Главная / 2017 / November / 23 (страница 2)

Архивы за день : 23.11.2017

АУТОТРЕНИНГ

autotrening-dlya-uspokoeniya-nervnoj-sistemy

АУТОТРЕНИНГ, худмашқдиҳӣ, усули ба вазъи рӯҳӣ ва ҷисмонии организми худ таъсир расонидан. А. бо роҳи суст кардани мушакҳо, ки якҷоя бо худталқинкунӣ гузаронида мешавад, асос ёфтааст. А. – ро барои табобати бемории невроз, психопатия, ихтилоли рӯҳӣ, шиддати эмотсионалии одамоне, ки дар вазъияти вазнин ё ҷанҷолӣ мондаанд, кор мефармоянд. Худтанзимкунии вокунишҳои …

Муфассал »

АУТОФОНИЯ

%d0%b0%d1%83%d1%82%d0%be%d1%84%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%8f

АУТОФОНИЯ (аз юн. autos – худ ва phone – овоз, садо), ҳолатест, ки дар мавриди он одам садои худро бисёр баланд мешунавад. А. дар натиҷаи ихтилоли ҳавогузарии ҷавфи нақора, руст шудани роҳи беруни шунавоӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Чунин тарзи А. дар мавриди кушодани роҳи беруни шунавоӣ (дур сохтани …

Муфассал »

АФАЗИЯ

1396453394_afasia

АФАЗИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. phasis – гуфтан, гап задан), лолӣ, вайрон шудани қобилияти гапзанӣ ва талаффуз. Дар натиҷаи А. қобилияти фикрро бо гап фаҳмондан, онро фаҳмида гирифтан ва бо ягон предмет ё ҳодисаҳои маълум алоқаманд намуда донистан, халал меёбад. А. дар беморони бо дасти рост коркунанда …

Муфассал »

АФГОНА

1200px-ranunculus_abortivus

АФГОНА (Praematurus, abortivus), фагона, чала, кӯдаки норасида, тифле, ки пеш аз мӯҳлат, яъне дар ҳафтаҳои аз 28 то 37-уми ҳомилагӣ (вазн – аз 1000 то 2500 г; қад – аз 35 то 45 см) ба дунё омадааст. Пеш аз ин мӯҳлатҳо таваллуд ёфтани тифл, бача афтондан ё кӯдак вайрон кардан …

Муфассал »

АФКАНИШОТИ ИОНЗО

ionizing-radiation-400x200

АФКАНИШОТИ ИОНЗО (Radiatio ionisans) афканишоте, ки дар натиҷаи таъсири мутақобилаи он бо муҳит зарядҳои электрии гуногун ҳосил мешаванд. Ҳангоми таъсири мутақобилаи А. и. бо ягон модда атомҳои электрии нейтрал ба атомҳои заряднок (ионҳо) табдил меёбанд, зеро А. и. ба коҳиш ё бо электронҳо пайваст шудани атомҳо ёрӣ мерасонад. Дар аснои …

Муфассал »

АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ

480px-farnearfields-usp-4998112-1

АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ, афканишоти электромагнитии дарозии мавҷашон аз 10 то 400 нм. А. у. таъсири сахти химиявӣ ва биологӣ доранд. Манбаи А. у. табиӣ ва сунъӣ мешавад. Манбаи табии нисбатан пуриқтидори А. у. Офтоб аст. А. у.-и Офтоб ба Замин дар шакли нурҳои рост ва пароканда омада мерасад. А. у.-и дарозии …

Муфассал »

АФЛЕСУН

apelsin7

АФЛЕСУН (Citrus sinensis), пуртахол, дарахтест ҳамешасабзи субтропикӣ. То 4 – 12 м қад мекашад; сершоху барг, навдаҳояш рост, танаву шохааш хорҳои борик доранд. Баргаш миёнаҳаҷм ё калони ҷилодор, чармгун, гирдаи нӯгтез, баъзан андак дандонадор, сабзи тира; навда ва баргҳои наврустааш сабзи кушод. Гулаш дуҷинса, сафед ва хушбӯй. Мевааш лӯнда, нокмонанд …

Муфассал »

АФОНИЯ

aphonia-aspx

АФОНИЯ (Aphonia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва phone – овоз, садо), набудани овози ҷарангосии баланд. Ҳангоми А. овоз паст ва нимғурма мешавад. А. аломати бемориҳои гуногуни ханҷара, силсилаи асаб ва ғ. аст. А. фалаҷӣ, ташаннуҷӣ ва вазоифӣ (функсиявӣ) мешавад. Сабаби А.-и фалаҷӣ ихтилоли кори асаби поёни ханҷара ва амрози …

Муфассал »

АФСОНАК

222335_b00cf333

АФСОНАК (Thermopsis alpina), мастак, мия, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Аз 10 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сермӯяк, барги мураккаби думчадор (баргҳояш дарозрӯя ё байзашакли мӯякдор), гули калони зард, тӯдагули дарозрӯя дорад. Моҳи июн гул карда, тухмаш июл – авг. мепазад. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби баргу пояи А.-ро барои …

Муфассал »

АФСУРДАРӯҲӣ

index

АФСУРДАРӯҲӣ (Depressio), депрессия, бетобиест, ки бо ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (рӯҳафтодагӣ) ва ҷисмонӣ, паст шудани тонуси организм, сустии ҳаракат, носомонии дастгоҳи ҳозима ва хоб зоҳир мегардад. Дараҷаҳои гуногуни аломатҳои А. мушоҳида мешаванд. Мас., рӯҳафтодагӣ бо андӯҳ, гум шудани шавқу ҳавас, ғами гарон ва хоҳиши марги хеш; сустии фаъолияти рӯҳӣ бо «заифи»-и …

Муфассал »