Главная / Ҷамъият / Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосӣ

Моддаи 1-и Кодекси Меҳнат. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

азнавтайёркунӣ – шакли таҳсили касбии корманд, ки барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар имконият медиҳад;

аттестатсияи корманд – тартиби муайян намудани мувофиқати корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолнамудааш (кори иҷро менамудааш) бо роҳи арзёбии иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ;

аттестатсияи ҷойи кор оид ба шароити меҳнат – низоми баҳисобгирӣ, таҳлил ва арзёбии маҷмўии баҳодиҳӣ ба омилҳои муҳити истеҳсолӣ, раванди меҳнати вазнин ва пуршиддат марбут ба ҷойи кори муайян, ки ба қобилияти корӣ ва саломатии корманд дар рафти фаъолияти меҳнатӣ таъсир мерасонанд;

баҳси меҳнатии коллективӣ – ба мувофиқа нарасидани корфармоён (иттиҳодияҳои корфармоён) ва коллективи кормандон (намояндагони кормандон) оид ба масъалаҳои муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилот, бастан ва иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин татбиқи муқаррароти Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

баҳси меҳнатии фардӣ – ба мувофиқа нарасидани корфармо ва корманд оид ба масъалаҳои татбиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити меҳнати дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда;

бекорӣ – зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад;

бемории касбӣ – беморие, ки ба он корманд бар асари таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ гирифтор шудааст;

бехатарии меҳнат – маҷмўи чорабиниҳо, ки барои таъмини ҳифзи кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равона шуда, таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолиро истисно мекунанд;

бозори меҳнат – доираи ташаккули талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;

брон – банд кардани ҷойҳои кории холӣ барои гурўҳи муайяни шахсон;

вазифа (мансаб) – мавқеи хизматии корманд, ки ба доираи уҳдадориҳо, ҳуқуқҳои вазифавӣ ва хусусиятҳои масъулияти ў вобастагӣ дорад;

вайрон кардани интизоми меҳнат – аз тарафи корманд риоя накардани талаботи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот;

вақти истироҳат – вақте, ки корманд дар давоми он мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ гардонидани манфиатҳои шахсӣ ва барқарор намудани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад;

вақти корӣ – вақте, ки дар давоми он корманд тибқи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, реҷаи корӣ ва ё шартҳои шартномаи меҳнатӣ уҳдадориҳои меҳнатии худро бояд иҷро намояд;

вахта – фаъолияти меҳнатӣ берун аз ҷойи истиқомати доимӣ, ки ҳангоми он бозгашти ҳамарўзаи кормандон ба ҷойи истиқомати доимӣ таъмин карда намешавад;

воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон – воситаҳое, ки барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истифода бурда мешаванд;

воҳидҳо – коргоҳ, қитъа, бригада, шуъба, идора ва дигар воҳидҳои сохтории ташкилот;

дағалона вайрон кардани интизоми меҳнат – ба ҷойи кор дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан, бе сабабҳои узрнок дар давоми рўзи корӣ зиёда аз 3 соат дар ҷойи кор набудан, қасдан вайрон намудан ё дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, бехатарӣ аз сўхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз он ҷумла марг ё ҷароҳати инсон, садама ё сўхтор гардидааст;

дараҷаи тахассус – сатҳи омодагии умумӣ ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи ҳуҷҷатҳои тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида (аттестат, диплом, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор) тасдиқ мешавад;

дар ду (якчанд) ҷой кор кардан – тибқи шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробари кори асосӣ ва ё берун аз он иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии музднок;

изофакорӣ – коре, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давомнокии вақти кории ҳаррўзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кории давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад;

интизоми меҳнат – риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот;

иттифоқи касаба – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие, ки шаҳрвандонро вобаста ба манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳояшон муттаҳид менамояд;

иттиҳодияи корфармоён – ташкилоти ғайритиҷоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзои худ дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъсис медиҳанд;

ихтисос – маҷмўи дониш, кордонӣ ва малакаи тавассути омодагии махсус ва таҷрибаи кории андўхташудае, ки барои иҷрои навъи муайяни фаъолияти меҳнатӣ дар доираи касби мазкур зарур аст ва бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи таҳсилот тасдиқ мешавад;

касб – намуди фаъолияти меҳнатие, ки донишу малакаи тавассути омўзиш ва таҷриба андўхташударо тақозо менамояд;

кафолати ҳуқуқҳои кормандон ба ҳифзи меҳнат – шароит ва воситаҳое, ки ба корманд имконияти пурраи истифода бурдани ҳуқуқҳои тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро оид ба ҳифзи меҳнат медиҳанд;

квота – ҳиссаи (қисми) ҷойҳои корие, ки ташкилот, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, барои бо кор таъмин кардани шахсе, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ дорад, пешниҳод мекунад;

кори мувофиқ – коре, ки онро шахс иҷро карда метавонад, ба ҷинс, маълумот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ, шароитҳои ҷойи кори охирин (ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок), вазъи саломатии ў мувофиқ буда, аз маҳалли зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар роҳ) ҷойгир шудааст ва музди меҳнат барои он дар сатҳи на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали расман муқарраршуда кафолат дода мешавад;

кори фосилавӣ (дистансионӣ) – шакли махсуси амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор;

корманд (корманди кироя) – шахсе, ки бо корфармо дар асоси шартномаи меҳнатии басташуда дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад;

корманди мавсимӣ – корманде, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ дар тамоми давраи соли тақвимӣ корро иҷро карда наметавонад ва онро дар давраи муайяни мавсим иҷро мекунад;

корманди хонагӣ – шахсе, ки корро (хизматро) дар хоҷагии корфармо – шахси воқеӣ иҷро менамояд;

корманди хонакор – шахсе, ки корро дар хонаи худ ё ҷойи барои иҷрои кор мувофиқ бо меҳнати шахсӣ анҷом медиҳад;

корфармо – шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои он, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахси воқеӣ, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатиро доранд;

қоидаҳои ҳифзи меҳнат – санади меъёрии ҳуқуқии дорои талабот оид ба ҳифзи меҳнат, ки иҷрои он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми машғул шудан ба намуди муайяни фаъолият, аз ҷумла ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи иншоот, ихтирои мошин, механизм ва таҷҳизоти дигар, таҳияи равандҳои технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад;

мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ – мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнатбуда, ки сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои давлатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд;

меҳнат – фаъолияти инсон, ки барои ба вуҷуд овардани арзишҳои моддӣ, маънавӣ ва дигар неъматҳо равона гардида, барои ҳаёт ва қонеъ намудани талаботи инсон ва ҷомеа зарур аст;

меъёрҳои меҳнат – меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасонӣ, шумора, супоришҳои бамеъёргирифташуда барои кормандон мутобиқи сатҳи дастовардҳои техникӣ, технология, ташкили истеҳсолоту меҳнат ва барои гурўҳи алоҳидаи кормандон, бо назардошти омилҳои физиологӣ, ҷинсӣ ва синну сол;

музди меҳнат – маҷмўи подошҳои бо воҳиди пулӣ ҳисобкардашудае, ки корфармо уҳдадор аст онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти корӣ дохил мешавад, пардохт намояд;

музокироти коллективӣ – раванди тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардашудаи гуфтушунидҳои коллективӣ, ки муносибати байни кормандон (намояндагони кормандон) ва корфармоён (намояндагони корфармоён) – ро ҷиҳати таъмини имконияти иштироки озодона дар ҳалли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ, муҳокимаи онҳо, тайёр ва бамувофиқарасонии лоиҳаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, ба имзо расонидани онҳо таъмин мекунад;

муносибатҳои меҳнатӣ – муносибати байни корманд ва корфармо, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба вуҷуд меоянд;

мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат – аз тарафи корманд такроран вайрон кардани уҳдадориҳои меҳнатӣ дар давраи амали ҷазои интизомии ба ў татбиқшуда;

мутахассис – шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбиро соҳиб шудааст, ки ба ў имконият медиҳад дар соҳаи муайян фаъолияти касбӣ намояд;

мутахассиси ҷавон – шахсе, ки ба ташкилот баъд аз хатми шуъбаи рўзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо роҳхати муассисаи мазкур ба кор қабул шудааст;

намояндагони кормандон дар ташкилотҳо (минбаъд – намояндагони кормандон) – шахсоне, ки аз тарафи коллективи кормандон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои онҳо интихоб гардидаанд;

намояндаи ваколатдори корфармо – роҳбари (муовинони ў) ташкилот (воҳиди таркибӣ) ё корманди дигаре, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корфармо ба ў ҳуқуқи қабули қарорҳоро, ки аз муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманд бармеоянд, додааст;

намояндаи иттифоқи касаба – роҳбари иттифоқи касаба ё шахси дигаре, ки мутобиқи оиннома (низомнома) ё бо қарори мақоми дахлдори иттифоқи касаба барои намояндагӣ ваколатдор карда шудааст;

омили зараровари истеҳсолӣ – омили истеҳсолие, ки таъсири он метавонад боиси беморшавии корманд гардад;

омили хатарноки истеҳсолӣ – омили истеҳсолие, ки таъсири он ба корманд метавонад боиси гирифтани ҷароҳат гардад;

омилҳои истеҳсолии фаъолияти меҳнатӣ – шароитҳои техникӣ, санитарию гигиенӣ, истеҳсолию маишӣ ва дигар шароитҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд;

омилҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнатӣ – андозаи музди меҳнат, давомнокии вақти корӣ, рухсатӣ ва дигар шартҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин созиши тарафҳо муайян намудаанд;

рухсатӣ – вақте, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти нигоҳ доштани ҷойи кору мансаб аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро бо хоҳиши худ барои фароғат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ ва қонеъ гардонидани дигар талабот истифода менамояд;

санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) – санадҳои меъёрии аз тарафи мақомоти дахлдори идоракунии ташкилот бо розигии мақомоти намояндагии кормандон қабулнамудае, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим намуда, дар ҳудуди ташкилот амал мекунанд;

сафари хизматӣ – тибқи супориши корфармо ба муҳлати муайян ба маҳалли дигар барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ фиристодани корманд;

созишнома – санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва соҳавӣ баста шудааст;

соли корӣ – фосилаи вақте, ки ба давомнокии соли тақвимӣ баробар буда, барои ҳар як корманд алоҳида аз рўзи қабул ба кор ҳисоб карда мешавад;

тайёркунии касбӣ – шакли тайёрии касбӣ, ки барои инкишофи иловагии шахс ва гирифтани малакаи нав барои иҷрои кори муайян зарур аст;

такмили ихтисос – шакли таҳсилоти касбӣ, ки барои дастгирӣ кардан, васеъ намудан ва таҳкиму такмили дониш, малакаю маҳорати касбии қаблан гирифтаи корманд имконият медиҳад;

тарафҳои шартномаи меҳнатӣ – корфармо ва корманд;

таҷрибаомўзӣ – намуди истифодаи амалии донишҳои назариявӣ ва пайдо намудани маҳорату малакаи касбӣ бо роҳи шиносшавӣ ва иштирок дар фаъолияти ташкилот;

фаъолияти истеҳсолӣ – маҷмўи амалҳои корманд бо истифода аз олоти меҳнате, ки барои табдил додани захираҳо ба маҳсулоти тайёр зарур буда, аз истеҳсол ва коркарди намудҳои гуногуни ашёи хом, сохтмон, иҷрои кор ва намудҳои гуногуни хизматрасонӣ таркиб меёбад;

хизмати гражданӣ – фаъолияти касбии хизматчии гражданӣ оид ба иҷрои ваколатҳои мансабӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ равона гардидааст;

хизматчии гражданӣ – ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби воҳидии музднокро дар мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои мансабӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои онҳо, амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд;

ҳадди ақали музди меҳнат – маблағи пулии ҳадди ақали ҳатмии муқарраршудае, ки корфармо онро дар давоми як моҳ барои кор дар шароити муътадил, бо риояи давомнокии вақти кории муайяннамудаи Кодекси мазкур ва барои иҷрои уҳдадориҳои муайян ба корманд пардохт менамояд;

ҳифзи меҳнат – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунад;

ҷойи кор – ҷойи доимӣ ё муваққатии аз тарафи корфармо таъсисдодашудае, ки корманд дар раванди фаъолияти меҳнатӣ уҳдадориҳои меҳнатиашро иҷро менамояд;

шарикии иҷтимоӣҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоию меҳнатие, ки ба таъмини мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд;

шароити бехатари меҳнат – шароити меҳнате, ки дар он таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истисно карда шудааст ё дараҷаи таъсири онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд намебошад;

шароити меҳнат – шартҳои пардохти музди меҳнат, бамеъёрдарории меҳнат, реҷаи вақти кор ва вақти истироҳат, тартиби ҷобаҷогузории касб (вазифа), васеъкунии ҳудуди хизматрасонӣ, иҷрои вазифаи корманди муваққатан ҳузурнадошта, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, шароити техникӣ, омилҳои истеҳсолӣ – иҷтимоӣ ва дигар шартҳои бо созиши тарафҳо мувофиқашуда;

шартномаи коллективӣ – санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатиро дар ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ ба танзим медарорад ва аз ҷониби намояндагони корфармо ва кормандон баста мешавад;

шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ (минбаъд – шартномаи меҳнатӣ) – созиши байни корфармо ва корманд, ки тибқи он корманд уҳдадор аст корҳоро аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад;

шартномаи таҳсил – созиши хаттӣ байни корфармо ва корманд оид ба шартҳои таҳсил, гузаштани таҷрибаомўзӣ, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос;

шартҳои махсуси кор – низом ва андозаи пардохти музди меҳнат, имтиёзҳо, низоми кор, муқаррар намудан ва ё барҳам додани вақти нопурраи корӣ, якҷоякунии ихтисос, тағйир додани дараҷа ва номгўйи вазифаҳо;

шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ – занони ҳомила ва дигар кормандоне, ки дар тарбия ва нигоҳубиниашон кўдаки то чордаҳсола, кўдаки маъюб ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, доранд;

шуғл – ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …