Главная / Илм / АФГОНА

АФГОНА

1200px-ranunculus_abortivusАФГОНА (Praematurus, abortivus), фагона, чала, кӯдаки норасида, тифле, ки пеш аз мӯҳлат, яъне дар ҳафтаҳои аз 28 то 37-уми ҳомилагӣ (вазн – аз 1000 то 2500 г; қад – аз 35 то 45 см) ба дунё омадааст. Пеш аз ин мӯҳлатҳо таваллуд ёфтани тифл, бача афтондан ё кӯдак вайрон кардан номида мешавад. Вале баъзан чунин кӯдакон низ дар сурати хуб ба роҳ мондани нигоҳубин қобили ҳаёт мебошанд; агар кӯдак дар муддати 168 соат (як ҳафта) нафавтад, пас ӯро тифли зинда ба дунё омада меҳисобанд. Барои кӯдакони вазнашон 500 – 999 г шӯъбаҳои махсуси нигоҳубин вуҷуд доранд.
Сабаби ба гурӯҳи алоҳида ҷудо кардани чунин навзодон ин аст, ки А. бо вуҷуди мувофиқи синни худ мӯътадил инкишоф ёфтан, барои мустақил вуҷуд доштан нағз мутобиқ нест ва нигоҳубини ҷиддӣ мехоҳад. Аз ин рӯ ба А. ҳафтаҳои аввали баъди таваллуд фақат дар шӯъбаҳои махсуси беморхонаҳо ва зери назорати доимии духтур нигоҳубин кардан мумкин аст (ин шарти зарурии минбаъад дуруст инкишоф ёфтани кӯдак мебошад).
Чала ба дунё омадани кӯдак сабабҳои гуногун дорад, мас., ниҳоят ҷавон (аз 20-сола хурд) будани модар; бо ноҷӯриҳо ҷараён гирифтани давраи ҳамл (бемориҳои тифл, токсикозҳои ҳомилагон, дугонику сегоникҳо ва ғ.); бемориҳои аз сар гузаронидаи зани ҳомила, исқоти қаблӣ; номувофиқии резус-омил ва гурӯҳи хуни модар ва кӯдак; осебҳои ҷисмонӣ ва равонии модар; заҳролудӣ аз машрубот, тамоку ва ғ.
Дар ин бобат шароити зиндагии зани ҳомила низ мақоми калон дорад. Осеби асабию рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, шароити вазнини меҳнат (зиёни касбӣ, мас., дар шароити истеҳсолоти химиявӣ кор кардан), вазъияти нохуш дар оила низ сабаби таваллуди бармаҳал шуда метавонад.
Аломоти анатомию физиологии афгона. Афгонагӣ (норасидӣ) дараҷаҳои гуногун дорад: дараҷаи I – вазни кӯдак ҳангоми таваллуд 2500 – 2001 г аст; дараҷаи II – вазни тифл 2000 – 1501 г мебошад; дараҷаи III – вазни тифл 1500 – 1001 г аст; дараҷаи IV – вазни тифл аз 1000 г кам мебошад. Кӯдакони вазнашон 1500 ва камтар аз онро кӯдакони норасидаи амиқ меноманд. Вобаста ба мувофиқат кардан ё накардани вазну қад ба синни гестатсиявӣ (мӯҳлати ҳамл дар вақти таваллуди тифл) А.-ҳо 2 гурӯҳ мешаванд: кӯдакони рушди ҷисмониашон ба мӯҳлати гестатсия мувофиқ ва кӯдакони инкишофи ҷисмониашон ба мӯҳлати гестатсия номувофиқ. Дар А.-ҳо нишонаҳои норасидӣ ба мушоҳида мерасанд: таносуби вазн нисбат ба қад 25 – 50 аст, ҳол он ки дар кӯдаони расида он баробари 60 – 80 мебошад; дарозии сар 1/2 ҳиссаи дарозии танро ташкил медиҳад (дар кӯдакони расида – 1/4); пойҳо нисбатан кӯтоҳ, пӯст сурхи ҷилодор, сермӯй, тунук ва пурчин аст; суфраи гӯш нарм буда, ба сар часпида меистад; ноф хеле поён ҷой гирифтааст; нохунҳо ва аъзои таносул инкишоф наёфтаанд – дар писарчаҳо тухм ба хоя нафаромадааст, дар духтарчаҳо бошад, лабҳои калони фарҷ лабҳои хурди онро фаро намегиранд; фаъолияти рефлексҳои физиологӣ заиф аст (ҳатто мумкин рефлексҳои макиш ва фурӯ бурдан вуҷуд надошта бошанд); овози кӯдак паст ва сатҳӣ, нафас номураттаб мебошад. Наҷосати А. аз сабаби номукамалии меъдаю рӯда аксар вақт сабзранг буда, ғурӯшаҳои сафед дорад. Гурдаҳо низ номукаммал кор мекунанд.
Фақат аз рӯи вазн ва қад қазоват кардан дар бораи кӯдак чала дуруст нест, хусусан дар сурате, ки агар муқаррар намудани мӯҳлати ҳамл душвор бошад. Зеро кӯдаконе низ дучор меоянд, ки қаду басти онҳо расо аст, вале худ чала мебошанд. Барои дуруст ошкор сохтани норасидӣ бояд мӯҳлати ҳамл ва маҷмӯи аломатҳои зикрёфта ба эътибор гирифта шаванд.
Давраи навзодии А.-ҳо ба дараҷаи балоғати физиологӣ вобаста аст. Дар чунин кӯдакон эритемаи муқаррарӣ (катари физиологии пӯст) нисбатан возеҳ ба назар расида, нисбат ба эритемаи кӯдакони дигар бештар – то 2 ҳафта маҳфуз мемонад. Заъфармаи физиологӣ, одатан, дер рух намуда, то ҳафтаи 3 – 4-уми баъди таваллуд давом мекунад. Нофи А.-ҳо ғафсу «сершира» аст ва дер (бисёр вақт баъди 8 – 14 рӯз) меафтад. Дар бисёр А.-ҳо дар ҳафтаи 1 – 2 варам (асосан дар шикам ва пойҳо) ба мушоҳида мерасад. Танзими ҳарорат дар онҳо номукаммал буда, кӯдаки белибос зуд хунук мехӯрад, ҳарорати бадан мумкин аз 36° поён фарояд; ҳангоми баланд шудани ҳарорати муҳит ӯ зуд тасф мекунад («табларзаи кувезӣ»).
Талафи физиологии вазн, одатан, дар ҳафтаи 2 – 3 барқарор мешавад. Бинобар сабабҳои номусоиде, ки боиси чала ба дунё омадани кӯдак шудаанд, А. дар моҳи аввали ҳаёт нисбатан кам – аз 100 то 500 г вазн мегирад. Кӯдакони чалаи дараҷаи IV, ки гирифтори бемориҳои ҷисмӣ мебошанд, дар моҳи якум мумкин умуман вазн нагиранд (онҳо фақат талафи физиологии вазнро барқарор мекунанду халос).
Басомади нафас номунтазам буда, ҳангоми ҳаракат дар 1 дақ. ба 60 – 80 мерасад; дар ҳолати оромӣ ва хоб нафас нисбатан бомаром, гоҳо ҳатто қатъ (дар вақти ғизодиҳӣ) мегардад. Вобаста ба шароити муҳит ва ҳолати кӯдак басомади кори дил тағйир меёбад (120 – 160). Дар сурати безобитагӣ ва баланд гаштани ҳарорати муҳит, басомади кори дил метавонад дар 1 дақ. ба 200 зарба баробар шавад.
Дар навзодҳои чала бисёр вақт асфиксия ва хуншории дохили косахонаи сар ба вуҷуд меояд; онҳо зуд-зуд гирифтори пневмония ва сепсис мешаванд (сабаби он суст будани аксуламали мутобиқат нисбат ба шароити муҳит аст). Нишондодҳои иммунитети хос ва номахсус дар А.-ҳо нисбат ба кӯдакони ҳамсинни расо паст мебошанд. Дар моҳҳои 2 – 3, вақте ки кӯдак боҷадал вазн пайдо мекунад, дар А.-ҳо анемияи бармаҳал пайдо мешавад (он хусусияти нормохромӣ дорад). Дар мавриди дуруст нигоҳубин кардан, анемия тадриҷан рафъ мешавад. Аз 83 г/л паст фаромадани гемоглобин муолиҷаро тақозо менамояд. Баъди 3-моҳагӣ рух намудани анемия (анемияи таъхирнок) дар А.-ҳо бисёр вақт хусусияти камоҳанӣ дошта, бо доруҳои оҳандор табобат карда мешавад.
Сабзишу инкишофи А.-и аз 1-моҳа боло ба вазъи саломатӣ ва дараҷаи норасӣ вобаста аст. А.-ҳои саломатиашон хуб зудтар рушду инкишоф меёбанд. Онҳо, одатан, аз моҳи 2-юм сар карда, вазн мегиранд; дар охири соли аввал вазни онҳо 4 – 10 маротиба меафзояд. Вобаста ба дараҷаи норасӣ қаду басти А.-ҳо дар нимсолаи якум ҳар моҳ 2,5 – 5,5 см, дар нимсолаи дуюм 0,5 – 3 см месабзад. Дар муддати як сол қади онҳо 25 – 44 см афзуда, охири сол ба 70 – 75 см мерасад. Қатъи назар аз он ки афзоиши қаду баст ва вазни А.-ҳо нисбат ба кӯдакони дигар тезтар аст, ин нишондодҳо дар 3-солагӣ, дар кӯдакони норасидагии дараҷаи IV, ҳамчунин дар А.-ҳои мариз ва вазнашон кам бошад, соли 7 – 8-ум қиёс карда мешаванд. Эҳтимол дорад, ки дар давраи балоғати ҷинсӣ рушду сабзиши А. аз дигар коҳиш ёбад. А.-ҳо дер мешинанд, дер роҳ мераванд, дер дандон мебароранд ва дер мустақилона ғизо мехӯранд.
Рушди асабиву рӯҳи (табассум кардан, гап задан ва ғ.)-и А.-ҳо низ суст аст, хоса дар кӯдаконе, ки вазни кам доштанд. Барои инкишофи нутқи А. тарбия дар оила аҳамияти калон дорад. Тадқиқотҳо собит мекунанд, ки дар сурати мавҷуд набудани осеби дохилибатнӣ ё иллатҳои дигар, рушди рӯҳию равонии А.-ҳо дар давраи синни томактабӣ аз дигар кӯдакони ҳамсин фарқ надорад. Кӯдакони чалае, ки дар батни модар осеб ёфтаанд, одатан, гирифтори ихтилоли асаб, саръ, заъфи рӯҳӣ мешаванд. Ғайр аз ин, эҳтимол дорад, ки дар А.-ҳо дар солҳои минбаъдаи ҳаёт дилбеҳузурӣ ва беиштиҳоӣ ба мушоҳида расанд. Умуман, А.-ҳо ҳамчун одамони комил ба воя мерасанд.
Нигоҳубини афгонаҳо. Номукаммалии кори организми А. нигоҳубини ҷиддӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид (хусусан дар моҳҳои аввали ҳаёт)-ро тақозо дорад. Агар ҳамаи ин шартҳо риоя гарданд, он гоҳ А. дар инкишофи ҷисмонӣ ва фикрӣ ба ҳамсолони дар мӯҳлати муқаррарӣ таваллудёфта баробар мешавад ва чун одами аз ҳар ҷиҳат комил ба камол мерасад.
А.-еро, ки вазнаш 2300 г аст, вобаста ба вазъи саломатии ӯ ва шароити хона бо иҷозати духтур аз таваллудхона ҷавоб медиҳанд. А.-и ҳангоми таваллуд вазнаш аз 1500 г камро дар кувезҳои ҳарорату намнокиаш мӯътадил ва оксигендор ҷой медиҳанд. Ба кувезҳо инчунин кӯдаконеро, ки вазнашон зиёд, аммо ҳарорати баданашон тағйирёбанда аст, ҷойгир мекунанд. Агар вазни тифл ба 2500 г расад, духтур иҷозат медиҳад, ки ӯро ба хона баранд.
Барои дар шароити хона нигоҳ доштани А. диққати калон ва нигоҳубини ҷиддӣ зарур аст. Ҳарорати хонаи тифл бояд 22 – 24° бошад. Дар катча ба таги сар ва китфони ӯ болини сахти паст мегузоранд. Кӯдакро сахт парпеч кардан ҷоиз нест, ӯро дам ба дам аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мехобонанд (вазъи баданашро тағийр дода меистанд.)
Ба тифл либоси гарму нарм пӯшонда, ба кампал мепечонанд. Ба сар кулӯтаи гӯшакдор (чепчик) пӯшонида, рӯяшро кушода мемонанд. Агар А. ҳарорати баданашро дуруст нигоҳ дошта натавонад, ба поёни пой ва ду паҳлӯяш гармкунак мегузоранд. Ҳарор. оби гармкунак бояд тақр. 600 бошад. Гармкунакро ба сачоқ ё парпеч печонда, дар масофаи тақр. 10 см аз кӯдак мегузоранд. Ҳарорати бадани кӯдак бояд 36,5 – 36,8,° ҳарорати зери кампал 28 – 33° бошад. Баъди ҳар 1 – 2 соат оби гармкунакҳоро бо навбат иваз мекунанд. Ҳангоми гарм шудан, рӯи кӯдак сурх гашта, ҳарорати бадан баланд ва худ ноором мегардад. Дар ин ҳол гармкунакҳоро тамоман ё қисман мегиранд, агар лозим ояд, парпечро чанд дақиқа кушода мемонанд, ба кӯдак об медиҳанд. Дар сурати хунук хӯрдан рӯи кӯдак кабудча шуда, худ беҳол мегардад. Дар ин асно ба болои ӯ боз як кампали дигар мепӯшонанд ё 5 – 7 дақ. дар даруни ванначаи обаш ширгарм (36 – 37°) нигоҳ медоранд ва баъд боз гармкунакҳо мегузоранд. Барои пешгирии гарм шудан ё хунук хӯрдан ҳарорати оби гармкунакро тавассути хароратсанҷ зуд-зуд санҷида истодан лозим аст.
А. нағз нафас кашида наметавонад. Бинобар ин дар рӯзҳои аввали ҳаёт ба ӯ оксигени намнок додан лозим. Агар маркази таъмини оксиген вуҷуд надошта бошад, пас онро аз болини оксигенӣ ба воситаи аппарати Бобров медиҳанд. Вобаста ба беҳтар шудани ҳолат ва ба шароити нави ҳаёт мутобиқ гаштани кӯдак, ба гарм кардану оксиген додан тадриҷан хотима мебахшанд.
Тарзи ғизодиҳиро вобаста ба дараҷаи инкишофи кӯдак ва мавҷудияти рефлексҳои макиш интихоб менамоянд. Ба кӯдакони вазнашон зиёда аз 1800 г метавон сина маконд. Ширмаконии А. душвориҳо дорад ва моҳҳои аввал бояд зери назорати доимии духтур сурат гирад. Шири занҳои бармаҳал таваллудкарда дертар пайдо мешавад. Бо вуҷуди ин ҳангоми нигоҳубини А. фақат шири модар натиҷаи хуб мебахшад. Аз ин рӯ, А.-ро бо шири модар таъмин намудан зарур аст. Агар кӯдак сина макида натавонад, ба ӯ дар аввал тавассути зонд дар як шаборӯз 10 – 12 маротиба шир медиҳанд. Баъд тадриҷан бо пистонак шир дода, минбаъд ӯро ба синамакӣ одат мекунонанд. Баъди ба 2500 – 3000 г расидани вазн ғизодиҳӣ ба А. аз кӯдаки дар мӯҳлаташ таваллудшуда кам фарқ мекунад, вале ба А. хӯроки иловагиро 2 – 4 ҳафта пештар (бо эҳтиёт ва тадриҷан) медиҳанд. Ба кӯдакони солим рӯзе 7 – 8, ба кӯдакони мариз то 10 маротиба ғизо додан лозим аст. Баъди ба 3500 – 4000 г расидани вазн (одатан дар 2 – 3-моҳагӣ) ба А.-ҳо рӯзе 6 маротиба ғизо медиҳанд. Миқдори ғизоро духтур вобаста ба дараҷаи чалагӣ, вазъи саломатӣ ва неруи ҳозимаи кӯдакон интихоб менамояд. Ба онҳо баъди 15-рӯзагӣ оби мева додан мумкин аст. Беҳтараш ин корро аз оби лиму (3 – 5 чакра) оғоз кард. Дар 1-моҳагӣ метавон пюреи себӣ дод; аз 15-рӯзагӣ баҳри бо сафеда қонеъ гардондани талабот ширтуппа (творог) ё кефир медиҳанд; аз 4-моҳагӣ пюреи сабзавотӣ, аз 5-моҳагӣ шавла, аз 6-моҳагӣ ғизои гӯштӣ, аз 7-моҳагӣ булён додан мумкин.
А.-ро ҳамчун тифли расо оббозӣ медоранд. Кӯдакони вазнашон 1500 г ва зиёдтарро баъди 7 – 10 рӯз бояд оббозӣ доронд. Дар вақти оббозӣ А.-ро аз хунук хӯрдан ниҳоят эҳтиёт кардан лозим аст; ҳарор. ҳаво бояд аз 250 паст набошад, парпечро пеш аз печонидани кӯдак гарм бояд кард.
Ба А. дар ҳавои тоза сайругашт намудан муфид ва зарур аст, вале ин корро боэҳтиёт бояд гузаронд. Чунин сайругашт ба кӯдакони вазнашон аз 2500 г зиёд тавсия мешавад. Зимистон ба сайругашти кӯдаконе иҷозат медиҳанд, ки вазни онҳо 3000 г ва зиёдтар аст; агар вазни кӯдак аз 3000 г кам ё ҳарор. ҳаво аз –8 –100С паст бошад, ӯро дар хонаи бодхонаш кушода бояд нигоҳ дошт. Сайругаштро аз чанд дақиқа сар карда, мӯҳлати онро тадриҷан меафзоянд.
Таваллуд шудани А.-ро ҳанӯз то ҳомилагӣ пешгирӣ кардан лозим аст. Агар зан гирифтори бемориҳои гуногуни музмин бошад, пас бояд худро сари вақт табобат намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва гигиенаи алоқаи ҷинсиро риоя кунад. Тадбирҳои пешгирии ҳамл низ заруранд, чунки аксар вақт сабаби таваллуди А. исқот аст.
Дар сурати пайдо шудани аломатҳои аввалини ҳамл зан барои гирифтани тавсияҳои зарурӣ (то ин ки ҳангоми ҳомилагӣ чӣ тавр рафтор кунад) бояд ба духтур муроҷиат намояд. Зани ҳомила бояд ба изтироб наояд, дуруст хӯрад, нӯшокиҳои спиртдорро истеъмол накунад, тамоку накашад. Дар аснои пайдо шудани аввалин аломатҳои токсикоз бояд фавран ба духтур муроҷиат кунад.
Баъди аз беморхона баромадан, А.-ҳоро дар дармонгоҳ зери мушоҳида мегиранд.
М. Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …