Главная / Илм / АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ

АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ

480px-farnearfields-usp-4998112-1АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ, афканишоти электромагнитии дарозии мавҷашон аз 10 то 400 нм. А. у. таъсири сахти химиявӣ ва биологӣ доранд. Манбаи А. у. табиӣ ва сунъӣ мешавад.
Манбаи табии нисбатан пуриқтидори А. у. Офтоб аст. А. у.-и Офтоб ба Замин дар шакли нурҳои рост ва пароканда омада мерасад. А. у.-и дарозии мавҷашон камтар аз 295 нм-ро дар қабатҳои болоии атмосфера озон фурӯ мебарад.
Манбаи А. у.-и сунъӣ лампаҳои симобӣ, бактерисидӣ, эритемавӣ (сурӣ), ксенонӣ ва ғ. маҳсуб меёбанд. Дар мавриди А. у.-и сунъӣ аз манбаъҳои омехта низ истифода мекунанд. Чунин манбаъҳои муштарак амалан спектри офтобии бефосила хориҷ менамоянд.
Бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳо аз А. у.-и мувофиқ истифода бурда мешавад. Вояи зиёди А. у. метавонад боиси таъсироти манфӣ, мас., сӯхтани пӯст, илтиҳоби луобпарда ва шохпардаи чашм (фотоофталмия) гардад. Бинобар таъсироти бардавоми А. у. имкон дорад, ки бемориҳои саратонии пӯст сар зананд. Аммо вояи саратонофари А. у. нисбат ба вояи табобатии он, ки дар амал корбаст мешавад, бояд садҳо маротиба зиёд бошад. Вояҳои беҳдоштии А. у. боз ҳам камтаранд.
Самараи А. у. ба сохтори спектрии афканишот сахт марбут аст. Мас., А. у.-и кӯтоҳмавҷи лампаҳои бактерисидӣ барои безарар гардондани об, ҳаво, ашёи рӯзгор, хӯрокворӣ ва ғ. кор фармуда мешавад. Дастгоҳҳои бактерисидиро дар муассисаҳои табобатӣ (утоқи амалиёти ҷарроҳӣ, захмбандӣ, лабораторияҳои бактериологӣ, вирусологӣ), саноати хӯрокворӣ ва дорусозӣ истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …