Главная / Илм / ДАРАХТИ ҚАҲВА

ДАРАХТИ ҚАҲВА

darakhti-kahvaДАРАХТИ ҚАҲВА, растаниест ҳамешасабз. Баргҳояш ғафс, сабзи сиёҳтоб. Гулаш сафед, хушбӯй, монанди гули ёсуман. Мевааш сурх ё кабуди сиёҳтоб, 2-то дона дорад.
Дар ҷаҳон тақр. 50 намуди Д. қ. мерӯяд. Барои сабзиши Д. қ. маҳалҳое, ки миқдори боришоти солонаашон ба 2200 – 3300 мм мерасад, мусоид аст. Онро аз тухм ё қаламча зиёд мекунанд. Кӯчати Д. қ. дар соли 4-ум мева медиҳад. Д. қ.-ро барои истеҳсоли кофеин низ истифода мебаранд. Ҳангоми бирён кардани донаҳои хоми Д. қ. кафеол (моддаи хушбӯй) ҳосил мешавад, ки ба нӯшокӣ бӯйу таъми гуворо мебахшад.
Таркиби Д. қ. вобаста ба навъ тағйир меёбад. Д. қ. андаряк 13 – 14% моддаҳои нитрогендор, 0,65 – 2,7% кофеин, 2,3% қанд, 12 – 15% равған, 20% клетчатка, 3 – 4% модаҳои минералӣ дорад. Ниг. низ Қаҳва.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …