Главная / 2018 / March (страница 20)

Архив Месяца: March 2018

Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ

moddai-16-kodeksi-mehnat

Моддаи 16-и Кодекси Меҳнат. Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ Муносибатҳои меҳнатӣ байни корманд ва корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, …

Муфассал »

Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ

moddai-15-kodeksi-mehnat

Моддаи 15-и Кодекси Меҳнат. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Роҳбари филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ метавонад дорои тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо аз номи шахси ҳуқуқии хориҷии мазкур бошад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манфиати кормандон ва корфармоёнро дар доираи ваколаташон, ки бо Кодекси мазкур …

Муфассал »

Ҳисобкунии муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда

moddai-14-kodeksi-mehnat

Моддаи 14-и Кодекси Меҳнат. Ҳисобкунии муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда Муҳлате, ки бо он Кодекси мазкур оғоз, тағйир ва ё қатъи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро вобаста мекунад, аз рўзи дигари баъд аз санаи тақвимӣ, ки оғози онро муайян намудааст, сар мешавад. Муҳлатҳое, ки бо солҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо ба ҳисоб гирифта …

Муфассал »

Тартиби мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои корфармо бо намояндагони кормандон

moddai-13-kodeksi-mehnat

Моддаи 13-и Кодекси Меҳнат. Тартиби мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои корфармо бо намояндагони кормандон Дар ҳолатҳои бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқарраршуда, корфармо бо мувофиқа ё машварати пешакии намояндагони кормандон санад қабул менамояд. Пеш аз қабули санад, корфармо лоиҳаи он ва асоснокиашро ба …

Муфассал »

Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

moddai-12-kodeksi-mehnat

Моддаи 12-и Кодекси Меҳнат. Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ Сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд. Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), шартномаи меҳнатӣ ва шартномаҳои коллективӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки …

Муфассал »

Шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективии тарафҳои шарикии иҷтимоӣ

moddai-11-kodeksi-mehnat

Моддаи 11-и Кодекси Меҳнат. Шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективии тарафҳои шарикии иҷтимоӣ Муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба он алоқаманд, дар баробари Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ танзим мегарданд. Муқаррароти созишномаи тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, шартномаи меҳнатӣ ва шартномаҳои …

Муфассал »

Санадҳои корфармо

moddai-10-kodeksi-mehnat

Моддаи 10-и Кодекси Меҳнат. Санадҳои корфармо Корфармо бо мақсади танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ санадҳо қабул менамояд. Санадҳои корфармо, ки ҳолати ҳуқуқии кормандонро дар муқоиса бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии …

Муфассал »

Доираи амали Кодекси мазкур

moddai-9-kodeksi-mehnat

Моддаи 9-и Кодекси Меҳнат. Доираи амали Кодекси мазкур Кодекси мазкур муносибатҳои зеринро танзим менамояд: – меҳнатӣ; – бевосита ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманд; – шарикии иҷтимоӣ; – оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат. Амали Кодекси мазкур, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда …

Муфассал »

Манъи меҳнати маҷбурӣ

moddai-9-kodeksi-mehnat

Моддаи 8-и Кодекси Меҳнат. Манъи меҳнати маҷбурӣ Меҳнати маҷбурӣ манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. Меҳнати маҷбурӣ ҳисоб намешавад: – коре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад; – коре, ки дар шароити ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми зери хатар будани ҳаёт, …

Муфассал »

Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

moddai-7-kodeksi-mehnat

Моддаи 7-и Кодекси Меҳнат. Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ Ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст.Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва …

Муфассал »