Главная / Илм / АФСОНАК

АФСОНАК

222335_b00cf333АФСОНАК (Thermopsis alpina), мастак, мия, навъе аз гиёҳҳои бисёрсола. Аз 10 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сермӯяк, барги мураккаби думчадор (баргҳояш дарозрӯя ё байзашакли мӯякдор), гули калони зард, тӯдагули дарозрӯя дорад. Моҳи июн гул карда, тухмаш июл – авг. мепазад.
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби баргу пояи А.-ро барои муолиҷаи зуком, бронхит, илтиҳоби шуш ва чун воситаи киҷҷарон тавсия медиҳанд. Гули хушки онро чой карда, ҳангоми сулфаи сахт чун воситаи балғамовар менӯшанд. Миқдори аз меъёр зиёди он организмро заҳролуд ва мағзи сарро фалаҷ мекунад (одам мисли маст мешавад). Дар амалияи тибби муосир ҷӯшоби алафи А.-ро чун воситаи балғамовар истифода мебаранд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …