Главная / Илм / ДАКРИОАДЕНИТ

ДАКРИОАДЕНИТ

dakrioadenitДАКРИОАДЕНИТ (Dacryoadenitis; аз dakryon – ашк ва aden – ғадуд), илтиҳоби ғадуди ашк. Сабаби Д. бисёр вақт сироят кардани ангезандаи бемориҳои гуногун (ангина, грипп, махмалак, паротити вогир, сурхча, сил, сифилис ва ғ.) мебошад. Д., одатан, дар як тараф ба вуҷуд меояд. Д.-и дутарафа дар мавриди паротити вогир пайдо мешавад.
Д.-и шадид ва музмин мавҷуд аст. Д.-и шадид бо пайдоиши дард ва варам дар мавзеи ғадуди ашк оғоз меёбад. Пилки боло сурх шуда, варам мекунад. Дар сурати калон шудани варам пилкҳои боло ва поён мечаспанд, ҳаракати ғӯзаи чашм душвор мегардад. Конъюнктива сурх, ғуддаҳои лимфа калон ва дардманд мешаванд. Бемор табу тасф мекунад. Баъзан дар ғадуди ашк думбал ба вуҷуд меояд.
Д.-и музмин, одатан, оқибати Д.-и шадид аст. Вале он метавонад ҳангоми бемориҳои сил, сифилис ва ғ. низ пайдо шавад. Ғадуди ашк дардманд нест, вай оҳиста-оҳиста варам карда мумкин экзофталм рух намояд.
Муолиҷаи Д. ба рафъи бемории асосӣ нигаронида шудааст. Аз гармишифоӣ, табобат бо ултрасадо, диатермия, антибиотикҳо ва ғ. истифода мекунанд; ҳангоми зардоб гирифтани ғадуди ашк онро мебуранд

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …