Главная / Илм / ДАНДОНДАРД

ДАНДОНДАРД

kak-snyat-bol-v-zubeДАНДОНДАРД, эҳсоси ногуворе, ки бинобар осебу иллати дандон падид меояд. Дар бисёр мавридҳо сабаби Д. кариес, пулпит, периодонтит ва дигар бемориҳо мебошанд. Ҳангоми кариес дард кӯтоҳмуддат буда, бинобар истеъмоли ширавор, ғизоҳои шӯр, турш, хунук ва бисёр гарм пайдо мешавад. Барои бемории пулпит дарди хуруҷмонанд хос аст. Он шабона авҷ гирифта, тадриҷан ба чака, гӯш, забон ва гулӯ паҳн мешавад. Бинобар ин бемор дандони дардмандашро аниқ нишон дода наметавонад. Дар мавриди периодонтити шадид дарди дандон доимӣ буда, ба дигар узвҳо паҳн намешавад; дард хусусан ҳангоми хоидани луқма ва ангушт расондан хуруҷ меёбад.
Дар мавриди Д. ба духтури стоматолог муроҷиат кардан лозим аст. Зеро сабаби дард ҳамеша дандон нест. Он метавонад бинобар омоси ҷоғ, илтиҳоби ҷавфи гайморӣ, невритҳо ва невралгия низ ба вуҷуд ояд.

С. К. Сабуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …