Главная / Илм / МЕТРЕЙРИЗ

МЕТРЕЙРИЗ

metreyrizМЕТРЕЙРИЗ (Metreurysis; юн. metra – бачадон ва euryno – васеъ кардан), яке аз усулҳои ҷарроҳии акушерӣ. Дар мавриди М. ба ҷавфи бачадони бордор баллони резинӣ (метрейринтер) ворид сохта, онро бо маҳлули изотонии хлориди натрий пур мекунанд. Ба бачадон ворид сохтани метрейринтер ба боз гаштани гарданаи бачадон мусоидат намуда, фаъолияти зоданро метезонад, ҳангоми кӯчидани ҳамроҳаки дар пеш ҷойгирифта онро ба девораи бачадон зер ва хунравиро кам мекунад. Солҳои пеш М. бисёр истифода мешуд. Феълан онро бинобар дар амал татбиқ шудани диг. усулҳои босамари ҷарроҳӣ хеле кам кор мефармоянд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …