Главная / Илм / ДАМКӯТОҲӣ

ДАМКӯТОҲӣ

ihtiloli-havoДАМКӯТОҲӣ (Dyspoë), ихтилоли басомад ё амиқии нафаскашӣ, ки боиси эҳсоси норасоии ҳаво мегардад. Сабаби Д. мумкин аст ихтилоли ягон аъзои фаъолияти нафаскашӣ бошад, ки дар он қишри майна, маркази нафас, асабҳои ҳароммағз, мушакҳо, сандуқи сина, диафрагма, шуш, силсилаи дилу рагҳо, ҳамчунин хун (газҳоро интиқол медиҳад) ширкат меварзанд. Агар танзими асабии нафаскашӣ халал наёфта бошад, пас Д. хусусияти ҷубронӣ касб мекунад, яъне он ба пурра кардани норасоии оксиген ва хориҷ намудани гази карбонати зиёдатӣ равона шудааст. Д. гуногун мешавад.
Д.-и марказӣ ба ихтилоли қишрии маркази нафаскашӣ ва осеби он вобаста аст. Ҳангоми неврозҳо (аксар дар мавриди ғашён) Д. бо тахипноэ рух менамояд, яъне нафаскашӣ рӯякӣ ва тез мешавад (баъзан то 50 – 70 ҳаракати нафасгирӣ дар 1 дақ.). Дар чунин ҳолатҳо ба бемор доруи таскинбахш додан лозим аст: нақеъи нардсунбул (дар 30 мл об 1 чумча).
Д.-и баста ба ихтилоли диафрагма ва сандуқи сина дар аснои халал ёфтани ҳаракати диафрагма ё сандуқи сина (метеоризм, кифоз, сколиоз, дарди сандуқи сина ва ғ.) ва ё дар ҷавфи шушпарда бисёр ғун шудани об (мас., гидроторакс) падид меояд. Ҳангоми ин нафас сатҳӣ ва тез мешавад; дар мавриди кори ҷисмонӣ зуд тахипноэ рух менамояд. Барои муолиҷаи чунин ҳолат сабаби онро рафъ сохтан лозим аст (пунксияи плевра, истифодаи найчаҳои газбарор ва ғ.).
Д.-и шушӣ метавонад ҳангоми хурд шудани сатҳи шуш ё пурра кашиш нахӯрдани бофтаҳои он, ихтилоли нуфузпазирии бронхҳо, диффузияи газҳо дар алвеолаҳо ба вуҷуд ояд. Бисёр вақт сабаби Д.-и шушӣ халал ёфтани нуфузпазирии бронхҳо бинобар ташаннуҷ, варам ё бо балғам баста шудани онҳо мебошад. Дар мавриди беморӣ ҳангоми нафас кашидан шуш садо мебарорад.
Д.-и дилӣ бинобар нуқси қисми чапи дил пайдо мешавад. Ҳангоми хунро кам фиристодани дил тағзияи майна халал ёфта, Д. рух менамояд. Дар венаҳои шуш дармондани хун ба мубодилаи газҳо халал ворид сохта, ҳаво гирифтани шушро душвор мегардонад. Дар натиҷа нафасгирӣ тез ва амиқ мешавад; бемор маҷбур аст, ки барои осон шудани нафасгирӣ мавқеи мувофиқ ҷӯяд. Чунин тарзи Д. шабона, вале бештар ҳангоми кори ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд. Дар аснои Д.-и дилӣ бисёр вақт варам, акросианоз, хунук шудани дасту по мушоҳида мешавад.
Д.-и гематогенӣ дар натиҷаи ба маркази нафас таъсир расондани моддаҳои турш (ҳангоми атсидоз) ё маҳсули мубодилаи халалёфта (ҳангоми иллати гурдаҳо ва ҷигар) пайдо мешавад. Атсидоз ба тез ва амиқ шудани нафаскашӣ боис мегардад (полипноэ). Дар ҳолатҳои вазнин (иғмои диабетӣ) аз шуш садои баланд меояд.
Табобати ҳама шаклҳои Д. ба рафъ намудани сабабҳои онҳо равона мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …