Главная / Илм / АФЛЕСУН

АФЛЕСУН

apelsin7АФЛЕСУН (Citrus sinensis), пуртахол, дарахтест ҳамешасабзи субтропикӣ. То 4 – 12 м қад мекашад; сершоху барг, навдаҳояш рост, танаву шохааш хорҳои борик доранд. Баргаш миёнаҳаҷм ё калони ҷилодор, чармгун, гирдаи нӯгтез, баъзан андак дандонадор, сабзи тира; навда ва баргҳои наврустааш сабзи кушод. Гулаш дуҷинса, сафед ва хушбӯй. Мевааш лӯнда, нокмонанд ё байзашакл; пӯсташ сахт, чармгуни равғанин, ҳамвор, ба гӯшт сахт часпидааст. Гӯшташ серобу ширин ё нордон, аз 8 – 13-пора иборат аст (ҳар пораи он бо парда пӯшонида шудааст). Табибон мева ва афшураи онро ҳамчун воситаи иштиҳоовар, талхарон ва пасткунандаи фишори хун тавсия медиҳанд. А. барои табобати атеросклероз, фарбеҳӣ, бемориҳои ҷигар, ниқрис нофеъ аст. Табибони халқӣ А.-ро бо мақсади муолиҷаи захму яраи сироятёфта кор мефармоянд. Афшураи А. микробҳоро маҳв месозад. Моддаҳои пектинии таркиби он фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар намуда, барои пешгирии қабзият муфид аст. А. ва афшураи он иштиҳоро кушода ҳазми ғизоро беҳтар менамояд, ихроҷи талхаро метезонад. А. барои табобати гиповитаминоз ва авитаминоз низ муфид аст. Бинобар серғизо ва сервитамин будан, А. дар мавриди атеросклероз, гипертония, фарбеҳӣ, бемориҳои ҷигар, ниқрис (подагра) нафъи зиёд дорад. Чанд пораи А.-ро истеъмол намоянд, ғизо зуд ҳазм шуда, савияи холестерин паст мегардад. Дар мавриди бронхит бо мақсади осон шудани нафаскашӣ бо А. ингалятсия мекунанд (30 дақиқа буғи ҷӯшоби пӯсти мева ва барги онро нафас бояд гирифт). Равғани эфири А. табъро болида сохта, хастагиро рафъ менамояд. Агар 1,5 қошуқча пӯсти резакардаи А. ва 1,5 қошуқча баргу пояи нозбӯ (лимугиёҳ)-ро дар 1,5 истакон об чой карда, бо асал истеъмол намоянд, асабҳоро хеле ором месозад. Истеъмоли зиёди А. ба луобпардаи меъда, рӯда ва гурдаҳо зиён дорад. Аз ин рӯ, онро барои беморони гирифтори захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, энтеритҳо, илтиҳоби рӯда, холесистит, гепатит ва нефрит тавсия намедиҳанд.
Ад.: Гулов С.М., Меваҳои ситрусӣ, Д., 2005.
С.М. Гулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …