Главная / Илм / АФОНИЯ

АФОНИЯ

aphonia-aspxАФОНИЯ (Aphonia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва phone – овоз, садо), набудани овози ҷарангосии баланд. Ҳангоми А. овоз паст ва нимғурма мешавад. А. аломати бемориҳои гуногуни ханҷара, силсилаи асаб ва ғ. аст. А. фалаҷӣ, ташаннуҷӣ ва вазоифӣ (функсиявӣ) мешавад. Сабаби А.-и фалаҷӣ ихтилоли кори асаби поёни ханҷара ва амрози силсилаи асабҳост. А.-и ташаннуҷӣ дар натиҷаи ташаннуҷи мушакҳои дохилии ханҷара ва А.-и вазоифӣ бинобар пурра ҷафс нашудани бандакҳои овоз ба вуқӯъ мепайвандад.
А. мумкин аст дар натиҷаи ларингити шадид ва музмин, омоси гулӯ ва бемориҳои диг. низ ба вуҷуд ояд. Агар омос дар ибтидои уқдаҳои овоз қарор дошта бошад, пас он барои ҷафс гаштани онҳо монеъ мешавад. Омоси саратонӣ ба умқи бофтаҳо ворид шуда, асабу мушакҳоро хароб менамояд. Муолиҷаи А. ба рафъ намудани сабабҳои он вобаста аст. А.-и вазоифӣ бисёр вақт нек анҷом мепазирад. Оқибати А.-и ҳақиқӣ ва фалаҷӣ чандон нек нест (ба натиҷаи бемории асосӣ вобастагӣ дорад).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …