Главная / 2018 / February (страница 33)

Архив Месяца: February 2018

«КИТОБУ-Л-ҚУЛАНҶ»

fusul-fit-tib

«КИТОБУ-Л-ҚУЛАНҶ», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 –925). Китоб аз 18 боб иборат буда, дар он дар бораи чигунагии дард, нишонаҳо, ташхис ва анвоъи қуланҷ, роҳҳои табобат, ғизоҳои муносиби ин беморӣ ва дар охир дар бораи нишонаҳои аз қуланҷ огоҳидиҳанда сухан меравад. Матни интиқодии ин китобро доктор Субҳӣ Маҳмуди …

Муфассал »

«КИТОБУ-Л-ФУСУЛ Фӣ-Т-ТИБ»

fusul-fit-tib

«КИТОБУ-Л-ФУСУЛ Фӣ-Т-ТИБ», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925), дар боби тиб. Номи дигари он «Китобу-л-муршид» буда, нахуст ба забони ибронӣ бо номи «Perapim» ва сипас ба забони лотинӣ тарҷума шудааст. Аз ин китоб фақат ҳамин тарҷимаҳои ибронию лотинии он маълуманд. Ад.: Абӯбакри Розӣ, «Манофеъу-л-ағзия ва дафъу мазорриҳо», …

Муфассал »

«КИТОБУ-Л-ҲИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фӣ-Т-ТИБ»

kitobul-hidoyat

«КИТОБУ-Л-ҲИДОЯТИ-Л-МУТААЛЛИМИН Фӣ-Т-ТИБ» («Дастур барои омӯзандагони тиб»), асари Абӯбакр Рабеъ ибни Аҳмади Ахавайнии Бухорӣ. Куҳантарин китоби пизишкӣ ба забони тоҷикӣ буда, дар а. 10 таълиф шудааст. «К.» бо номҳои «Ҳидояти-л-мутааллимин фи-т-тиб» ва «Куннош» низ маълум аст. «К.»-ро Ахавайнӣ барои фарзанди худ таълиф намудааст. Дар ин хусус худи муаллиф мегӯяд: «Ту, ки …

Муфассал »

Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон

rastanihoi-shifo

Дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор намуди гиёҳҳои шифобахш мавҷуданд, ки дар байни онҳо барги зулф (зуф), Шираи Камол, Бодом ва дигар растаниҳо мебошанд. Растаниҳои шифобахши Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 5 млн. сомонӣ дар як сол чун ашёи хом барои истеҳсоли доруҳо ба хориҷа интиқол дода мешаванд. Мардуми …

Муфассал »

«КИТОБУ-Л-ҶАДАРӣ В-АЛ-ҲАСБА»

nagzak

«КИТОБУ-Л-ҶАДАРӣ В-АЛ-ҲАСБА» («Китоб дар боби нағзак ва сурхча»), асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар боби тиб. Ибтидои а. 10 ба забони арабӣ навишта шудааст. «К.» асарест, ки дар асоси мушоҳидаҳои шахсии муаллиф навишта шуда, сар то по мукаммал ва баландмазмун мебошад. Нағзак ва сурхча ба инсоният аз қадимулайём маълум …

Муфассал »

«КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ»

drevnyaya-kniga

«КИТОБУ-С-САЙДАНА ФИ-Т-ТИБ» («Дастури дорусозӣ»), асари тиббиест, ки ба доруҳои муфрада (сода) ва баъзе доруҳои мураккаб бахшида шудааст. «К.»-ро Берунӣ дар солҳои охири зиндагиаш ба забони арабӣ таълиф намудааст. «К.» аз 3 қисм (муқаддима ва маълумот доир ба доруҳо) иборат аст. Дар асар доруҳо мувофиқи гурӯҳ, шакл, инчунин усули тайёр намудани …

Муфассал »

«КИТОБУ-С-СИНОАТ»

kitob

«КИТОБУ-С-СИНОАТ» («Китоб оид ба санъати пизишкӣ»), асари Султон Ғиёсуддин дар боби тиб, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ дар Шодиободи Ҳиндустон навишта шудааст. Соли таълифаш маълум нест. «К.» аз сарсухан ва чанд боб иборат аст, ки ба тартиби тасвири бемориҳо (аз боло ба поён) бахшида шудаанд. Сарсухани «К.» дар бораи аз куҷо …

Муфассал »

«КИТОБУ-С-СУМУМ»

kitobu-s-sum

«КИТОБУ-С-СУМУМ» (Китоби заҳрҳо), асари табиби ҳиндӣ Шоноқ. Асли ин китоб ба забони санскритӣ буда, онро нахуст Манкаи Ҳиндӣ барои вазири маъруфи аббосиён – Яҳё ибни Холиди Бармакӣ (ваф. 805) ба форсӣ (паҳлавӣ) тарҷима мекунад. Дар кори навиштану таҳрири матни форсии он Абӯҳотами Балхӣ ном шахс ёрӣ расондааст. Дар замони халифа …

Муфассал »

«КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фӣ-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР»

kitob-2

«КИТОБУ-Т-ТАЙСИР Фӣ-Л-МУДОВОТ ВА-Т-ТАДБИР» (Китоби осониовар дар дармон ва тадбир), асари Абумарвон Абдулмалик ибни Зуҳр (ваф. 1162). Беҳтарин китобест, ки Ибни Зуҳри Андалусӣ дар тиб таълиф кардааст, зеро ӯ баъд аз пухтагии касбӣ ҳосил кардану таҷрибаҳои зиёд андӯхтан дар тиббу табобат ва ба қавле бо маслиҳати дӯсту рафиқи наздики худ Ибни …

Муфассал »

Кокутӣ (Кокути) – гул

Кокутӣ (Кокути)

Кокутӣ (Кокути) – ин як намуди растании шифобахш буда гули сурхчаи сафедча дорад ва дар дунё зиёда аз 50 намуди он маълум аст. Ба забони руссӣ онро «Душица» меноманд ва дар Тоҷикистон он низ меруяд. Лек ба забони узбекӣ Қоқутӣ гуфта гули «Қоқу»-ро меноманд ва барои ҳамин ҳам ин нозукиро …

Муфассал »