Главная / Илм / АФАЗИЯ

АФАЗИЯ

1396453394_afasiaАФАЗИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. phasis – гуфтан, гап задан), лолӣ, вайрон шудани қобилияти гапзанӣ ва талаффуз. Дар натиҷаи А. қобилияти фикрро бо гап фаҳмондан, онро фаҳмида гирифтан ва бо ягон предмет ё ҳодисаҳои маълум алоқаманд намуда донистан, халал меёбад. А. дар беморони бо дасти рост коркунанда аз осеби қисми муайяни қишри нимкураи чапи мағзи сар ва дар беморони бо дасти чап коркунанда аз осеби қисми муайяни қишри нимкураи рости мағзи сар рӯй медиҳад. Хелҳои асосии А. инҳоанд: А.-и ҳаракатӣ (таҳрикӣ) – маънои гапро фаҳмида, гап зада натавонистани бемор; А.-и сенсорӣ (эҳсосӣ) – нофаҳмида сафсата гуфтан, гапи дигаронро нафаҳмидан ва фаромӯш кардани предметҳо. А. бештар дар натиҷаи сактаи мағзи сар, сарсом, энсефалит, думбал ва ғ. сар мезанад.
Бо мақсади муолиҷаи А. рафъи бемории асосӣ ва таълими логопедӣ зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …