Главная / Илм / МЕЧНИКОВ Иля Илич

МЕЧНИКОВ Иля Илич

mechnikovМЕЧНИКОВ Иля Илич (15. 05. 1845, деҳаи Ивановка, ҳозира ноҳ. Купянски вил. Харков – 15. 07. 1916, Париж), биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи муқоисавӣ, микробиология ва эмбриологияи эволютсионӣ. Аъзои фахрии АФ Петербург (1902). Ун-ти Харковро (1864) хатм кардааст. С-ҳои 1870 – 82 проф. Ун-ти Новороссийск дар Одесса (ҳоло Ун-ти давлатии Одесса ба номи И. И. Мечников). С. 1886 бо ҳамроҳии Н. Ф. Гамален якумин бунгоҳи бактериологии русро барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ ташкил кард. С. 1887 ба Париж омада, дар Ин-ти Л. Пастер кор кард. Бо ҳамроҳии А. О. Ковалевский қонуниятҳои умумии инкишофи ҳайвоноти бемӯҳра ва мӯҳрадорро муайян намуда, ба эмбриологияи эволютсионӣ асос гузошт. С. 1882 ҳодисаи фаготситозро ошкор ва дар асоси он патологияи муқоисавии илтиҳоб (1892) ва назарияи фаготситии иммунитетро ба вуҷуд овард. М. масъалаи пиршавиро тадқиқ карда, ба хулоса омад, ки пирӣ ва марг дар натиҷаи худзаҳролудии организм ба амал меояд. Дар асоси ин ақида як қатор воситаҳои пешгирии худзаҳролудшавии организмро пешниҳод намуд (стерилизатсия кардани хӯрок, кам хӯрдани гӯшт, истеъмоли ширу ҷурғот ва ғ.). М. дар асарҳояш масъалаҳои илму фалсафаро низ муҳокима ва мулоҳиза кардааст. Лауреати Мукофоти нобелӣ (1908, якҷоя бо П. Эрлих).
Ад.: Избранные биологические произведения, М., 1950; Академическое собрание сочинений, т. 1 – 16, М., 1950 – 64.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …