҷумҷума падид ояд. Аломатҳои беморӣ ба ҷойгоҳи он вобаста мебошанд. Ҳангоми М. дасту по нимфалаҷ (парез) ва босира заиф шуда, дубинӣ рух медиҳад, хуруҷи саръ (эпилепсия) …

Муфассал »

МЕНИНГОКОКК

meningokokk

МЕНИНГОКОКК (Menungococcus), як намуди диплококкҳои грамманфӣ. М. ангезандаи бемориҳои менингококкӣ мебошанд. Андозаи М. 0,6 – 1,0 мкм аст. Ба шакли донаи қаҳва буда, дар моеи ҳароммағз ҷой мегиранд. Онҳо фақат дар муҳите меафзоянд, ки дорои сафедаи одам ё ҳайвонот аст. М. экзотоксин ҳосил намекунад. М. аз таъсири гармӣ (650С) баъди …

Муфассал »

МЕНИНГОКОККЕМИЯ

meningokokkemiia

МЕНИНГОКОККЕМИЯ (Meningococcaemia), як навъ бемории сироятии хеле вазнин; ба таври шадид оғоз меёбад. Ҳарорат ба 39 – 41°С расида, мариз табларза мекунад. Пайдоиши табу тасф ба дараҷаи вазнинии беморӣ мувофиқ намеояд. Дар мавриди инкишофи садамаи сироятӣ-заҳрӣ ҳарорат, одатан, паст мефарояд ё мӯътадил аст. Дар баробари афзудани ҳарорат, аломатҳои дигари заҳролудӣ …

Муфассал »

МЕНОПАУЗА

menopauza

МЕНОПАУЗА (Menopausa), давраи қатъи ҳайз. М. бинобар хомӯш шудани фаъолияти тухмдонҳо ба вуҷуд меояд. М. гуфта ҳамон ҳолатеро меноманд, ки агар аз ҳайзи охири зан камаш як сол сипарӣ шуда бошад. М. табиӣ ва сунъӣ мешавад. М.-и табиӣ ба харобии синнусолии захираи фолликулаҳо дар тухмдон вобаста аст. М. асосан дар …

Муфассал »

МЕТАБОЛИЗМ

metabolizm

МЕТАБОЛИЗМ (аз юн. metabole – тағйирёбӣ, табаддулот), маҷмӯи реаксияҳои химиявӣ дар ҳуҷайраҳои зинда, ки организмро бо энергия ва моддаҳои барои фаъолияти ҳаётӣ, сабзишу афзоиш муҳим таъмин менамоянд. Ба маънои васеъ «М.» мубодилаи моддаҳо ва энергия, ба маънии саҳеҳтар мубодилаи мобайнӣ, яъне табаддулоти моддаҳоро дар дохили ҳуҷайра ифода мекунад (аз лаҳзаи …

Муфассал »

МЕТАГОНИМОЗ

metagonimoz

МЕТАГОНИМОЗ, як навъ бемории киҷҷавист аз гурӯҳи трематодозҳо. Ангезандааш – Metagonimus yokogawai. Дарозии гелминт 1,0 – 2,5 мм мешавад; дар рӯдаи борики саг, гурба, баъзе ҳайвоноти ваҳшӣ ва одам зиндагӣ мекунад. Ҳомили мобайнии онҳо нармбаданҳои оби ширин, ҳомилони иловагӣ бошанд, моҳиҳои дарёҳо (зағорамоҳӣ, гулмоҳӣ ва ғ.) мебошанд. Одам ҳангоми истеъмоли …

Муфассал »

МЕТАМОРФОПСИЯ

metamorfopsiya

МЕТАМОРФОПСИЯ (Metamorphopsia; юн. metamorpho[sis] – табдил ёфтан ва opsis – биноӣ), дарки нодурусти андоза ва шакли ашё ба воситаи чашм. Ғалат дидани андозаи ашё мумкин аст ҳангоми ихтилоли татобук ба мушоҳида расад. Инҳироф (таҳриф)-и шакли ашё яке аз аломатҳои ноҷӯрӣ дар мавзеи доғи зарди шабакияи чашм аст. Ин гуна беморонро …

Муфассал »

МЕТАН

metan

МЕТАН CH4, гази ботлоқӣ, , як навъ карбогидрид. М. гази сӯзанда, берангу бӯй; t ҷӯш. – 164,5°С, t гуд. – 182,5°С, зичиаш нисбат ба ҳаво 0,554 (20°С); ҳангоми бо ҳаво якҷоя шудан (дар сурати ба 5 – 15% расидани консентратсия), омехтаи тарканда ҳосил мекунад. М. қисми таркибӣ ва асосии газҳои …

Муфассал »

МЕТАСТАЗ

metastaz

МЕТАСТАЗ (Metastasis; ба маънои гузариш, ҷойивазкунӣ), манбаи дуюми беморӣ, ки дар натиҷаи аз манбаи якуми он ба организм паҳн гаштани омили бемориовар (ҳуҷайраҳои омос, ангезандаи сироят ва ғ.) пайдо мешавад. Вобаста ба тарзи густариш М.-ҳои лимфагенӣ ва гематогениро фарқ мекунанд. Аз рӯи тасаввуроти ҳозира М. густариш (диссеминатсия)-и ҳуҷайраҳои омоси бадфарҷомро …

Муфассал »

МЕТГЕМОГЛОБИНЕМИЯ

metgemoglobinemiia

МЕТГЕМОГЛОБИНЕМИЯ, дар таркиби хун афзудани миқдори метгемоглобин (зиёда аз 1% аз миқдори умумии гемоглобин). Метгемоглобин ҳосилаи гемоглобин буда, қобилияти интиқоли оксигенро надорад. М. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. М.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи тамос бо моддаҳои химиявӣ (оксидкунандаҳо, баъзе ҳосилаҳои бензол, анилин, оксидҳои нитроген ва ғ.), заҳролудӣ аз доруҳо (фенасетин, викасол, доруҳои …

Муфассал »