Главная / Теги: Тиб (страница 8)

Теги: Тиб

МАСТОПТОЗ

mastoptoz

МАСТОПТОЗ (Mastoptosis), овезон шудани сина. М. се дараҷа дорад. Аломатҳои дараҷаи якуми М.: сатҳи пистон бо чини поёни ғадуди шир (хати табиие, ки нимдоираи поёни ғадуди сина ба вуҷуд меорад) баробар аст ё поёнтар (тақр. 1 см) мебошад. Дар мавриди М.-и дараҷаи дуюм пистон аз чини поёни ғадуди шир 1 …

Муфассал »

МАСТОСИТОЗ

mastositoz

МАСТОСИТОЗ (Mastocytosis; юн. mast[ig] – фарбеҳ ва юн. cytus – ҳуҷайра), бемории музминест, ки бо осеби пӯст, узвҳои дохилӣ ва устухонҳо падид меояд. Сабаби М. дар бофтаҳо рушд ёфтани ҳуҷайраҳои захим (фарбеҳ) аст. М. шаклҳои гуногун дорад. М.-и популёзӣ ё саглеси ранга дар ҳама синну сол дучор меояд. Аломати он …

Муфассал »

МАСТЭКТОМИЯ

mastektomiya

МАСТЭКТОМИЯ (Mastektomia; юн. mastos – сина ва ektome – буридан, дур андохтан), бо усули ҷарроҳӣ бурида дур сохтани ғадуди шир. Асосан дар мавриди омоси бадфарҷоми он андешида мешавад. Ҳангоми якбора бурида гирифтани ғадуди шир ва уқдаҳои лимфавии мавзеи он баъдтар мумкин аст дар натиҷаи лимфостаз дастҳо варам кунанд. Барои пешгирӣ …

Муфассал »

МАСҲ

mash

МАСҲ, массаж, маҷмӯи усулҳои механикӣ (силакунӣ, соиш, молиш, фишурдан, ларзониш), ки барои рафъи дард бо ёрии даст ё олоти махсус ба ҷо меоранд. Таъсири М. ба организм ба ҷараёнҳои мураккаби физиологие, ки дар онҳо бисёр аъзою аҷзо ширкат доранд, вобаста аст, вале мақоми асосиро системаи асабҳо мебозад. Вобаста ба маҳал, …

Муфассал »

МАСҲИ ДИЛ

mashi-dil

МАСҲИ ДИЛ, таъсири механикие, ки ба дил баъди аз кор мондани он (бо мақсади барқарор кардани фаъолият ва таъмини гардиши бефосилаи хун) мерасонанд. Дилро дар ҳама ҳолатҳои аз кор монданаш масҳ мекунанд. Дил бо сабабҳои гуногун аз кор мемонад, мас., ташаннуҷи рагҳои иклилӣ, беқувватӣ, сакта, сахт лат хӯрдан, аз осеби …

Муфассал »

МАСҲКУНАКИ ЭЛЕКТРӣ

elektr

МАСҲКУНАКИ ЭЛЕКТРӣ, як навъ асбоб барои масҳ кардани бадан. Асбоби масҳкунии ВМП-1 вибратори электромагнитӣ дорад. Масҳро мулҳақаҳои махсус ба ҷо меоранд, ки онҳо ба тири вибратор насб шудаанд. Асбоб барои танзими шиддати вибратсия танзимгарак низ дорад. ВМП-1 аз ҷараёни электрии 127 ё 220 В кор мекунад. Масҳкунаки электрии ВМП-1 бо …

Муфассал »

МАТБАХИ ШИРХОРАҲО

МАТБАХИ ШИРХОРАҲО, муассисаи тиббиест, ки кӯдакони ширмакро бо ғизои махсус тайёркарда – омезаҳои ширии муқаррарӣ, махсус ва табобатию ғизоӣ, бо таомҳо барои ғизои иловагӣ таъмин мекунад. Баъзан М. ш. бо таъиноти духтур шири сина (аз донорҳо)-ро ҳам медиҳад. Дар М. ш. омезаҳоро аз рӯи нусха (ретсепт)-и духтури кӯдакон (педиатр) тайёр …

Муфассал »

МАХАВ

mahav

МАХАВ (Lepra), ҷузом, лепра, бемории сироятии одам. М. яке аз қадимтарин бемориҳои инсонист. Роҷеъ ба он дар дастнависҳои таърихӣ, аз ҷумла «Веда»-и ҳиндиҳо (а. 15 – 10 то м.) бо номи «Кушта», дар папируси Эберс ва Брунгш (а. 13 – 10 то м.) бо номи «Сараат», китобҳои қадимаи чиниҳо (а. …

Муфассал »

МАХАОН

nophoto

МАХАОН (Machaon), дар асотири Юнони Қадим яке аз табибони машҳур. М. писари худои тиббу табобат Асклепий ва Эпиона, набераи Аполлон (чун худои шифобахш, пешгӯйӣ, хирад ва ҳомии санъат шӯҳрати беандоза дошт) ва бародарони Гигиея, Панакея ва Подалирия буд. Муҳаққиқон М.-ро чун ҷарроҳ ба қалам додаанд. Бино бар ривоятҳо М. дар …

Муфассал »

«МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ»

madanu-shifo

«МАХЗАНУ-Л-АДВИЯ» («Хазинаи давоҳо»), китобест дар боби тиб. Муаллифаш Муҳаммад Ҳусейн ибни Муҳаммади Оқилӣ. Асар с. 1776 ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, дар бораи давоҳое, ки то нимаи дуюми а. 18 вуҷуд доштанд, маълумот медиҳад. Китоб аз 3 қисм иборат аст. Дар қисми 1-ум муаллиф дар бораи 3 намуди давоҳо (маъданӣ, …

Муфассал »