Главная / Илм / ДАКРИОСИСТИТ

ДАКРИОСИСТИТ

dakriosistitДАКРИОСИСТИТ (Dacriocystitis; аз юн. dacryon – ашк ва kystis – ҳубоб, халта), газаки ашкдон. Аз сабаби баста шудани ашкроҳаи байни бинию чашм, ки ковокии ашкдонро бо ковокии бинӣ мепайвандад, ба вуҷуд меояд; дар натиҷа фаъолияти маҷрои ашк халал ёфта, боиси васеъ шудану варам кардани ашкдон мегардад. Ашкроҳа ҳангоми бемориҳои луобпарда, бинивораи иловагӣ, захми бинӣ ва ғ. низ баста мешавад. Ашк ҳангоми беҳаракат мондан, хосияти маҳвсозии микробҳоро гум карда, барои пайдоиши сироят дар ашкдони васеъгашта шароити мусоид фароҳам меоварад. Дар натиҷа луобпарда газак мегирад (Д.-и музмин). Беморон аз шоридани ашк ва зардоб шикоят мекунанд. Ҳангоми ба ашкхалта фишор овардан, аз роҳи ашкбаро зардоб хориҷ мешавад. Бисёр вақт якҷоя бо Д. блефарит ва конъюнктивит низ ба вуҷуд меояд. Д.-и музмин бо роҳи ҷарроҳӣ табобат карда мешавад (дар байни ҷавфи халтаи ашк ва ҷавфи бинӣ анастомоз ба вуҷуд меоранд). Агар илтиҳоб аз ашкдон бо бофтаҳои ҳамшафат гузарад, навъи вазнинтари иллат – Д.-и шадид ё дабилаи фасоднок ба вуҷуд меояд. Ҳангоми муоина пӯсти атрофи халтаи ашк, бинӣ ва рухсора сурх шуда, дард мекунад. Д. бештар дар калонсолон, баъзан дар навзодон мушоҳида мешавад. Ҳангоми Д. сари вақт ҷарроҳӣ кардан ногузир аст. Д.-е, ки табобат нашудааст, оқибати бад дорад. Аз ин рӯ, дар аснои аз Д. гумон бурдан, ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Ниг. низ Чашм.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …