Главная / Илм / ДАНДОН

ДАНДОН

zubДАНДОН (Dens, odontos), узвест барои газидан ва хоидани ғизо. Д.-ҳо инчунин дар талаффузи баъзе овозҳо иштирок мекунанд. Ҳайвонот Д.-ро ғайр аз хоидан, барои муҳофизат, ҳамла ва сайд низ истифода мебаранд.
Дар ҷараёни таҳаввул Д. ба туфайли тағйироти пулакчаҳое, ки тани ҳайвоноти обии мӯҳрадорро рӯйпӯш мекарданд, ба вуҷуд омадааст. Д.-и моҳиҳо конусшакл буда, Д.-и пеш, ашк ва курсии ширхӯрон нисбатан калонтаранд. Д.-ҳои пеши ҳайвоноти хоянда, Д.-ҳои ашки ҳайвоноти ваҳшӣ, Д.-ҳои курсии ҳайвоноти алафхӯр хуб инкишоф ёфтаанд. Д.-и ашки баъзе ҷонварон нишонаи фарқкунандаи ҷинсӣ аст. Мас., Д.-и хук, морж ва фили нар барҷаста ва калон мешавад. Миқдор ва шакли Д.-и маймунҳои одамшакл ба Д.-и одам монанд аст.
Дар ҷоғи болою поёни одам Д.-ҳо нимдоира ҷойгир шудаанд. Ҳам қатори болоӣ ва ҳам қатори поёнӣ 16-тоӣ Д. дорад: 4 дандони пеш, 2 дандони ашк, 4 дандони курсии хурд ва 6 дандони курсии калон. Д.-и курсии сеюмро Д.-и ақл низ меноманд. Он аз ҳама дертар (дар синни 16 – ¬ 25 – солагӣ) мебарояд. Д.-и пеш ва ашк яктогӣ, Д.-и курсӣ ду-сетогӣ реша дорад. Муносибати қатори Д.-ҳои болоӣ ва поёниро ҳангоми озод газидан (яъне васли ҷоғи болою поён), хобиши дандонҳо ё окклюзия меноманд.
Д.-и одам ду хел мешавад: Д.-и шир ва Д.-и доимӣ. Д.- ҳои шир дар тифл инкишоф ёфта, дар синни наврасӣ (13 – 14 – солагӣ) ба Д.-ҳои доимӣ иваз мешаванд. Д.-и шир ба Д.-и доимӣ монанд, аммо ҳаҷман хурду решааш кӯтоҳ аст. Ҷоғи болою поён 10-тоӣ Д.-и шир доранд: 4 дандони пеш, 2 дандони ашк ва 4 дандони курсӣ. Аз 6 то 14-солагӣ як қисм Д.-ҳои шир якҷоя бо Д.-ҳои доимӣ вазифаи худро муштарак иҷро мекунанд. Дертар, тадриҷан тамоми Д.-ҳои шир бо Д.-ҳои доимӣ иваз мешавад. Дар ин муддат ҷоғи боло ва поён инкишофи худро идома медиҳад; Д.-и курсии доимӣ бори аввал дар 6-солагӣ инкишоф меёбад.
Рушди дандон дар давраи пайдоиши ҷанин дар батни модар (дар ҳафтаи 6 – 7 – уми ҳомилагӣ) оғоз ёфта, минбаъд то синни 18 – 20 -солагӣ ба анҷом мерасад. Ҷанини Д.-ҳои доимии пеш, ашк, курсии хурд дар моҳи 5-уми ҳамл пайдо мешавад. Ҷанини Д.-ҳои доимии боқӣ дар миёнаи соли аввали таваллуди кӯдак (Д.-и курсии калон), дар 4 – 5 -солагӣ бошад, ҷанини Д.-и курсии калон (аз он ҷумла Д.-и ақл) ба вуҷуд меояд.
Барои рушди Д.-и кӯдак тағзияи мураттаби модар (ҳамчунин кӯдаки ширмак) муҳим аст. Истеъмоли бенизоми ғизо, бемориҳои музмин, , норасоии витаминҳо намакҳои минералӣ ва микроэлементҳо (калтсий, фосфор ва ғ.) дар ғизои модар, кӯдак ва бачагони хурдсол боиси ихтилоли ташаккули бофтаҳои сахт ва осебҳои дигари Д. мешаванд.
Сохти дандон. Ҳар як Д. ғилофак, гардана ва реша дорад. Ғилофаки Д. дар ковокии даҳон намоён аст. Гардана (қисми бориктари Д.) бо милк пӯшида шудааст. Решаи Д. дар лоначаи дандон ҷойгир мешавад. Аз сӯрохии охири реша ба ҷӯяки реша ва ковокии Д. рагу асабҳо дохил шуда, мағз (пулпа)-и Д.-ро ҳосил мекунанд. Д. аз бофтаҳои сахт иборат буда, ҷисми асосии онро дентин ташкил медиҳад. Рӯи ғилофаки Д. бо мино (сири дандон) ва решаю гардана бо семент пӯшида шудааст. Сири Д. аз бофтаҳои ниҳоят сахт иборат буда, дар таркибаш тақр. 96% моддаҳои ғайриорганикӣ, дентин бошад, тақр. 72% моддаҳои минералӣ дорад. Миқдори минералҳо дар таркиби Д.-и доимӣ нисбат ба Д.-и шир хеле зиёд аст.
Баровардани дандон. Д.-ҳои шир ва доимӣ мувофиқи синну сол пай дар пай мебароянд: Д.-ҳои пеши ҷоғи поён ва ҷоғи боло дар 6 – 8-моҳагӣ; Д.-и ашки поён ва боло дар 8 – 12-моҳагӣ; Д.-и курсии шир дар 12 – 16 – моҳагӣ; Д.-и ашк дар 16 – 20-моҳагӣ; Д.-и курсии калон дар 20 – 30-моҳагӣ. Дар интиҳои дусолагӣ ҳамаи 20 Д.-ҳои шир мебароянд. Баровардани Д. ҳодисаи физиологӣ буда, одатан, боиси бемории кӯдак намешавад. Баъзан айёми дандонбарорӣ мумкин ҳарорати бадани кӯдакон баланд шуда, ихроҷи зиёди оби даҳон (аз сабаби ангезиши ғадудҳои оби даҳон), хориши милк, ком ва вораҳо, бетоқатӣ, майли газидани қошуқ, гирди пиёла ва дигар чизҳо зоҳир гардад. Ин нишонаҳои умумӣ ба оғози бемориҳои гуногуни бачагона низ хос мебошанд. Дар чунин мавридҳо бояд ба духтури дандон муроҷиат намуд.
Баъди баромадани Д.-и доимӣ решаҳои Д.-и шир тадриҷан нест мешаванд. Инкишофи решаи Д.-и пеш, курсии хурд, курсиҳои калони боқимонда дар 10 – 16-солагӣ ба анҷом мерасад. Ғилофак, гардана ва решаи Д.-ҳое, ки аз инкишоф мондаанд, пӯсида (кариес) нест мешаванд.
Вазифаи дандонҳо. Д.-ҳо дар ҳазми аввали ғизо (бо туфайли хоида майда кардани ғизо ва бо шираи ғадудҳои даҳон, ки ферменти амилаза дорад, омехтани он) иштирок мекунанд. Он барои ҳазми ғизо дар меъда хеле зарур аст. Ҳангоми иллати Д.-ҳо ва қисман ё пурра набудани онҳо ҳазми ғизо халал ёфта, боиси бемориҳои узвҳои дохилӣ мегардад.
Беморӣ ва осебҳои дандон. Ихтилоли рушди Д.-ҳо, ки онро аномалия меноманд, гуногун аст: ноқисии косметикӣ (шакли нодуруст, тағйироти ҳаҷм ва ранги Д.); берабтии хоиш (аз сабаби набудани ин ё он дандон, нодурустии ҷуфтгирии дандонҳо, набаромадани дандон дар мӯҳлати муқаррарӣ, инкишоф наёфтани дандони ашк ва курсиҳои калону хурд), таъсири ҳомилагӣ (ҳангоми пайдоиши ҷанинҳои Д.); фосилаи аз ҳадди муқаррарӣ зиёди байни Д.-ҳои пеш (диастема), қӯша баромадани Д., аз ҳудуди вораҳои ҷоғи боло ё поён ба тарафи пеш ё қафо баромадани Д. ва ғ.
Ба дер ва ё барвақт баромадани Д.-ҳо иллати узвҳои дарунӣ (бемориҳои рӯдаю меъда, варами шуш, рахит ва ғ.) сабаб шуда метавонад. Агар дар ҷараёни пайдоишу инкишофи ҷанини Д. дар организми кӯдак мубодилаи моддаҳо халал ёбад, пас бофтаҳои сахти Д. аз инкишоф мемонанд. Чунин нуқси инкишофи Д.-ро гипоплазия меноманд. Он бештар дар Д.-ҳои пеш ва курсии калони доимӣ падид меояд. Азбаски сири Д.-ҳои гирифтори гипоплазия, одатан, хеле тунук аст, сатҳи ноҳамвори он доғҳои қаҳваранг пайдо мекунад. Ин қабил Д.-ҳо дард накунанд ҳам, бештар мепӯсанд. Барои табобати гипоплазия ба духтури стоматолог муроҷиат намудан лозим аст.
Шикастан, кафидан ва беҷо шудани Д.-ҳо сабабҳои гуногун доранд. Д.-ҳои осебёфта сахт дард мекунанд, вораҳо варамида хуншор мешаванд. Ин ҳама ёрии таъҷилии стоматологиро талаб мекунад. Одатҳои зарарнок (газидани қалам, бо дандон кандани ришта, шикастани писта, донак, чормағз ва ғ.) сабабгори осеби Д. ва нуқси косметикии Д.-и пеш мешаванд. Д.-и осебёфта тадриҷан ба кариес дучор омада, вораҳо ва пардаҳои луобии ҷавфи даҳон илтиҳоб пайдо мекунанд.
Дар коргарони муассисаҳои химиявӣ ва баъзе лабораторияҳо зери таъсири кислотаю ишқор, ҳамчунин дуру дароз истифода бурдани кислотаи хлорид, ки ҳангоми бемории гастрит таъин карда мешавад, ранги сири Д. тағйир меёбад; онҳо доғ пайдо карда, ба таъсири хунукӣ ва сардӣ ҳассос мегарданд. Чунин ашхосро зарур аст, ки ҳатман ба стоматолог муроҷиат намоянд.
Бемориҳои дандон. Кариес маъмултарин иллати Д. буда, дар натиҷаи ихтилоли кори узвҳои дарунӣ, тағзияи номураттаб (мас., фаровонии ширинӣ ва баръакс, камии сафеда дар таркиби ғизо, истеъмоли ками маҳсулоти ширӣ, нарасидани микроэлементҳо ва ғ.) ва риоя накардани қоидаҳои беҳдошти Д. ба вуҷуд меояд. Ба пайдоиши иллати Д.-ҳо таҳнишастҳои нарм (моддаҳое, ки дар гарданаю ғилофаки Д. таҳшон шудаанд) мусоидат мекунанд. Агар ба Д.-ҳо ба таври бояду шояд нигоҳубин накунанд, таҳнишастҳои нарм ба санги дандон мубаддал гашта, боиси илтиҳоби вораҳо (ниг. Стоматит) мегарданд. Кариеси Д. сари вақт табобат карда нашавад, тадриҷан пулпит (илтиҳоби мағзи дандон) инкишоф меёбад. Мумкин аст оризаи дигар – периодонтит ҳам ба вуҷуд ояд ва Д. оқибат нобуд шавад. Ҳам Д.-ҳои доимӣ ва ҳам Д.-ҳои ширӣ гирифтори кариес мешаванд, вале Д.-ҳои шир зудтар осеб мебинанд. Илтиҳоби бофтаҳои атрофи Д.-и шир ба ҷанини Д.-ҳои доимӣ зарар мерасонад. Агар Д.-и шир ба баромадани Д. – и доимӣ халал ворид созад, пас бояд ба духтури стоматолог муроҷиат кард. Кандани Д.-и доимӣ барои организми одам бефарқ нест. Аз ин рӯ духтур чунин Д.-ро фақат ҳамон вақт меканад, ки агар тадбирҳои дигари табобатӣ нафъ набахшанд ё ғилофаки Д. то дараҷае вайрон шудааст, ки илоҷи протез кардан нест. Баъди кандани Д., ҷои осебдидаи ҷоғ ва решаҳои он (дандонхона)-ро тадриҷан бофтаҳо пур мекунанд. Дертар ин бофтаҳо ҳал шуда, сабабгори ноустувории решаи Д.-ҳои ҳамшафат мегарданд.
Д. боз чунин иллатҳо дорад: флюороз (сабаби он зиёдии фтор дар оби баъзе мавзеъҳо аст), хӯрдашавии Д.-ҳо, нодуруст будани хобиши дандонҳо, ҳассосияти аз эътидол зиёди бофтаҳои сахти Д.
Ҳангоми флюороз организми одам аз миқдори зиёди фтор (дар таркиби оби нӯшокӣ мавҷуд аст) заҳролуд ва мубодилаи моддаҳо берабт шуда, қабл аз ҳама Д.-ҳо осеб меёбанд. Дар аснои флюороз сири дандон ҷигарранг гашта, қирраю сатҳи он хӯрда мешавад. Бо мақсади пешгирии флюороз муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ тадбирҳои зарурӣ (аз об дур кардани фтор) меандешанд, Д.-и кӯдаконро табобат мекунанд.
Д.-ҳои баъзе ҷавонон (20 – 25-сола) тезтар хӯрда мешаванд. Сабаби ин асосан нодурустии ҷуфтгирии дандонҳо мебошад. Дар ин маврид духтур тавре табобат мекунад, ки нуқси ҷуфтгирии дандонҳо рафъ гардад. Агар лозим шавад, шакли Д.-ҳои фитшударо тавассути коронка барқарор менамоянд.
Нигоҳубини дандон. Ба Д.-ҳо тавассути чӯткаи дандон, хока, хамира ва маҳлулҳои махсус (барои чайқондани даҳон) нигоҳубин мекунанд. Чӯтка якҷоя бо хока ё хамираҳо барои аз боқимондаи моддаҳои ғизоӣ ва таҳшони намакҳои минералӣ тоза кардани Д. хизмат мекунад. Барои ин аз чӯткаҳои дурушт, нарм ва махсус (мувофиқи тавсияи духтур) истифода мебаранд. Мӯҳлати истифодаи чӯткаҳо 4 моҳ аст. Чӯтка барои ҳар кас бояд алоҳида бошад. Онро баъди истифода тоза шуста ва собун зада дар ягон зарф нигоҳ медоранд. Пеш аз истифода собуни онро тоза мешӯянд. Барои онҳое, ки дар гарданаи Д.-ашон санг пайдо шудааст, хокаҳои дорои глитсерофосфат («Жемчуг») ё бикарбонати натрий («Особий») тавсия мешавад.
Хамираҳои дандоншӯии «Colgate», «Prezident», «Radonta», «Colgate Total»,«Blend-a-med», «Nassim», «Mexidol», «Blanx» ва ғ. Д.-ҳоро хеле хуб тоза мекунанд. Хамираҳоеро, ки дар таркибашон фтор доранд, фақат бо маслиҳати духтур истифода мебаранд. Баъзе хамираҳои дандоншӯии маъмул, мас., «Поморин», метавонад боиси ангезиши вораҳо, хуншорӣ аз милки дандон, аллергия шаванд. Аз ин сабаб пеш аз истифодаи онҳо бо духтури стоматолог маслиҳат бояд кард.
Иксирҳои Д. дар мавриде истифода мешаванд, ки нигоҳубини Д. бо воситаҳои маъмул имконнопазир бошад (бемориҳои пардаҳои луобии даҳон, иллатҳои Д. баъди ҷарроҳӣ ва ғ.). Иксирҳои Д. низ хосияти безарарсозӣ, рафъи бӯй ва солимгардонии Д.-ро доранд.
Одатҳои зарарноки тоза кардани Д. бо сӯзан, чӯби дурушт, ишқор, кислотаҳо ва диг. моддаҳои химиявӣ сабабгори осеб ёфтани он мегарданд. Агар ҳангоми тоза кардани Д. дард ва ё дигар аломатҳои илтиҳоб пайдо шаванд, ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Қоидаи истифодаи чӯткаҳои дандоншӯӣ чунин аст: пасу пеш ва паҳлӯи Д.-ҳоро бо ҳаракати амудии чӯтка, қисми болоии ғилофаки Д. ва Д.-ҳои курсиро бошад, бо ҳаракати уфуқӣ тоза мекунанд. Д.-ҳоро дар давоми 1– 3 дақиқа мешӯянд ва бо оби соф мечайқонанд. Пагоҳӣ онҳоро бо хока ё хамира, бегоҳӣ ё пеш аз хоб бошад, бо як худи чӯтка тоза мекунанд. Ба бачагон шустани Д.-ро аз 2 – 3 -солагӣ меомӯзонанд. Бо ин мақсад дар боғчаҳои бачагон ва синфҳои ибтидоии мактаб оид ба нигоҳубини Д. машғулиятҳо гузаронда мешаванд.
Барои онҳое, ки Д.-ашон иллат ёфтааст ва ё стоматит (илтиҳоби луобпардаи даҳон) доранд, тавсияҳои нигоҳубини Д.-ро духтури стоматолог медиҳад. Барои аз боқимондаи хӯрок тоза кардани Д. дандонхилоли чӯбин ё пластмассиро истифода мебаранд.
Риояи қоидаҳои нигоҳубини Д., табобати саривақтии дарди он ва амрози узвҳои дохилӣ, мураттабии ғизои занони ҳомила ва тифли ширмак беҳтарин омили солимии Д. мебошанд. Барои пешгирии иллатҳои Д. ҳар кас бояд соле ду маротиба аз муоинаи духтури стоматолог гузарад ва тавсияҳои ӯро пурра иҷро кунад.
КЛ
Расми 1. Дандонҳои доимии ҷоғи боло ва луобпардаи ком (намуд аз поён): 1 – чинҳои кӯндаланги ком; 2 – пистонаки пешдандон; 3 – дандонҳои пеш; 4 – дандонҳои ашк; 5 – дандонҳои курсии хурд; 6 – дандонҳои курсии калон.
Расми 2. Дандонҳои доимӣ ва решаи онҳо (намуд аз рост): 1 – ҷавфи ҷоғи боло (ҷавфи Гаймор); 2 – дандонҳои курсии хурд; 3 – дандонҳои ашк; 4 – дандонҳои пеш; 5 – сӯрохи манаҳ; 6 – дандонҳои курсии калон; 7 – ҷоғи поён.
Расми 3. Сохти дандон (нақша): 1 – мино (сир); 2 – дентин; 3 – пулпаи дандон; 4 – милки дандон; 5 – семент; 6 – периодонт; 7 – устухон; I – ғилофаки дандон; II – гарданаи дандон; III – решаи дандон; IV – ҷӯяки решаи дандон.
Расми 4. Мӯҳлати баромадани дандонҳои ширӣ (нақша).

С. К. Сабуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …