Главная / Илм / АФСУРДАРӯҲӣ

АФСУРДАРӯҲӣ

indexАФСУРДАРӯҲӣ (Depressio), депрессия, бетобиест, ки бо ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (рӯҳафтодагӣ) ва ҷисмонӣ, паст шудани тонуси организм, сустии ҳаракат, носомонии дастгоҳи ҳозима ва хоб зоҳир мегардад. Дараҷаҳои гуногуни аломатҳои А. мушоҳида мешаванд. Мас., рӯҳафтодагӣ бо андӯҳ, гум шудани шавқу ҳавас, ғами гарон ва хоҳиши марги хеш; сустии фаъолияти рӯҳӣ бо «заифи»-и тафаккур, ҳисси «вақфи тафаккур», қобилият надоштан ба иҷрои корҳои фикрӣ; заифии ҳаракат бо андаке бемадорӣ ва дар як вазъият соатҳо «шах шуда мондани» бемор ва ғ. Вобаста ба зуҳуроти аломатҳо А. сабук ва пуризтироб мешавад. Дар рафти А.-и пуризтироб андӯҳ бо «ошӯби ҳаракат», хуруҷи яъсу ноумедӣ ҳамроҳ мегардад. Ин қабил беморон қиёфаи хос доранд: беист ба як нуқта нигоҳ мекунанд, имову ишораашон бемафҳум, ҳаракаташон суст аст. Одамоне, ки бо илми равонпизишкӣ шинос нестанд, А.-ро ба кайфияти бад, нохушии рӯҳӣ, хастагӣ, аз ҳад зиёд монда шудан, витаминкоҳии аввали баҳор мансуб медонанд. Бар хилофи муваққатан паст шудани тонуси рӯҳию физиологие, ки аслан ба шароити беруна вобаста буда, хоси одамони солим аст, А. бетобии устуворест, ки ҳатто баъди бартараф шудани сабабҳои инкишоф низ метавонад идома ёбад. Ба устувории А. хастагии тӯлонӣ, садамаи рӯҳии кашолёфта (ба ном А.-и бемадорӣ), аз сар гузаронидани ғаму кулфат (ба ном А-и мутаассирӣ) мусоидат мекунанд. А.-и одамони калонсол имкон дорад, ки баъди баъзе бемориҳои сироятӣ (мас., грипп) инкишоф ёбад. Бидуни назорати духтур ва бисёр истеъмол намудани баъзе доруҳо, хусусан доруҳои таскинбахш низ А.-и тӯлониро ба вуҷуд меоварад. Шахсони рӯҳан заиф ва ноустувор (беморони невроз, психопатия, ашхосе, ки зарбу лат хӯрдаанд, майзадагон) ба осонӣ гирифтори А. мешаванд. А. бештар зуҳури ҷунуни пиронсолӣ ва шизофрения, ҳамчунин яке аз ҳолатҳои (давраҳои) психози васвосу афсурдарӯҳӣ мебошад.
А. бетобиест, ки ҳамеша ба муолиҷа эҳтиёҷ дорад. Ҳатто дараҷаи сусти А., ки баъзан «ҳеҷ гап не», «мегузарад» гуфта гумон мекунем, одамро аз хушиҳои зиндагӣ маҳрум месозад, ба робитаи одамон, инкишофи иҷтимоии онҳо монеъ гардида, ба гум кардани мавқеи ҳаётӣ бурда мерасонад. Абаски шахси афсурдарӯҳ дар бораи муҳити иҷтимоӣ идрок ва ақидаи хос дорад (ба ном тафаккури депрессиявӣ), ӯ зудранҷ мешавад. Вақте ки «ҳама чиз сиёҳ метобад» аз баҳонаи андак ҷанҷол бармехезад ва боиси қатъи алоқа бо одамони наздик ва ҳатто худкушӣ мегардад. Баробари бештар авҷ гирифтани А., гарчанд ғаму ҳасрат зиёд аст, эҳтимолияти худкушӣ кам мешавад (аз сабаби бемадории бемор). А. дар сурати психози пиронсолӣ ё шизофрения барои хешовандони бемор хавфнок аст, чунки ӯ қодир аст нафақат худ, балки дигаронро низ «хайрхоҳона» кушад (мувофиқи ақидаи мариз нафақат ба ӯ, балки ба наздиконаш ҳам зиндагӣ даркор нест).
Дар аснои авҷ гирифтани А. беморонро одатан дар касалхона табобат мекунанд. Ҳангоми муолиҷаи амбулаторӣ ба ҷо овардани дастурҳои духтур оид ба тартиби қабули дору ва низоми тағзия бечуну чаро зарур аст. Бисёр доруҳои муфарреҳ (андитепрессантҳо), ки барои бартараф намудани А. истифода мешаванд, ба баъзе намудҳои хӯрок номувофиқ мебошанд. Дар давраи истеъмоли ин қабил дорувор нӯшидани машруботи спиртӣ ҷоиз нест, зеро ин метавонад боиси ихтилоли вазнину барои ҳаёт хавфноки фаъолияти дилу рагҳо – коллапс гардад. Баъди қабули баъзе антидепрессантҳо суръати идроку аксуламали ҷавобӣ суст хоҳад шуд, бинобар ин дар вақти ба беморон таъин намудани онҳо идора кардани васоити нақлиёт (автомобил, мототсикл, велосипед ва ғ.) манъ мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …