Главная / Илм / ДАКТИЛОЛОГИЯ

ДАКТИЛОЛОГИЯ

daktilologiaДАКТИЛОЛОГИЯ (юн. daktilos – ангушт ва … логия), як шакли махсуси нутқ, ки ба воситаи ангуштони даст ифода карда мешавад. Ҳолатҳои гуногуни ангуштон ҳарфҳои алифборо ифода мекунанд. Дар алоқаи дактилологӣ ба орфография дуруст риоя менамоянд. Барои донистани фарқи овозҳои ҷарангдор ва беҷаранг (г-к; д-т; б-п ва ғ.), сактадор ва нарм (т-тъ; с-съ ва ғ.) ҳаракати лаб ёрӣ мерасонад. Мас., панҷаи даст ба сина гузошта шавад, овози ҷарангдор ва агар даст аз сари сина бардошта шавад, овози беҷарангро ифода мекунад. Нутқи дактилиро бачагони кар то омӯхтани шакли лафзӣ ва хаттӣ ба сифати шакли аввали нутқ (дар боғча) омӯхта метавонанд. Дар боғчаҳои бачагон ва синфҳои ибтидоии мактабҳои бачагони кар Д. ҳамчун воситаи асосии таълими нутқи лафзӣ, дар синфҳои болоии ин мактабҳо ҳамчун воситаи ёрирасон хизмат мекунад. Ҳангоми таълими бачагони кару гунг Д. воситаи ягонаи мубодилаи афкор мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …