Главная / 2018 / March (страница 21)

Архив Месяца: March 2018

Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ ба меҳнат

moddai-6-kodeksi-mehnat

Моддаи 6-и Кодекси Меҳнат. Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ ба меҳнат Ҳуқуқи ҳеҷ кас ба меҳнат наметавонад маҳдуд карда шавад, ба истиснои ҳолатҳо ва тартибе, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

Муфассал »

Озодии меҳнат

moddai-5-kodeksi-mehnat

Моддаи 5-и Кодекси Меҳнат. Озодии меҳнат Ҳар кас ҳуқуқ дорад бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва ё ба меҳнат озодона ризоият диҳад, ба малакаи худ ба меҳнат ихтиёрдорӣ кунад, касб ва самти фаъолиятро интихоб кунад.

Муфассал »

Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

moddai-4-kodeksi-mehnat

Моддаи 4-и Кодекси Меҳнат. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат инҳоянд: – озодии меҳнат; – манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ; – манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон …

Муфассал »

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

moddai-3-kodeksi-mehnat

Моддаи 3-и Кодекси Меҳнат. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба баробарии манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодӣ, самаранокии истеҳсолот ва баланд бардоштани некуаҳволии одамон равона гардидааст.

Муфассал »

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

moddai-2-kodeksi-mehnat

Моддаи 2-и Кодекси Меҳнат. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Муфассал »

Мафҳумҳои асосӣ

moddai-1-kodeksi-mehnat

Моддаи 1-и Кодекси Меҳнат. Мафҳумҳои асосӣ Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: – азнавтайёркунӣ – шакли таҳсили касбии корманд, ки барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар имконият медиҳад; – аттестатсияи корманд – тартиби муайян намудани мувофиқати корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолнамудааш (кори иҷро менамудааш) бо роҳи …

Муфассал »

МУШУНГ

mushung

МУШУНГ (Pisum sativum), нахӯди даштӣ, растаниест яксола. Баландиаш то 1 м; пояаш ғафси камшохча, баргаш мураккаб (аз 2 – 3 ҷуфт баргча иборат), гулаш калони одатан ҳарранга, баъзан сафедтоб, ғилофакаш 6 – 8-тухма, тухмаш мудаввари зарди сабзча, сурхтоби холдор. Моҳҳои июн – июл гул ва июл – авг. мева мекунад. …

Муфассал »

МУШХОР

mushkhor

МУШХОР (Arctium tomentosum), парам, патрун, эзорчаспак, гиёҳест дусола. Аз 60 то 150 см қад мекашад. Пояаш сершохи сурхча, баргаш калон, гулаш бунафши сиёҳтоб, мевааш дорчинии хокистарранг ё бӯр. Июн – авг. гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар нишебии теппаҳо, заминҳои партов, боғ, ҷойҳои сернаму соя, қад – қади …

Муфассал »

МӯЙ

muy

МӯЙ (Pili), торҳои найчамонанди маҳин ва нозуке, ки аз пӯст мерӯянд. М. ба ғайр аз кафи даст, пошнаи пой, пушти буғумҳои нохундор, лаб ва баъзе қисмҳои дигар қариб тамоми бадани одамро фаро гирифтааст. М. дароз (дар сар, занах, зери ноф, зери каш), қилмонанд (абрӯвон, мижгон ва ғ.) ва пашмакмонанд (дар …

Муфассал »

МӯРД

murd

МӯРД (Myrtus communis), растаниест ҳамешасабз. Баргҳои муқобили ҳамдигар ҷойгиршуда, гули аксар тоқа дорад. M.-ро аз қадимулайём чун растании ороишӣ кишт мекунанд. Баргу пояаш равғани эфир дорад. Бинобар ин, онро чун хӯриши таом ва дар атриёт истифода мебаранд. Барг, тухм ва меваи М.-ро дар тибби халқии Ҳиндустон, Арабистон, Осиёи Марказӣ ва …

Муфассал »