Архивы за день : 15.11.2017

Гандано дар Канзи Шифо (Китоб)

gandano_piyoz-600x330

Гандано — Пиёзи гандано навъҳои гуногун дорад: даштӣ, кӯҳӣ ва бӯстонӣ. Беҳтаринаш бӯстонӣ аст, ки онро мардум мекоранд ва пухта мехӯранд. Инро бинобар тундтаъм буданаш пиёзи гандано ҳам меноманд. Баргаш монанди барги пиёз борик, аз миёни баргҳояш поя бармеоварад, дар сари пояаш монанди пиёз гул мекунад, тухмаш низ чун тухми пиёз …

Муфассал »

Зира дар Канзи Шифо (Китоб)

zira-650x330

Зира — Ин тухми растаниест аз арпабодиён бориктар ва ба ранг гуногун мешавад: сиёҳ, сабз, зард ва сафед. Баргаш гирдшакл, қуббаи он монанди шибит аст, хушбуй, дар аксари маҳалҳо месабзад. Ҳар як намуди зира бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ низ дорад. Даштии он ҳамчун даво аз бӯстонӣ қавитар ва кӯҳиаш аз даштӣ …

Муфассал »

АРЗАН дар Канзи Шифо (Китоб)

arzan-0-601x330

Арзан растании зироатӣ мебошад ва дар байни халқҳои осиёи миёна васеъ паҳн гаштааст. Сараш иборат аз хӯшаи тити пурдон аст. Ранги донҳояш зарди сафедтоб мебошад. Инро ба забони русӣ просо ва донҳои муқашшарашро пшено  мегӯянд, ки ба тоҷикӣ сӯк мебошад. Дар тиб ҳамин донҳои он истеъмол мегардад. Мизоҷаш дар дараҷаи …

Муфассал »

Судоб дар Канзи Шифо (Китоб)

????????????????????????????????????

Мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст; мизоҷи тару тозаи он дар дараҷаи дувум гарм ва хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши он: баъзе бузургворони тиб гуфтаанд, ки хӯрдани судоб ақлро зиёда, вале маниро бадбӯ мегардонад, барои дарди гӯш фоида дорад. Ин хусусияти тарёқӣ дорад. Агар бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, …

Муфассал »

Кофур дар Канзи Шифо (Китоб)

kofur_-600x330

Кофур (ба забони руссӣ— Камфора) — Ин шилми дарахти азимест, ки аксар ин дарахт дар сарзаминҳои ҷануби шарқи Осиё парвариш меёбад, инчунин дар соҳили баҳри Сиёҳи Қафқоз мавҷуд аст. Мизоҷи ин шилм дар дараҷаи севум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Кофур: инро бихӯранд, фараҳ мебахшад, дил ва майнаро қавӣ месозад; таби …

Муфассал »

Чинорак дар Канзи Шифо (Китоб)

chinorak-660x330

Чинорак (ба забони руссӣ «Лютик») — Ин растанӣ асосан дар ҷоҳои обдор ва намнок мерӯяд. Баргаш монанди барги чинор аст, бинобар ҳамин чунин номидаанд. Гулаш зарди тиллоранг, инчунин бунафш ва сафед ҳам мешавад. Намуди гиёҳаш дар ҳаҷм хеле бисёр мебошад. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи севум хушк ва дар дувум гарм аст. Хислатҳои …

Муфассал »

Ҳил дар Канзи Шифо (Китоб)

hil-kardamon-2-660x330

Ҳил — Ин тухми растании буттагии ҳиндӣ аст, ки хушбӯй мебошад. Инро ба забони русӣ кардамон мегӯянд. Қувваташ ҳангоми дар ғилофаш будан то ду сол боқӣ мемонад, вале агар аз ғилофаш берун кунанд, то як сол қуввати худро нигоҳ медорад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дараҷаи дувум хушк аст. Хислатҳои …

Муфассал »

Гиёҳи шӯра дар Канзи Шифо (Китоб)

shura-640x330

Гиёҳи шӯра — Ин гиёҳ бештар дар он ҷоҳое, ки ҷуфт намерасад, яъне шудгор карда намешаванд, мерӯяд. Алафаш сабз, пушти баргҳояш чун шӯра дамидаҳои тунуке дорад. Дар мавсими баҳор нашъунамо мекунад. Онро мардум бо усулҳои гуногун мехӯранд. Ин растаниро ба забони русӣ лебеда меноманд. Мизоҷаш дар охири дараҷаи дувум гарм ва …

Муфассал »

Қаранфули гардан дар Канзи Шифо (Китоб)

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ин аз ҳама пеш хусусияти тарёқӣ дорад, ҳангоми хӯрдан фараҳ меоварад. Агар инро бихӯранд, рӯҳҳои нафсонӣ, ҳайвонӣ ва табииро қувват мебахшад: узвҳои раисаро, ки иборат аз дил, майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳо мебошанд, мустаҳкам мекунад ва онҳоро дар ҳолати …

Муфассал »

Ток (Ангур) дар Канзи Шифо (Китоб)

tok_angur-660x330

Ток — ин дарахти ангур аст. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: навдаҳои навраси онро бихӯранд, баромадани бухоротро ба майна манъ мекунад. Барг, навда ва печаки онро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, дарди сари гарм ва сӯзиши чашмро таскин мебахшад, инчунин варамҳои гарми онҳоро таҳлил …

Муфассал »