Главная / Илм / МЕҲНАТ

МЕҲНАТ

mehnatМЕҲНАТ, фаъолияти мақсадноки инсон, ки ба табиат таъсир расонда, онро тағйир медиҳад ва сарвати барои зиндагӣ зарурро ба вуҷуд меорад. М. категорияи иҷтимоӣ буда, бо ҷамъияти инсонӣ зич алоқаманд аст. Тамоми неъмате, ки инсоният соҳиб аст, бо М. муҳайё карда мешавад. М. аввалин ва асоситарин омили мавҷудияти инсон аст. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ М. ба фикрӣ ва ҷисмонӣ тақсим мешавад.
Пешрафти техника, механиконӣ ва автоматонии корҳои заҳматталаб ва барои саломатӣ зарарнок баҳри беҳтар гаштани шароити М., кам шудани бемориҳои касбӣ ва зарбу лат мусоидат мекунад. Аммо якбора кам шудани М.-и ҷисмонӣ ба саломатӣ ва асаби одам таъсири манфӣ мерасонад. Фақат дар сурати бо ҳам пайвастнаи М.-и ҷисмонӣ ва фикрӣ, варзиши доимӣ ва дуруст ба роҳ мондани меҳнату истироҳат қоиблияти кориро солҳои дароз нигоҳ доштан мумкин аст. Дараҷаи қобилияти кории одам ба як қатор омилҳо вобастагӣ дорад. М. бояд сарчашмаи хурсандӣ ва қаноатмандии маънавӣ бошад. Шавқи беандоза ба М. қобилияти кориро меафзояд. М. одамро боинтизом мекунад, ҳаётро ба низоми муайян медарорад, сарчашмаи саломатӣ ва бардамӣ мебошад. Вайрон кардани низоми муқаррарии меҳнату истироҳат аксар вақт боиси заъфи қобилияти корӣ ва пир шудани организм мегардад. Шарти муҳими қобилияти баланди корӣ тадриҷан ба кор дода шудан аст. Одам ба М.-и ҷисмонӣ нисбат ба М.-и фикрӣ зудтар шурӯъ мекунад. Баъди М. – и ҷисмонӣ ӯ метавонад дарҳол ба истироҳат машғул шавад, баъди анҷом ёфтани М.-и фикрӣ, барои дигар шудани фаъолияти асаб муддати муайян лозим аст. Аз ин сабаб кори бошиддати фикриро 1 – 2 соат пеш аз хоб қатъ намудан зарур меояд, дар акси ҳол ба бехобӣ гирифтор шудан мумкин аст.
Тартиб асоси қобилияти хуби корист. Он, одатан, ба хислати одам, ба мақсади ӯ вобаста аст. Тартиби кор бояд мӯътадил, мақсаднок ва мувофиқи имкониятҳои физиологии организм бошад. Бенизомӣ дар иҷрои корҳои технологӣ, нобарории кор дар давоми рӯз, ҳафта ва моҳ боиси кам шудани қобилияти корӣ, номуташаккилии кор, саҳву иштибоҳ, хастагӣ мегардад. Барои қобилияти баланди корӣ шароити мӯътадили гигиенӣ, рӯшноии хуб, коргоҳи мувофиқ, тарзи дурусти истод, инчунин муносибати нек нисбати ҳамдигар аҳамияти калон дорад.
МЕҲНАТИ ЗАНОН. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зану мард дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар меҳнат баробарҳуқуқуқ мебошанд. Татбиқи ин қонунгузорӣ баробарҳуқуқӣ бо роҳи ба зан пешниҳод намудани кори кафолатнок, яъне доимӣ, устувор (аз ҷумла пешниҳод кардани ҳуқуқи интихоби касбу ҳунар, машғулият ва кор мевофиқи истеъдод, қобилият, тайёрии касбӣ, маълумот дар асоси ба ҳисоб гирифтани талаботи ҷамъият) таъмин карда мешавад. Ба меҳнати занон, ҳамчунин ба меҳнати мардон, мувофиқи миқдор ва сифати он ва ба андозаи на камтар аз ҳаҷми минималии муқаррар кардаи давлат ҳақ дода мешавад. Ҳар як маҳдудсозии бевосита ё бавоситаи ҳуқуқи занон, мас., аз рӯи ҷинсият ба кор қабул накардан, монеъшавӣ ба пешравии хизматӣ, барои меҳнати бо мардон баробар муқаррар намудани музди кам манъ карда шудааст.
Қонун хусусиятҳои физиологии организми занро ба назар гирифта, меъёрҳои махсусро муқаррар кардааст, ки онҳо ба муҳофизати саломатии зан ва фароҳам овардани шароите равона карда шудаанд, ки ҳам барои меҳнат ва ҳам барои ба ҷо овардани қарзи модарӣ имкон медиҳанд. Қонун ба корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарноки ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, инчунин ба корҳои зеризаминӣ (ба ҷуз баъзе корҳои ғайриҷисмонӣ ё корҳои хизматрасонии санитарӣ ва маишӣ) истифода бурдани меҳнати занонро манъ менамояд.
Баробари дар истеҳсолот ҷорӣ шудани комёбиҳои илму техника, механиконӣ ва автоматонии раванди кор, истифодаи механизм ва мошинҳои ҳозиразамон имконият доданд, ки доираи фаъолияти меҳнатии занон хеле васеъ гардад.
Ба беҳтар кардани шароити кори занон дар корхонаҳо диққати махсус дода мешавад. Чун қоида, ба кори шабона ҷалб намудани занон манъ карда шудааст.
Он баъзан ҳамчун чорабинии муваққатӣ иҷозат дода мешавад. Азбаски дар саноати сабук бештар занон кор мекунанд, ба коргарони ихтисосҳои асосӣ ва баъзе ихтисосҳои ёрирасони корхонаҳо рухсатии ҳарсолаи иловагии музднок муқаррар карда шудааст. Ниг. низ Имтиёзҳо ба занони ҳомила ва занони фарзанддор, Ёрдампулӣ барои таваллуди кӯдак.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …