Главная / Илм / АУТОТРЕНИНГ

АУТОТРЕНИНГ

autotrening-dlya-uspokoeniya-nervnoj-sistemyАУТОТРЕНИНГ, худмашқдиҳӣ, усули ба вазъи рӯҳӣ ва ҷисмонии организми худ таъсир расонидан. А. бо роҳи суст кардани мушакҳо, ки якҷоя бо худталқинкунӣ гузаронида мешавад, асос ёфтааст.
А. – ро барои табобати бемории невроз, психопатия, ихтилоли рӯҳӣ, шиддати эмотсионалии одамоне, ки дар вазъияти вазнин ё ҷанҷолӣ мондаанд, кор мефармоянд. Худтанзимкунии вокунишҳои эҳсосию вегетативӣ имкон медиҳад, ки А. дар физиологияи авиатсионӣ ва кайҳонӣ, психологияи инженерӣ ва ғ., барои мутахассисоне, ки дар вазъияти стресс кор мекунанд, инчунин барои машқ додани варзишгарон истифода бурда шавад. А.-ро пайваста бо диг. усулҳои муолиҷа барои табобати зиқи нафас, бемории гипертония, эндартериит, нейродермит ва ғ. низ кор мефармоянд.
Чанд усули А. мавҷуд аст. Тарзи А.-ро бемор дар рафти машқҳои мунтазам аз духтур омӯхта, сипас худаш мустақилона машқ мекунад. Хубии А. дар безарарии он аст. А. дар сурате зиён меорад, ки агар мариз ба ивази диг. воситаҳои зарурии табобат фақат аз он истифода кунад. Пеш аз шурӯъ намудан ба А. бо духтур ҳатман маслиҳат бояд кард. Ҳангоми баҳо дода натавонистан ба эҳсосот (рафтор, ҳиссиёт)-и худ ё нодуруст баҳо додан ба он, ҳамчунин назорат карда натавонистани шуур А. натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аз ин рӯ онро барои табобати кӯдак ва одамони гирифтори касалиҳои рӯҳӣ ба кор намебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …