Главная / Илм / ДАВРАИ ҲАЙЗ

ДАВРАИ ҲАЙЗ

hayzДАВРАИ ҲАЙЗ (Cyslus menstrualis), ҷараёни мураккаби биологист, ки ҳангоми он дар организми зан, хусусан тухмдону бачадон, тағйироти сиклӣ (даврӣ) рӯй дода, бо тарашшӯҳи хунолуд аз узвҳои таносул хотима меёбад. Тағйироти сиклии организми зан бо иштироки асбияи марказӣ (қишри мағзи сар, гипоталамус, гипофиз) ҷараён мегирад. Гипоталамус муҳимтарин қисми мағзи сар аст, ки кори узвҳои дарунро танзим карда, моддаҳои махсус – нейрогормонҳо ҳосил мекунад. Нейрогормонҳо фаъолияти ғадуди асосии эндокринӣ – гипофизро меангезанд. Гипофиз бошад, гормонҳое ҳосил мекунад, ки кори ғадудҳои усораи дохилӣ, аз ҷумла тухмдонро метезонад. Дар тухмдон зери таъсири гормонҳои гипофиз фолликула (ба ном ҳубобчаи Грааф), ки ҳуҷайратухм дорад, пухта мерасад. Дар ҷараёни инкишоф фолликула гормонҳои махсуси ҷинсӣ (эстроген) хориҷ мекунад (бевосита ба бачадон таъсир мерасонад). Фолликулаи пухтарасида мекафад ва аз он ҳуҷайратухми болиғ мебарояд (овулятсия). Дар ҷои фолликулаи кафида «ҷисми зард» ҳосил мешавад, ки ғадуди усораи дохилӣ буда, гормони прогестерон хориҷ мекунад. Аз таъсири эстрогенҳо ва прогестерон луобпардаи бачадон ғафс, рагҳои хунгарди он васеъ ва пурхун мешаванд. Агар бордорӣ ба амал наояд, ҳуҷайратухм нобуд шуда, фаъолияти «ҷисми зард» тадриҷан суст ва қатъ мегардад; рагҳои пурхуни бачадон кафида, хун ба қабати луобпарда мерезад. Луобпардаи нарму варамида аз тазйиқи хун мекафад ва хунравӣ, яъне ҳайз оғоз меёбад. Минбаъд захми луобпарда сиҳат мешавад. Давраи пухта расидани ҳуҷайратухм 21 – 35 рӯз (аксаран 28 рӯз) аст.
Духтарон ҳамон вақт аввалин бор ҳайз мебинанд, ки аломатҳои дуюми балоғати ҷинсии онҳо (калон шудани ғадуди сина, расидани мӯи зери ноф, таги каш ва ғ.) пурра зоҳир гарданд (ниг. Балоғати ҷинсӣ). Оғози ҳайзи аввал ба вазъи саломатӣ, шароити иҷтимоӣ ва маишӣ вобаста аст.
Ихтилоли кори ғадудҳои усораи дохилӣ (ғадудҳои ҷинсӣ, болои гурда, гипофиз) боиси номураттабии давраи ҳайз мегардад. Аз ин рӯ, агар духтари 15 – 16-сола ҳайз набинад, барои муайян кардани сабаби таъхири инкишофи ҷинсӣ ва табобати он, албатта, ба духтури маркази мушовираи занон муроҷиат кардан лозим аст.
Хусусияти ҳайз инчунин ба вазъи саломатии зан (духтар) вобастагӣ дорад. Д. ҳ. дар аввал номураттаб бошад ҳам, минбаъд мунтазам мегардад. Бисёр занҳо баъди мӯҳлати муайян ҳайз мебинанд ва давомоти он низ доимо як сон аст; ҳайзи онҳо мӯътадилу бедард гузашта, аҳволи зан бад намешавад. Занҳои дигар бошанд, пеш аз ҳайз худро сусту беқувват ҳис мекунанд, табъашон хира ва ғадуди синаашон сахт мешавад.
Тағйироти Д. ҳ. ва берабтии он аз мавҷудияти ягон иллат дар организм гувоҳӣ медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар як зан барои сари вақт муайян кардани ихтилоли Д. ҳ. бояд мӯҳлати ҳайз, давомот ва дараҷаи хунравиро дар дафтари махсус мунтазам қайд кунад. Набудани ҳайзе, ки ба ҳомилагӣ вобаста нест (аменорея), дер-дер ва ба миқдори кам омадани хун, ҳайзи серхуну тӯлонӣ (меноррагия) ва дарднок (алгоменорея), инчунин хунравии бачадон (новобаста ба давраи ҳайз) далели бемории зан аст (дар ин сурат ӯ бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кунад). Баъзан чанд рӯз пеш аз ҳайз, ғайр аз беқувватӣ, инчунин хиратабъӣ, сахт шудани ғадуди сина (ин аломатҳо дар занҳои солим ҳам мушоҳида мешаванд), дарди сар, сарчархзанӣ, дард кардани атрофи дил, хурӯҷи дилзанӣ, номураттабии хоб ба мушоҳида мерасанд. Ҳангоми пайдо шудани ин аломатҳо низ ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.
Организми зан фақат дар ҳамон сурат мӯътадил фаъолият хоҳад кард, ки агар вайро аз хурдсолӣ дуруст нигоҳубин ва тарбия карда бошанд. Аз ин рӯ, дар ҳаққи духтарон чунин ғамхориҳо лозиманд: қатъӣ риоя кардани қоидаҳои гигиена, обутоби организм, ғизои хушсифат, режими мураттаби меҳнату истироҳат, варзиши ҷисмонӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, саривақт табобат кардани онҳо. Духтарон дар давраи балоғати ҷинсӣ тундмиҷоз ва нисбат ба ҳодисаҳои ногувор басо ҳассос мегарданд. Чунин омилҳо, монанди ихтилоли асабу рӯҳӣ, шароити ногувори зиндагӣ, кори вазнини ҷисмонӣ ва фикрӣ, инчунин амрози сироятӣ боиси номураттабии ҳайз мегарданд. Аз ин рӯ дар ин давра нисбат ба духтарча ниҳоят бодиққат ва ғамхор бояд буд, ӯро аз ҳар навъ низову нохушиҳо ва хастагӣ эмин бояд дошт.
Пайдоиши ҳайзи аввал, хусусан агар ногаҳон пайдо шавад, баъзан боиси ихтилоли фаъолияти асабия мегардад. Бинобар ин, духтарчаро пешакӣ тайёр карда, ба ӯ моҳияти ҳайзро фаҳмондан лозим аст.
Барои пешгирии ихтилоли Д. ҳ. ва диг. бемориҳои занона риояи режими муайяни гигиенӣ дар аснои ҳайз аҳамияти калон дорад. Хусусан тоза нигоҳ доштани узвҳои ҷинсӣ хеле муҳим аст, чунки хуни ҳайз барои афзоиши микробҳо муҳити мусоид мебошад: микробҳо аз он ба маҳбал, сипас ба бачадон ва зоидҳои он гузашта, боиси газак мегарданд. (ниг. Аднексит, Метроэндометрит). Дар аснои ҳайз рӯзе 2 маротиба бо оби ширгарму собун мустаҳаб кардан лозим. Қабули ванна ва оббозӣ (дар баҳр, кӯл, дарё) ҷоиз нест; фақат дар таги душ оббозӣ кардан мумкин аст. Ҳар пагоҳ метавон ба варзиши сабук машғул шуд. Таҳгирак бояд тез-тез иваз карда шавад; барои аз хунукӣ ва чангу ғубор эмин доштани узвҳои таносул трусии даҳони пояш маҳкам пӯшидан лозим. Ҳангоми ҳайз истеъмоли хӯроки тунду тез (занҷабил, сирко, хардал ва ғ.), инчунин пиво ва май манъ аст, чунки онҳо боиси хунравии фузун мегарданд.

М. Ф. Додхоева

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …