Архивы за день : 14.11.2017

Ҷамилак дар Канзи Шифо (Китоб)

SONY DSC

Ҷамилак — Ин гиёҳест кӯҳӣ, баргаш монанди барги кокутӣ мебошад, монанди райҳон бӯйи хуш дорад — ин аз ҷинси райҳон ва кокутӣ мебошад. Бӯяш мобайни бӯйҳои наъноъ ва пудинаи даштӣ буда, гӯё аз ҳар ду мураккаб гаштааст. Гулаш сафеди моил ба сурхӣ, тухмаш резатар аз тухми райҳон. Дар заминҳои офтобрӯяи кӯҳсор …

Муфассал »

ШОҲИТАРА дар Канзи Шифо (Китоб)

shohitara-660x330

Шоҳитара — ин исми тоҷикист ва маънояш султони гаёҳҳост. Ин растанӣ ду навъ аст: якеро баргаш монанди баргҳои кашниз реза ва андак хокистариранг. Гулаш бунафш ва реза; дигареро барг аз он васеътар, сабзранг ва гулаш сафед аст. Таъми ҳар ду навъаш ҳам талх бо каме тезӣ. Мизоҷаш мураккабқувват, дар гармиву сардӣ …

Муфассал »

Сиёҳдона дар Канзи Шифо (Китоб)

soyohdona-0-600x330

Сиёҳдона (Cие дона) — ин тухми растании бӯстонист ба монанди тухми арпабодиён, вале аз он дарозтару бориктар, рангаш сиёҳ ва бӯяш тунд мебошад. Гулаш зарди моил ба сафедӣ ва инчунин бунафш низ мешавад. Баргаш дарозаки нӯгдор, тухмаш дар ғилофи калонтар аз ғилофи тухми банг (кирмрезонак) аст. Қувваташ то ҳафт сол …

Муфассал »

Ғофат дар Канзи Шифо (Китоб)

gofat-486x330

Ғофат  — ин гиёҳро ғофис ҳам меноманд ва ба русӣ репейник аст, вале ҳаргиз мушхор нест. Растаниаш хорнок, баргаш сербару дароз ва пашмакдор аст. Аз миёнаҷойи баргҳои он шохи миёнхолии дағал мерӯяд. Гулаш кабуди бунафш ва дарозак. Таъми тамоми қисмҳои гиёҳи он бисёр талх, ҳатто аз сабир ҳам талхтар аст, …

Муфассал »

Карвиё дар Канзи Шифо (Китоб)

karviyo_rastani-660x330

Карвиё — Ин зираи сиёҳ аст, ки зироат мекунанд ва ҳам саҳроӣ дорад. Баргаш монанди барги шабит, гулаш низ чатрӣ монанди гули шибит аст, сафедранги моил ба кабудӣ, ки ба гули бӯстонии он шабоҳат дорад. Дар тиб навъи бӯстониашро ба кор мебаранд. Тухмаш дар ҳаҷм ба андозаи зираи сафед, тезтаъм, талх. …

Муфассал »

Татум дар Канзи Шифо (Китоб)

tatum-660x330

Татум — ин самари буттаест ба андозаи наск, паҳнтар, рӯяш пӯсти гарднок дорад, дар хӯша мебошад. Таъми самараш турш аст. Ҳамаи қисмҳои дарахти он дар тиб истифода мешавад. Ин ду навъ аст: саҳроӣ ва куҳӣ. Мизоҷи саҳроии он дар дараҷаи дувум сард аст, вале кӯҳии он дар севум хушк аст. …

Муфассал »

Зарингиёҳ дар Канзи Шифо (Китоб)

zaringiyoh-660x330

Зарингиёҳ — ин растании кӯҳистонист, решааш аз рӯ тира ва дарунаш зард аст. Бинобар зард будани решааш ҳамин тавр номида шудааст. Дар кӯҳсорҳои Осиёи Марказӣ бисёр мерӯяд. Ба русӣ золотой корень меноманд. Гулаш зард аст. Қади гиёҳаш то як ваҷаб мехезад, баргҳояш сербар ва дурушт мебошанд. Мизоҷаш гарм ва хушк …

Муфассал »

ЗАНҶАБИЛ дар Канзи Шифо (Китоб)

zanjabil-610x330

Занҷабил — ин бехрешаи гиёҳест, ки ба решаи сабзии саҳроӣ мемонад, вале аз он майдатар ва баргҳояш борики дароз аст. Ин дар сарзамини Ҳиндустон бисёр аст. Навъқои қӯҳӣ ва даштӣ низ дорад. Дар бозорҳои шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ёфт мешавад. Мизоҷи тару тозааш дар дараҷаи севум гарм ва дар якум хушк …

Муфассал »

Биҳӣ

bihi-660x330

Ин меваи маълум аст, ки се синф мебошад: а) биҳии ширин, ки онро биҳии озод меноманд; б) биҳии майхуш, яъне туршу ширин, ки ин ҳам бисёр аст; в) биҳии маҳз турш. Мизоҷи биҳии ширин дар гармиву сардӣ қариб дар эътидол аст ва дар дараҷаи якум тар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: …

Муфассал »

Момирон дар Канзи Шифо (Китоб)

momiron-640x330

Момирон — ин гиёҳ як намуди зардчӯбаҳост. Поя ва шохҳои он аз замин баланд. Баргаш монанди баргҳои печаки калон, моил ба гирдак, сафеди зардтоб ва часпак мебошад. Решааш шоха-шоха аз як ҷо ба ҳар тараф кашида, кӯчактар ва бориктар аз решаи зардчӯба, гиреҳдор ва каҷтар аст, пашмакрешаҳои мӯйшакл дорад, ки …

Муфассал »